Сафари серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари кории серӯза ба вилояти Суғд меравад. Дар соли ҷорӣ ин нахустин сафари раисҷумҳур ба шимолии Тоҷикистон аст, ки аз 8-ум то 10-уми феврал идома меёбад. Аз ҳукумати вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва […]

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари кории серӯза ба вилояти Суғд меравад. Дар соли ҷорӣ ин нахустин сафари раисҷумҳур ба шимолии Тоҷикистон аст, ки аз 8-ум то 10-уми феврал идома меёбад.

Аз ҳукумати вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Бобоҷон Ғафуров боздид мекунад.

Зимни ин сафар раисҷумҳур дар маросими кушодашавии чанд корхонаи саноатӣ, бинои кӯдакистону макатаби миёна, бинои истиқоматӣ, мағозаву боғи фарҳангӣ-фароғатӣ иштирок мекунад.

“Дар доираи ин сафар корхонаҳои истеҳсоли метал, ширешбарорӣ, зарфҳои пластикӣ, заргарӣ ва баистифода диҳии дигар корхонаҳо дар назар аст. Дар шаҳри Гулистон Боғи фарҳангӣ-фароғатии Темурмалик, бинои нави кӯдакистон, мактаби таҳсилоти иловагӣ ва бинои ҲХДТ ба истифода дода мешавад”- гуфт, манбаъ аз ҳукумати Суғд

Дар шаҳри Хуҷанд дар назар аст, мағозаи “Амид” дар паҳлӯи собиқ корхонаи “Абрешим” ба истифода дода шавад, ки аз калонтарин мағоза дар маркази маъмурии Суғд маҳсуб меёбад. Инчунин дар назди ин мағоза намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсоливу саноатии шимолии Тоҷикистон дар назар аст. Ҳамзамон гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд як бинои баландошёнаи истиқоматиро ба истифода дода дар ҷашни аҷдоди “Сада”, ки дар назди Варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият” доир мегардад ширкат меварзад.

Ҳамасола пеш аз сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд БДА аз баста шудани роҳҳо дар соатҳои муайян эълон пахш мекард. Вале бино мушоҳидаҳо ва ба гуфтаи расонаҳои маҳаллии Хуҷанд айни замон чунин эълон аз суйи ин ниҳод дода нашудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.