Вокуниши Рустами Эмомалӣ ба маводи «Азия-Плюс» ва дастури чораҷӯии таъҷилӣ

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба мушкилоти саҳмгузорони яке аз биноҳои истиқоматии сохтмонаш нотамом таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, Рустами Эмомалӣ бо муроҷиатномаи гурӯҳи шаҳрвандон – ҳиссагузорони бунёди манзилҳои ширкатҳои сохтмонии "Муҳаммад 2009" ва "Муҳаммад 2014", ки таҳти унвони "Мо танҳо ба Мири шаҳр умед мебандем"  тавассути нашрияи "Азия Плюс" […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба мушкилоти саҳмгузорони яке аз биноҳои истиқоматии сохтмонаш нотамом таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, Рустами Эмомалӣ бо муроҷиатномаи гурӯҳи шаҳрвандон – ҳиссагузорони бунёди манзилҳои ширкатҳои сохтмонии "Муҳаммад 2009" ва "Муҳаммад 2014", ки таҳти унвони "Мо танҳо ба Мири шаҳр умед мебандем"  тавассути нашрияи "Азия Плюс" ба чоп расида буд, шинос шуд.

Гуфта мешавад, раиси шаҳр ба масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ ҷиҳати мусоидат ва фароҳам овардани шароит ба ташкилотҳои сохтмонӣ дар ҳарчи зудтар ба итмом расондани корҳои бунёдии иншооти нотамоми манзилҳои истиқоматӣ, ҷоннок ва пурзӯр кардани корҳои сохтмонӣ ва ба таври бетаъхир бартараф кардани тамоми камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои қатъӣ додаааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш саҳмгузорони яке аз биноҳои истиқоматии сохтмонаш нотамом дар пойтахт ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки баъди ваъдаҳои чандинсола, баҳсҳои тӯлонии судӣ ва арзу шикоят ба мақомоти гуногун, акнун чунин мешуморанд, ки ба ҷуз Худо, дигар ба онҳо танҳо раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ кумак карда метавонад.

Ин бинои истиқоматии сохтмонаш нотамом дар кӯчаи Шевченко №110/1 (каме дуртар аз бинои Вазорати тандурустӣ) воқеъ буда, роҳбарони ширкатҳои машғул ба бунёди он – «Муҳаммад 2009» ва «Муҳаммад 2014» бародарон Зафар, Нусратулло ва Ҳоким Қурбоновҳо мебошанд, ки қаблан нисбати яке аз онҳо  – Нусратулло бо ҷурми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ӯ ба ҳабс гирифта шуда буд.

Аммо бо гузашти чанд моҳ бо дархости ҷабрдидагон, ки ба зораву ваъдаҳои хешовандони ӯ бовар карда, аризаҳои худро бозпас гирифтанд, Нусратулло раҳо шуда, вале бо вуҷуди ин ҳам, сохтмон ба итмом нарасид.

Қобили зикр аст, ки иҷозатнома барои сохтмони бинои мазкур ҳанӯз соли 2011 дастрас шуда, муҳлати ба истифода додани он – 1 солу 8 моҳ муқаррар шудааст. Аз он замон аллакай 7 сол сипарӣ шуд…

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.