Рустами Эмомалӣ ба Туркманистон рафт

Растами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон барои анҷоми сафари корӣ ба Туркманистон рафтааст. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод шаҳрдори Душанберо муовини Раиси Халқ Маслиҳати Миллӣ Генгеши Туркманистон, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва намояндагони расмии ин кишвар истиқбол гирифтанд. – Зимни сафари […]

Растами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон барои анҷоми сафари корӣ ба Туркманистон рафтааст. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод шаҳрдори Душанберо муовини Раиси Халқ Маслиҳати Миллӣ Генгеши Туркманистон, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва намояндагони расмии ин кишвар истиқбол гирифтанд.

– Зимни сафари расмӣ дар Туркманистон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд, -навиштааст шаҳрдории Душанбе.

Бояд гуфт, ки давоми ду соли охир Рустамӣ Эмомалӣ ба ҳайси раиси Маҷлиси миллӣ ва шарҳдори Душанбе ба як қатор кишварҳои дигар низ сафари корӣ анҷом дода буд.  Аз ҷумла моҳи марти соли равон, Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ Озарбойҷон рафта буд.

Ёдовар мешвем, ки нимаи дуввуми моҳи марти соли равон Сардор Бердимуҳаммадов, писари 40-солаи раисҷумҳури пешини ин кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар интихоботи президентии пеш аз муҳлати ин кишвар бо касби 72,97 дарсади овозҳо раисҷумҳури ин кишвар эълон шуд.

Сардор дар Осиёи Марказӣ нахустин нафаре шуд, ки қудрати сиёсиро аз падараш ба мерос бурд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.