Путин рӯзи 28 феврал ба Душанбе ташриф меорад

Президенти Русия Владимир Путин санаи 28 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Ёдрас мекунем, ки охири моҳи феврал сафари президенти Русия ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ба ҷуз Турманистон дар назар аст. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, […]

Президенти Русия Владимир Путин санаи 28 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи феврал сафари президенти Русия ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ба ҷуз Турманистон дар назар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, зимни сафари президенти Русия ба Тоҷикистон имзои як қатор созишномаҳои нави ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар назар буда, дар ҷараёни сафари сарвари давлати Русия баимзорасии якчанд созишномаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо чанде аз минтақаҳои бузурги ин кишвар пешбинӣ мешавад.

Ба ҳар ҳол, ба андешаи коршиносон, яке аз масъалаҳои асосии мавриди баррасии гуфтушуниди Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон узвияти имконпазири Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва масъалаи таъмини амният дар минтақа хоҳад буд.

«Шояд ҷониби Русия бори дигар масъалаи иҷораи фурудгоҳи Айнӣ ва Тоҷикистон ҳарчи зудтар интиқол додани техникаи ҳарбӣ бар асоси тавофуқҳои соли 2012-ро матраҳ созанд, – мегӯяд коршиноси тоҷик Нуралӣ Давлат. – Аз эҳтимол дур нест, ки масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё маҳз дар ҳошияи интиқоли техникаи зикршуда ё дигар шартҳои барои Тоҷикистон судманд баррасӣ шавад».

Қобили зикр аст, ки дар мансаби президенти Русия Владимир Путин 8 маротиба – моҳи июли соли 2000, октябри 2001, апрели 2003, октябри 2004, октябри 2007, октябри 2012, сентябри 2014 ва моҳи сентябри соли 2015 ба Тоҷикистон ташриф овардааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.