Миннатпазирии Эмомалӣ Раҳмон аз Шавкат Мирзиёев барои дастгирӣ дар давраи пандемия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 30 декабр бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ҳамдигарро бо Соли нав самимона табрик намуда, зимни таманниёти неки хеш ба мардумони тоҷику ӯзбек бурдборӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу карданд. “Сарфи назар […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 30 декабр бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ҳамдигарро бо Соли нав самимона табрик намуда, зимни таманниёти неки хеш ба мардумони тоҷику ӯзбек бурдборӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.

“Сарфи назар аз мушкилоти воқеии соли равон, ҷонибҳо тавонистанд аксари тавофуқоти қаблан бадастомадаро амалӣ гардонанд ва ба ин раванд аз бисёр ҷиҳат ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ мусоидат намуд”, – изҳор дошт зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.

Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки коргоҳи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон «Артел Авесто Электроникс», ҳамчунин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз ҷониби бародарони ӯзбек дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон сохта шудааст, расман мавриди истифода қарор гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории зичи тарафҳоро дар шароити паҳншавии пандемияи КОВИД-19 махсусан таъкид намуда, дар ин робита ба иқдомҳои башардӯстонаи Ӯзбекистон нисбат ба кишвари мо ҳамчун шакли олии ифодаи анъанаҳои неки ҳамсоягӣ ва дастгирии ҳамдигар, ки таърихан хосси муносибатҳои ду халқ мебошанд, баҳои баланд дод.

Дар охир ҷонибҳо ҳавасмандии худро дар бобати таҳким бахшидани ҳамаи самтҳои ҳамкориҳои дарозмуддату бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи шарикии стратегӣ иброз намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.