Раиси Суди олӣ шарҳ дод, ки барои ВАО чӣ гуна маълумот дастнорас боқӣ мемонад

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ҷонибдорӣ намуданд. Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон доир ба ин масъала раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён изҳор намуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади шаффофу ошкоро баргузор намудани мурофиаҳои судӣ, кафолати муҳокимаи […]

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ҷонибдорӣ намуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон доир ба ин масъала раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён изҳор намуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади шаффофу ошкоро баргузор намудани мурофиаҳои судӣ, кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ, густариши робитаҳои мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма, ҷоннок кардани фаъолияти сомонаҳои судӣ, қабули санадҳои қонуниву асоснок, таҳкими боварии шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ ва фароҳам овардани шароит барои дастрасии ҷомеа ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо таҳия гаштааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳаи қонун, аз ҷумла тарзу усули пешниҳоди маълумот аз ҷониби судҳо ба ВАО ва уҳдадориии тарафҳо (судҳо ва ВАО) зимни нашри иттилоот ва ғайра пешбинӣ шудааст.

“Меъёрҳои лоиҳаи қонун инчунин усули иштироки намояндагони ВАО дар мурофиаҳои судӣ ва дастрасӣ ба маълумотро аз бойгонии судҳо муайян мекунад”, – иброз дошт Шоҳиён.

Ӯ зикр кард, ки мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, рӯзноманигорон метавонанд дар мурофиаҳои кушоди судӣ иштирок кунанд.

Маълумоти дорои сирри давлатӣ, сирҳои тиҷоративу оилавӣ ва шахсӣ, инчуин маълумот дар бораи шаъну эътибори шахс барои ВАО пӯшида боқӣ мемонанд.

Тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ, дар ҳамаи судҳои ҷумҳурӣ, намояндагони расмиии судҳо таъин хоҳанд шуд, ки онҳоро ба кор бо ВАО уҳдадор мекунанд.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур инчунин ҷонноку тақвият бахшидан ба фаъолияти сомонаҳои расмии судҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Дар лоиҳаи қонун ба судяҳо ҳуқуқ дода шудааст, ки ба дархостҳои берун аз салоҳияти ВАО посух нагӯянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.