Ҳушдор аз эҳтимоли авҷи дуюми хуруҷи коронавирус дар Хуҷанд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар Муроҷиатномаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд гуфта мешавад, ахиран табибон аз ҳолатҳои нави сироятёбӣ, бахусус бе ҳеҷ гуна аломатҳои асосии бемории коронавирус нигаронанд.

“Рӯзҳои охир ҳолатҳои нави сироятёбӣ, бахусус бидуни нишонаҳои хос ошкоршавии беморӣ табибонро ба ташвиш овардааст, ки сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кўча баромадан ва масофаро риоя накардан дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ медонанд.

Воқеан ҳам бархе шаҳрвандоне, ки дар аз миёни хонавода ва пайвандонашон бемории сироятии короновирус дарёфт шудааст, бо вуҷуди огоҳии чандкарата ҳамарўза ба кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир шуда, ба саломатии дигар шаҳрвандон низ хатар эҷод намуда истодаанд. Ё худ дар як оила зан ё мард гирифтори бемории короновирус шудааст, дидаву дониста фарзандҳояшонро ба мактаб гусел мекунанд ва ё нафари солим бо бемор дар як хона зиндагӣ намуда, худро дар фосила нигоҳ надошта, нисбати пешниҳодоти духтурони оилавӣ ва мутахасисони соҳаи тиб бепарвогӣ зоҳир намуда истодаанд, ки натиҷа бемор шуда ба афзун гардидани шумораи беморон оварда расонида истодаанд”, – таъкид мешавад дар муроҷиатномаи марказ, ки онро дар Фейсбук роҳбари хадамоти матбуоти мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод бознашр кардааст.

Дар матни муроҷиатнома зикр мегардад, ки:

“Тамоми кормандони соҳаи тиб дар госпиталҳои таъсиснамудаи шаҳр, бо донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирусро бо ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон сиппарӣ намуданд, нагузорем, ки боз давраи вазнини дигари он-авҷи дуюми беморӣ табибибон ва ҳамшираҳои шафқати мо ва худи моро дар ташвиш гузорад.

Моро танҳо лозим меояд, ки ҳангоми гирифторӣ ба ин беморӣ тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ҷиддан риоя намоем. Бахусус ҳангоми сироятёбӣ яке аз узви оила, қоидаҳои беҳдоштӣ ва меъёрҳои иззолиётсиониро риоя намоем. Ба бемор то қадри имкон ҳуҷраи алоҳида, зарфҳои алоҳида, хӯроки алоҳида ва дигар эҳтиёҷоти фардиро муҳайё созем.

Ягон нафар аъзои оила то солим гардидани шахси сироятёфта, бидуни зарурат ба кўча, мактаб, кор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ набояд равад.Хонаи истиқоматиашонро тарк насозанд. Зеро бо ин кирдор авзои сироятёбиро дар шаҳр муташанниҷ мегардонад. Ва мубориза алайҳи он душвортар мешавад”.

Гуфта мешавад, “сокинони шаҳр то ҳанӯз дар тӯю маъракаҳо, ҷойҳои дилхушӣ, бозору мағоза, боғҳои фарҳангӣ, майдончаҳои назди хонаҳои баландошёна бепарвоёна бидуни ниқоб ва фосилагирӣ ҷамъ мешаванд, ки манбаи сироятёбиро пайдо ва ё бемории сироятиро ба хонаводаашон интиқол медиҳанд”.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бори дигар аз  сокинон ва меҳмонони шаҳр даъват ба амал меорад, ки тавсияҳои Вазорати тандурустиро қатъиян риоя намуда, худ ва аҳли оилаашонро аз гирифторӣ ба бемории сироятии короновирус эмин нигоҳ доранд.

Қобили зикр аст, ки то ин дам дар Тоҷикистон 8 ҳазору 346 ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта, шумори фавтидагон аз ин беморӣ дирӯз ба 67 нафар расид. Дар ин давра 7 ҳазору 142 нафар аз ин беморӣ шифо ёфта, беш аз 1 ҳазор нафари сироятёфтагон дар кишвар дар хонаҳояшон муолиҷа мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...