“Аз авҷи низоъ худдорӣ кунед”. Маскав Душанбеву Бишкекро ба хештандорӣ даъват кард

Маскав ҷараёни вазъро дар робита ба авҷ гирифтани баҳси лафзӣ миёни Бишкек ва Душанбе дар мавриди ихтилофоти мавҷуда дар масъалаи таъйину аломатгузорӣ дар сарҳад мӯшикофона пайгирӣ мекунад. Дар ин бора дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Русия сухан меравад. Дар изҳорот зикр мешавад, ки Русия ихтилоф ва баҳсҳо миёни кишварҳои узви СААД-ро ба хотири таъмини субот […]

Маскав ҷараёни вазъро дар робита ба авҷ гирифтани баҳси лафзӣ миёни Бишкек ва Душанбе дар мавриди ихтилофоти мавҷуда дар масъалаи таъйину аломатгузорӣ дар сарҳад мӯшикофона пайгирӣ мекунад. Дар ин бора дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Русия сухан меравад.

Дар изҳорот зикр мешавад, ки Русия ихтилоф ва баҳсҳо миёни кишварҳои узви СААД-ро ба хотири таъмини субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ғайри қобили қабул медонад.

“Ҷониби Русия бар ин назар аст, ки ҳама зиддиятҳои мавҷуда бояд дар чаҳорчӯби комиссияи мавҷудаи байниҳукуматии дуҷониба танҳо бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд”, – омадааст дар сомонаи ВКХ Русия.

Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, ки Русия омодагии худро барои ҳама гуна кумак бо дарназардошти тавофуқҳое, ки дар мулоқоти сарони давлатҳои Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 13 октябри соли 2022 дар Остона ҳосил шуда буд, изҳор медорад.

“Дар хотир бояд дошт, ки низоъҳои мусаллаҳона дар фазои пасошӯравӣ, пеш аз ҳама, барои амалисозии ҳадафҳои худхоҳонаи “Ғарби дастаҷамъӣ” лозим аст, ки ба манфиатҳои воқеии кишварҳои Осиёи Марказӣ рабте надоранд”, – зикр мешавад дар изҳорот.

Дар фарҷоми изҳорот Маскав ҷонибҳоро даъват мекунад, ки “аз изҳороти тунд ва иқдомоти бемулоҳиза, ки метавонад натоиҷи мусбати ахири ҳосилшударо дар раванди музокирот оид ба таъйин ва аломатгуззории марзи Қирғизистону Тоҷикистонро ба нестӣ барад, худдорӣ кунанд”.

Ин изҳороти ВКХ-и Русия пас аз суханҳои чанде пеш оид ба “пайдо шудани ҳуҷҷатҳои нав”иброздоштаи Камчибек Ташиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон интишор мешавад.

Камчибек Ташиев  15-уми сентябр зимни ифтитоҳи биное дар вилояти Ботканд, ба расонаҳои Қирғизистон гуфт, “ба наздикӣ санадҳои нав пайдо шуданд ва тибқи он муайян шудааст, ки заминҳои зиёди қирғизҳо ба Тоҷикистон гузаштаанд”.

“Қаблан Тоҷикистон ба мо даъвои ҳудудӣ дошт. Ҳоло онҳо набояд вуҷуд дошта бошанд. Ба наздикӣ санадҳои нав пайдо шуданд, ки тибқи он муайян шудааст, ки заминҳои зиёди қирғизҳо ба Тоҷикистон гузаштаанд. Мо метавонем инро бо асноди ҳуқуқиву таърихӣ собит кунем. Ва агар Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудии худ бар зидди мо даст накашад, мо ба таври қонунӣ даъвои ҳудудиро ба онҳо пешниҳод хоҳем кард. Мо барои баргардонидани заминҳои таърихиамон, ки қаблан ба Тоҷикистон дода шуда буданд, нерӯ ва имкони кофӣ дорем”, – гуфтааст Ташиев.

Бояд зикр кард, ки ин изҳороти Қамчибек Ташиев ҳамагӣ як рӯз баъд аз сафари Садир Жапаров, Президенти Қирғизистон ба Душанбе ва мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон садо медиҳад. Дар Душанбе сарони ду кишвар оид ба “риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек” гуфтугӯ карданд.

Ҳамчунин, ду рӯз пеш ҳайатҳои ду ҷониб дар шаҳри Исфара мулоқот карда, ба хотири қурбониёни даргириҳои марзӣ дуо хонданд ва барои сулҳу субот дар сарҳад фотиҳа дода, ба мардуми ду кишвар саодатмандӣ таманно намуданд.

Дар пайи ин суханҳои раиси КДАМ-и Қирғизистон сафири ин кишвар Эрлан Абдилдаев ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват гардид ва ба ӯ “нигаронии ҷониби Тоҷикистон” расонида шуд.

Дар ВКХ-и Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон гуфтаанд, ки “ин гуна тавзеҳот метавонад ба раванди музокирот оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин эътимоди тарафайн зарари ҷиддӣ расонад”.

Бояд зикр кард, ки изҳороти Ташиев як сол баъд аз оғози муноқишаҳои мусаллаҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва дар рӯзи ёдбуди қурбониён садо дод. Як сол пеш, 14-уми сентябри соли 2022 дар марзи ду кишвар муноқиша оғоз шуд, ки он то 17-уми сентябр идома карда, садҳо қурбонӣ ва захмӣ дар пай гузошт.

Сабаби оғози аксари муноқишаҳо номуайянии марз миёни ду кишвар аст. Дарозии марзи ду кишвар ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир беш аз се ду ҳиссаи хатти марзӣ аз ҷониби давлатҳо муайян ва эътирофи мутақобила шуда, қитъаҳои боқимонда – беш аз 400 километр баҳсбарангез дониста мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Тоҷикистон борҳо изҳор доштааст, ки Қирғизистон бахше аз замини тоҷиконро тасарруф кардааст.

“Дар асоси бархӯрди якҷониба ва ғаразнок аз солҳои 50-уми асри гузашта Қирғизистон беш аз 2 ҳазору 110 километри мураббаъро, ки қонунан ба Тоҷикистон тааллуқ дорад, худсарона тасарруф кардааст, аммо ҳамсояҳои мо инро зикр накардаанд”, – гуфта буд вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, 24 сентябри соли 2022, ҳангоми суханронӣ дар СММ.

Зикр кардан ба маврид аст, ки аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзбандӣ идома доранд.

Ҳалли ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.