Дар Тоҷикистон сармоягузорӣ аз Ҷумҳурии Кореяро интизоранд

Байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи “KOSHUMA” (Korean Smart Technology Association)-и Ҷумҳурии Корея рӯзи 18 августи соли равон Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар заминаи Ёддошт ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар иқтисоди ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сохтмон, саноат, энергетика ва технологияҳои […]

Байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи “KOSHUMA” (Korean Smart Technology Association)-и Ҷумҳурии Корея рӯзи 18 августи соли равон Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар заминаи Ёддошт ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар иқтисоди ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сохтмон, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҷалби сармояи кореягӣ дар назар аст.

Қайд мешавад, ки айни замон беш 180 ширкатҳои бонуфузӣ кореягӣ, истеҳсолкунандагони технологияҳои муосир аъзои Ассотсиатсияи мазкур мебошанд.

Гуфта мешавад, ҳайати соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Корея феълан дар Тоҷикистон қарор дошта, бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва ширкатҳои кишвар доир ба ин масъала гуфтушунид мекунанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар дурнамои миёнамуҳлат дар нақша дорад, ки ҳаҷми ҷалби сармояи хориҷиро ба ҷумҳурӣ ба таври назаррас афзун кунад.

Дар Дурнамои аз ҷониби ҳукумат тасдиқшудаи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҶТ барои солҳои 2021-2023 дар ин робита қайд мешавад, ки соли равон ҳукумат аз ҷалби 682 млн доллар, соли 2021 – 774 млн доллар, соли 2022 – 924 млн доллар ва соли 2023 – 1 млрд 69 млн доллар сармоягузории хориҷӣ интизорӣ дорад.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, соли 2019 ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 607,1 млн долларро ташкил дод, ки 345,9 млн доллараш сармоягузориҳои мустақим ва 261,2 млн доллари боқимонда – дигар сармоягузориҳо мебошанд.

Сармоягузори асосӣ ба Тоҷикистон то ҳол Чин боқӣ мемонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.