Манъи кор дар суду прокуратура ва гумруку зиддифасод барои касони хизмати ҳарбӣ адонакарда

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйиротҳои аз ҷониби президент пешниҳодшударо ба як қатор қонунҳо маъқул донистанд. Ба ин тариқ, мувофиқи тағйироти қабулшуда, минбаъд барои касоне, ки дар сафи артиш хизмати ҳарбӣ адо накардаанд, кор дар мақомоти суду прокуратура, хадамоти гумрук ва зиидифасод, инчунин Хадамоти иҷрои назди ҳукумати ҷумҳурӣ манъ мешавад. Пешниҳоди ба кор қабул […]

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйиротҳои аз ҷониби президент пешниҳодшударо ба як қатор қонунҳо маъқул донистанд.

Ба ин тариқ, мувофиқи тағйироти қабулшуда, минбаъд барои касоне, ки дар сафи артиш хизмати ҳарбӣ адо накардаанд, кор дар мақомоти суду прокуратура, хадамоти гумрук ва зиидифасод, инчунин Хадамоти иҷрои назди ҳукумати ҷумҳурӣ манъ мешавад.

Пешниҳоди ба кор қабул накардани кормандони нав, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанд, аз ҷониби президент ироа шуд.

Тағйироти қабулшуда ба кормандони феълии мақомоти дар боло зикршуда, инчунин занон ва шаҳрвандоне, ки тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ аз хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ озоданд, дахл надорад.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз ба таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” мувофиқат кард. Лоиҳаи қонуни зикршуда дар таҳрири навро ҳукумат барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони саводнок ба сафи артиши кишвар таҳия шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...