Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон баргузор мешавад

Мулоқоти навбатии чоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон баргузор мешавад. Дар ин хусус чанде пеш сарони кишварҳои Қирғизистон Садир Жапаров ва Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев тариқи телефон гуфтугӯ карданд. Баргузории нишасти навбатии сарони кишварҳои минтақа рӯзи 21 июл дар шаҳри Чолпон-Ато ба нақша гирифта шудааст. Қобили зикр аст, ки тайи чанд рӯзи ахир […]

Мулоқоти навбатии чоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон баргузор мешавад. Дар ин хусус чанде пеш сарони кишварҳои Қирғизистон Садир Жапаров ва Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев тариқи телефон гуфтугӯ карданд.

Баргузории нишасти навбатии сарони кишварҳои минтақа рӯзи 21 июл дар шаҳри Чолпон-Ато ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки тайи чанд рӯзи ахир сарони кишварҳои минтақа бо ҳамдигар тариқи телефон гуфтугӯ намуда, ба масъалаи омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Аз ҷумла рӯзи 30 июн ин масъала дар гуфтугӯи телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президети Қирғизистон – Садир Жапаров мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин сӯҳбат бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон сурат гирифт.

Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (расман – Мулоқоти машваратии сарони кишварҳо) – вохӯрии ҳамасолаи сарони кишвари минтақа – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошад.

Ташаббуси баргузории вохӯриҳои машваратӣ аз ҷониби Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2017 дар иҷлосияи 72-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк пешниҳод гардида буд.

Маъмулан нишаст бонавбат дар яке аз ин панҷ кишварҳо доир мегардад. Нишасти аввал баҳори соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон, вохӯрии дуюм – тирамоҳи соли 2019 дар Тошканд доир гардида, мулоқоти сеюм соли 2020 бояд дар Бишкек баргузор мешуд, лекин бар асари пандемияи коронавирус ба таъхир афтод.

Мулоқот моҳи августи соли 2021 дар шаҳри Аваз (Туркманистон) доир гардид. Вохӯрии навбатӣ тибқи нақша бояд дар Душанбе баргузор мешуд.

Дар ин вохӯриҳо ҷанбаҳои калидии рушди ҳамкориҳои мутақобилаи сиёсиву тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни кишварҳо, таъмини амнияти минтақавӣ ва масоили мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.