Дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт нимаи дуюми рӯзи 20 сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Нуробод бо иштироки президент Шуъбаи таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии ноҳия, ки бо 25 кат омода гардидааст, мавриди истифода қарор гирифт.
Зимни боздид ба Сарвари давлат иттиллоъ дода шуд, ки иншоот бо тарҳ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо дастгоҳу техникаҳои муосири тиббӣ дар минтақа ягона буда, дар он барои беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст.
Сипас сарвари давлат дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод иштирок кард.
Зикр мешавад, ки бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосири корӣ таъмин мебошад.
Дар ин ноҳия Эмомалӣ Раҳмон инчунин корхонаи парандапарварии "Мурғи Нуробод"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки дар минтақаи Рашт нахустин корхонаи чунин корхона мебошад.
Гуфта мешавад, корхонаи нав барои истеҳсоли тухми аълосифат пешбинӣ гардида, дар он 30 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. Дар оянда "Мурғи Нуробод" имконият дорад, ки дар як рӯз 25 ҳазор дона тухм истеҳсол намуда, дар як сол то 9 миллион тухми мурғро ба фурӯш барорад.
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод, дар Шаҳраки Дарбанд президенти кишвар ба фаъолияти марҳилаи якуми Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия оғози расмӣ бахшид.
Иншооти фарҳангӣ дар масоҳати умумии 12,6 гектар дар ду марҳила бунёд мегардад. Нахуст Сарвари давлат парда аз рӯйи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бардошта, ба фаъолияти ин иншооти фарҳангӣ, ки дар водии Рашт яке аз аввалинҳо шумурда мешавад, оғоз бахшид.
Ҳамчунин Пешвои миллат дар боғи мазкур Нишон ва Парчами давлатиро ифтитоҳ карда, чун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ба сутунпояи онҳо гулчанбар гузоштанд. Қобил ба зикр аст, ки Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр сохта шуда, сутунпояи Парчами миллӣ 50 метрро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Нуробод Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии ноҳия боздид намуд. Зимни боздид аз намоиши дастранҷи мардум ва ҳунармандони чирадасти ноҳияи Нуробод, президенӣ бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.