Сардухтури “қаҳрамон”-и барканоршудаи вилояти Суғдро баргардониданд

Ба Собирҷон Собиров, сардухтури пешини беморхонаи марказии вилояти Суғд, ки дар давраи сару садоҳои коронавирус розӣ нашуда буд пеш аз омадани намояндаҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт беморони илтиҳоби шушро рухсат кунад, мансаби нав додаанд. Собирҷон Собиров сардухтури Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои  вилояти Суғд таъин гардидааст. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати вилоят хабар […]

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Ба Собирҷон Собиров, сардухтури пешини беморхонаи марказии вилояти Суғд, ки дар давраи сару садоҳои коронавирус розӣ нашуда буд пеш аз омадани намояндаҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт беморони илтиҳоби шушро рухсат кунад, мансаби нав додаанд.

Собирҷон Собиров сардухтури Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои  вилояти Суғд таъин гардидааст. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати вилоят хабар дод. 

Ин беморхона тозабунёд буда, гуфта мешавад, бо маблағи 6 миллион сомонӣ моҳи сентябри соли равон бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба баҳрабардорӣ супурда шудааст. Бемористон дорои 200 кати табобатӣ мебошад, ки дар ин ҷо бо истифода аз таҷҳизоти муосир имкон дорад, 40 намуди ҷарроҳӣ гузаронида шавад.

Исми Собирҷон Собиров замоне расонаӣ гардид, ки моҳи  майи соли равон ҳангоми боздиди эҳтимолии намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз беморхонаи  мазкур,  аз вазифа барканор шуд  ва ин боиси ба вуҷуд омадани ҳар гуна сару садоҳо гардид.   Собирҷон Собиров рӯзи 4-уми май дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфта буд,  бо хоҳиши худ ариза навишту аз кор рафт.

"Барои хидмат ба мардум дар ҳама ҷо ва дар ҳар замон омода ҳастам", – гуфта буд ӯ, вале ҷузъиёти аз вазифа рафтанашро ошкор накарда буд.

Аммо он замон ҳамкорону ҳамскабонаш  бидуни бурдани номашон  ба расонаҳо  гуфта буданд, ки сабаби барканории Собиров ин рад кардани дастури мақомот буд. Ба ӯ гуфтанд, ки  пеш аз боздиди эҳтимолии намояндагони СҶБ (ВОЗ) аз ин беморхона,  маризонро ба хонаҳояшон ҷавоб  диҳад, вале ӯ рад карда буд.

Бояд гуфт, ки беморхонаи  вилоятии Суғд, охири моҳи апрел ба бемористони  махсус барои муолиҷаи беморони  гирифтори  илтиҳоби шуш/пневмония табдил ёфт.

Собирҷон Собиров   дар гузашта дар вазифаҳои сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва сардухтури беморхонаи вилоятӣ кор кардааст.  Ҳамкорону ҳамкасбонаш аз ӯ ба сифати як кадри соҳбтаҷриба,  роҳбари кордону муваффақ ва саховатманд  ном мебаранд.

Замоне, ки Собиров ба дастури мақомот посухи рад дода буд, ба як қаҳрамони корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфта буд.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.