Идораи роҳсозии Суғд: роҳҳои баҳсноки наздимарзӣ бо Қирғизистонро таъмир карда наметавонем

Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард дар вилояти Суғд роҳҳои мошингардеро номбар кард, ки дар марз бо Қирғизистон ҷойгир аст ва ин ниҳод наметавонанд онҳоро таъмири асосӣ кунад. Ин роҳҳо дар ҷамоатҳои марзии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ ҳастанд, ки ба гуфтаи мақомот ба далели ҷой доштани баҳси мавзеъҳои ҳаммарз бо кишвари ҳамсоя, ҳоло ҳама гуна корҳои […]

Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард дар вилояти Суғд роҳҳои мошингардеро номбар кард, ки дар марз бо Қирғизистон ҷойгир аст ва ин ниҳод наметавонанд онҳоро таъмири асосӣ кунад. Ин роҳҳо дар ҷамоатҳои марзии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ ҳастанд, ки ба гуфтаи мақомот ба далели ҷой доштани баҳси мавзеъҳои ҳаммарз бо кишвари ҳамсоя, ҳоло ҳама гуна корҳои сохтмонӣ дар он боздошта шудааст.

Мирзоалӣ Мансуров, сармуҳандиси Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Суғд зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳоло қисме аз 43 километр роҳи Исфара-Ворух, зиёда аз 13 километр роҳи Ғафуров-Овчиқалъача ва бештар аз 50 километр роҳи Хуҷанд-Конибодом (аз қисмати Кучкар то ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) дар марз бо Қирғизистон ҷойгир аст ва бинобар мавҷуд будани баҳси замин ё наздимарзӣ будан наметавонанд онро аз таъмири асосӣ бароранд.

“Дар ин роҳҳо то анҷоми бақайдгирии заминҳои сарҳадӣ ҳама гуна корҳои сохтмонӣ боздошта шудааст. Ҳоло дар ин масъала комиссияи байниҳукуматӣ корбарӣ карда истодааст ва ҳангоми ҳал шудани масъалаҳо таъмиру сохтмони ин роҳҳо оғоз мешавад. Монеа фақат барои таъмири асосӣ аст, дар мавриди таъмири ҷорӣ ва рафтуомади нақлиёту мусофирон мушкиле ҷой надорад”,- гуфт ин масъули роҳҳои вилоят.

Аммо Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон  рӯзи 17-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, омодаанд ба сохтмони роҳи Хоҷаи Аъло-Ворух шурӯъ кунанд. Ин ҷо гап дар бораи сохтмони роҳе меравад, ки ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон 1-уми майи соли гузашта ба тавофуқ расида буданд, ки роҳи Хоҷаи Аъло-Ворухро якҷоя месозанд. Аммо бо гузашти даҳ моҳ аз ин созиш, бунёди ин тарҳ ба таъхир афтодааст ва ҳанӯз мақоми ҳуқуқии ин роҳ мушаххас нест..

"Мо омодаем, ки ҳар лаҳза аз ҷониби комиссияи байниҳукуматӣ ишора шуд ба гузаронидани корҳои топографӣ ва сохтмонӣ шурӯъ кунем",-афзуд, Азим Иброҳим.

Бино ба гуфти вазири нақлиёт дар музокироти ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар намояндагони ин вазорат ширкат доштанд ва дар мавриди бунёди ин роҳ тавофуқ ҳосил шуда буд. Вале баъдан ин корҳо ба таъхир афтоданд. Пас аз он ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки то анҷоми корҳои таъину аломатгузории марз, барои ҳаракати озоди нақлиёт роҳи мошингарди Хоҷаи Аъло-Ворухро, ки аз самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчигай) мегузарад якҷоя созанд. Нигоҳубини ин роҳро тибқи протоколи имзошуда ҷониби Тоҷикистон ба дӯш гирифтааст.

Идораи роҳсозии вилояти Суғд, мегӯяд дар сурати дарёфти иҷоза ба анҷоми корҳои таъмири асосӣ дар роҳҳои мавҷудаи “баҳсӣ” ва наздимарзӣ шурӯъ мекунад. Ҳарҷанд мақомот мегӯяд, ин роҳҳоро давоми чанд муддат аз таъмири ҷорӣ мебаронанд, вале боз роҳ вайронаро мемонад ва ниёз ба таъмири асосӣ дорад.

Ба гуфтаи Мирзоалӣ Мансуров, сармуҳандиси Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Суғд дар мавриди таъмири роҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон ягон мушкиле нест ва ҳоло корҳои таъмири тибқи нақша дар роҳи наздисарҳадии “Бекобод-Зафаробод” идома дорад.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида соли 2022 дар вилояти Суғд таъмиру тармими 2021,1 километр роҳҳо дар назар аст. Аз он 223 километр таъмири асосӣ, 956,1 километр таъмири ҷорӣ ва 842 километр роҳҳо шағалпӯш карда мешавад. Барои анҷоми ин корҳо мақомот аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар маҷмӯъ 113 миллиону 109 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.