Парлумон корхонаи аз ҷониби президент бозшударо аз пардохти андоз озод кард

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз якдилона ва бидуни баррасӣ созишномаи ҳанӯз моҳи март имзошударо байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва ширкати “Ғаюр” дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ тасдиқ кард. Зимни суханронӣ доир ба ин масъала назди вакилон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода хабар дод, ки […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз якдилона ва бидуни баррасӣ созишномаи ҳанӯз моҳи март имзошударо байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва ширкати “Ғаюр” дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала назди вакилон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода хабар дод, ки барои ин корхона аз ширкати «Старлингер анд Ко джиэмбиэйч»-и Олмону Австрия ба маблағи 100 млн сомонӣ таҷҳизот харидорӣ шудааст, ки айни замон дар Осиёи Марказӣ собиқа надорад.

Тавре қаблан хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ дода буд, корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении “Ғаюр-Пак” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов бунёд шудааст.

Корхона  имконият дорад, ки дар як сол 50 млн дона халтаи полипропиленӣ истеҳсол карда, бо сифати баланд пешниҳоди харидорон намояд.

Халтаҳои истеҳсолнамудаи ширкат яккарата буда, истифодаи онҳо ҳам барои муҳит безарар ва ҳам барои истифодабарӣ қулай аст. Дар он 140 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Саъдӣ Қодирзода ҳамчунин қайд кард, ки Корхонаи “Ғаюр-Пак” дар навбати худ ният дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои корхона дар Душанбе ва Хатлон 4 мактаб ва кӯдакистон бунёд кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.