Аз истирдоди ҷинояткорон то бозпас додани маҳкумшудагон. Мулоқоти додситонҳои кулли Тоҷикистону Эрон

Дирӯз, 8-уми июн, Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон ба Тоҷикистон омада, бо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд мулоқот кардааст. Ҷонибҳо аз тақвияти ҳамкорӣ, истирдоди ҷинояткорон ва бозпас додани маҳкумшудагон ва вазъ дар Афғонистон гуфтугӯ кардаанд. Ба иттилои хабаргузории эронии “ИРНА”, Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ бо даъвати Юсуф Раҳмон ба […]

Дирӯз, 8-уми июн, Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон ба Тоҷикистон омада, бо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд мулоқот кардааст. Ҷонибҳо аз тақвияти ҳамкорӣ, истирдоди ҷинояткорон ва бозпас додани маҳкумшудагон ва вазъ дар Афғонистон гуфтугӯ кардаанд.

Ба иттилои хабаргузории эронии “ИРНА”, Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ бо даъвати Юсуф Раҳмон ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

“Ин сафар дар чаҳорчӯби тавсеаи ҳамкориҳои додгоҳӣ, пайгирии ёддошти тафоҳум ва дар посух ба сафари Додситони кулли Тоҷикистон ба Эрон сурат гирифтааст”, – менависад “ИРНА”.

Бояд гуфт, ки Додситони кулли Тоҷикистон 7-уми феврали соли 2022 дар раъси ҳайати ҳамроҳ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта, бо Додситони кулли ин кишвар мулоқот карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дирӯз Юсуф Раҳмон бо Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ мулоқот карда, “масъалаҳои ҳамкории мақомоти ду кишвар дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон ва бозпас додани маҳкумшудагон”-ро баррасӣ кардаанд.

“Инчунин, бо назардошти вазъ дар Афғонистон ба роҳ мондани таҷрибаи пурсамари мубодилаи маълумоти фаврӣ дар самти муқовимати бевосита ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ муҳокима гардиданд”, – менависад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Пас аз мулоқоту музокирот бо додситони кулли Тоҷикистон Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ ба шаҳри Хуҷанд сафар карда, бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот намуд.

“Зимни суҳбати самимӣ​ ҷонибҳо перомуни густариши робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд”, – омадааст дар хабари Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.