Сергей Лавров: “Аз раҳбарияти Тоҷикистон миннатдорем”

Зимни суханронӣ дар маросими рӯнамоии Ҷамъияти дӯстӣ бо Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Русия аз кумаки фаврии Тоҷикистон дар тафтиши ҳолатҳои амали террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл" миннатдор аст. Дар ин бора нашрияи “Известия” хабар медиҳад. "Ҳамлаи даҳшатноки ахири террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл" дар вилояти Маскав, тибқи нақшаи дастандаркорони […]

Зимни суханронӣ дар маросими рӯнамоии Ҷамъияти дӯстӣ бо Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Русия аз кумаки фаврии Тоҷикистон дар тафтиши ҳолатҳои амали террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл" миннатдор аст. Дар ин бора нашрияи “Известия” хабар медиҳад.

"Ҳамлаи даҳшатноки ахири террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл" дар вилояти Маскав, тибқи нақшаи дастандаркорони он, бояд дар ҷомеаи Русия ихтилофу ҷудоӣ ва эҳсоси нобоварии байни халқҳоро ба бор меовард. Аммо мусибат одамони миллатҳои гуногунро ба ҳам овард.

Ба роҳбарияти Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ҳамдардӣ дар ин лаҳзаи душвор миннатпазирем. Ба кумаки фаврӣ дар тафтиши ҳолатҳои фоҷиа арзи сипос мекунем”, – зикр мешавад дар сомонаи ВКХ Русия.

Лавров изҳори итминон кард, ки ягона посух ба ин ҳодиса бояд рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар "муборизаи оштинопазир бо терроризм ва сарпарастони хориҷии он" бошад.

"Имрӯз вақте ки" Ғарби дастаҷамъӣ" кӯшиш мекунад, ки робитаҳои бисёрсолаи моро халалдор кунад, таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои мо муҳим аст. Бовар дорам, ки Ҷамъияти дӯстӣ бо Тоҷикистон низ дар ин кори наҷиб саҳми муфид хоҳад гузошт", – зикр кард Сергей Лавров.

Ва ин корҳо бояд ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар якҷоягӣ бо иттифоқчиён дар доираи СААД, ИДМ ва СҲШ гузаронида шавад.

Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як рӯз пас аз амали террористӣ бо президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дода, кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмаи "Крокус Сити Ҳолл" қатъиян маҳкум кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.

Ҷонибҳо ҳамчунин, нияти худро ҷиҳати идомаи ҳамкории зич дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва зуҳуроти тундгароии динӣ, ки хатари ҷиддиро ба амният ба бор меоранд, тасдиқ карданд.

Сарони кишварҳо аҳаммияти минбаъд ҳам вусъат бахшидани талошҳои муштарак ҷиҳати тамосҳои доимӣ ва ҳамоҳангсозиҳо миёни идораҳо ва хадамоти марбутаи ҷонибҳоро бо мақсади аксуламали самарабахш ва муборизаи муштарак аллайҳи ин хатарҳо таъкид карданд.

Қаблан президенти Русия Владимир Путин хабар дод, ки тафтиши амали террористӣ дар Крокус Сити Ҳолл” бояд ҳамаи пайвандҳои ҳалқа ва фармоишгарони ниҳоии фоҷеаро муқаррар кунад. Путин таъкид дошт, ки Маскав дар ниҳояти кор то фармоишгарони ниҳоии амали террористӣ хоҳад расид.

Рӯзи 3 апрел котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев изҳор намуд, ки осори ҳамла дар толори консертӣ аз даст доштани хадамоти махсуси Украина дар он гувоҳӣ медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...