Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?

Додгоҳи Эрон ҳукми эъдоми Бобаки Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармояи зиёд дошт ва бо иттиҳоми пулшӯӣ муттаҳам ва боздошт гардида буд, бо ризоияти Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ба 20 соли зиндон тағйир ёфт. Дар пайи ин тағйирот вакили дифои Занҷонӣ вокуниш кард ва гуфт, бо гузашти 10 сол аз зиндони зерҳимояаш, […]

Asia-Plus

Додгоҳи Эрон ҳукми эъдоми Бобаки Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармояи зиёд дошт ва бо иттиҳоми пулшӯӣ муттаҳам ва боздошт гардида буд, бо ризоияти Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ба 20 соли зиндон тағйир ёфт. Дар пайи ин тағйирот вакили дифои Занҷонӣ вокуниш кард ва гуфт, бо гузашти 10 сол аз зиндони зерҳимояаш, “муҳлати зиндони ӯ ба охир расид”.

 

Тағйири ҳукми қатл ба 20 соли зиндон ва вокуниш бар он

Ба иттилои хабаргузории ВВС, Асғар Ҷаҳонгир, сухангӯи додгоҳи Эрон дар нишасти матбуотӣ бо ишора ба “ҳамкорӣ”-и Занҷонӣ дар замони зиндонаш гуфт, пас аз ба Эрон, “баргардонидани дороӣ ва пардохти қарзҳо”, дархости ӯ барои афв ба додгоҳи вилояти Теҳрон пешниҳод шуд.

“Бо тасвиби раиси қувваи қазоӣ (Алии Хоманаӣ дар назар аст) ва созишнома ҳукми эъдоми Занҷонӣ лағв шуд ва ба 20 соли зиндон тағйир ёфт”, – гуфтааст Асғар Ҷаҳонгир.

Расул Кӯҳпоя, вакили дифои Бобаки Занҷонӣ гуфт, бо назардошти он ки зерҳимояаш беш аз 10 сол дар зиндон аст, тибқи қонуну муқаррарот ӯ “имкони аз озодии шартӣ истифода бурданро дорад ва мӯҳлати зиндонаш тамом шудааст”.

Дар авоили моҳи март қувваи қазоияи Эрон аз баргардонидани дороиҳои Бобаки Занҷонӣ ба Эрон хабар дод ва раиси Бонки марказӣ низ эълом дошт, ки ҳамаи ин дороиҳои арзии хориҷӣ ба хазинаи Бонки марказӣ интиқол дода шудаанд.

Қувваи қазоӣ гуфта буд, ки дороии умумии ин тоҷир ва миллиардери эронӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҳатто бо шумули таваррум, аз қарзҳояш бештар аст.

Бояд гуфт, ки Бобаки Занҷонӣ 31-уми декабри соли 2013 дар Эрон бо гумони ҷиноятҳои иқтисодӣ ва пулшӯӣ боздошт шуда буд.

Ӯ дар тасарруфи 2 миллиарду 60 миллион еврои мутааллиқ ба Вазорати нафти Эрон муттаҳам мешавад.

Амир Аббос Султонӣ, як узви кумитаи бозрасии парвандаи Бобаки Занҷонӣ, соли 2015 дар мусоҳиба бо хабаргузории эронии Namehnews.ir гуфт, Занҷонӣ дар порлумони Эрон санадеро пешниҳод карда ва иддао намуд, ки аз фурӯши нафт аз тариқи Бонки миллии Тоҷикистон ба Бонки марказии Эрон маблағ интиқол додааст.

 

“Бонки миллии Тоҷикистон ба ин маблағҳо рабте надорад”

Қаблан раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон борҳо иддаои алоқамандӣ дар ин қазияро рад кардаанд.

“Маблағҳои мавриди назар (2 миллиарду 60 миллион евро –  АП) ба маротиб бештар аз буҷаи Тоҷикистон ҳастанд”, – моҳи январи соли 2015 гуфта буд раиси вақти Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов.

Ӯ афзуд, “факти интиқоли чунин маблағро пинҳон кардан душвор аст, агар он воқеан сурат гирифта бошад. Мо на як бору ду бор изҳор кардаем ва бори дигар изҳор менамоем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ин маблағҳо рабте надорад”.

Раиси БМТ он замон таъкид кард, ки ин мавзӯъ дар дидор бо раҳбарияти Бонки марказии Эрон матраҳ шудааст.

“Онҳо мутмаин шуданд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба қазияи Бобаки Занҷонӣ рабте надорад”, – афзуд Ширинов.

Ғайр аз ин, соли 2015 Қодир Қосим, ​​раиси вақти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон низ изҳор дошт, “тоҷири эронӣ ҳеҷ гоҳ ба иқтисоди кишвари мо сармоягузорӣ накардааст ва ӯ дар ифтитоҳи терминали Asian Express Terminal дар Душанбе танҳо ба унвони як меҳмони гиромӣ ширкат кардааст”.

Ӯ таъкид кард, “Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон моликият надорад”.

Бобаки Занҷонӣ воқеан дар моҳи марти соли 2013 дар ифтитоҳи “Asian Express Terminal” (автовокзали Душанбе) ширкат кардааст.

Ёдовар мешавем, ки аз Бобаки Занҷонӣ чун яке аз сармоягузорон дар Тоҷикистон ёдоварӣ мешуд. Ба ӯ холдинги “Конт-Групп Тоҷикистон” нисбат дода мешуд, ки ширкатҳои Asian Express Terminal, Kont-Taminot, Kont-Tourist, Asian Express Airline ва Конт-Сохтмонро муттаҳид мекунад. Аммо баъдан холдинги “Kont-group” изҳор дошт, ки Занҷонӣ дар соли 2013-ум 100% саҳмияҳоро ба як шаҳрванди Туркия фурӯхтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.