Маркази миллии тестӣ бори чорум ба довталабон имконияти донишҷӯшавиро дод

Марказӣ миллии тестӣ (ММТ) барои довталабоне, ки дар яке аз озмунҳо комёб гардиданд, лекин дар муҳлати муқарраршуда дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир шуда натавонистанд, боз як имконияти дигар дод. Дар ин бора сомонаи ММТ хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, марказ бори чорум бақайдгирии довталабонро аз рӯйи ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён дар онҳо ҷойҳои […]

Маҳина Маҳмудова, махсус барои Asia-Plus

Марказӣ миллии тестӣ (ММТ) барои довталабоне, ки дар яке аз озмунҳо комёб гардиданд, лекин дар муҳлати муқарраршуда дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир шуда натавонистанд, боз як имконияти дигар дод. Дар ин бора сомонаи ММТ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, марказ бори чорум бақайдгирии довталабонро аз рӯйи ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён дар онҳо ҷойҳои холӣ боқӣ мондааст, ба роҳ мемонад.

Бақайдгирии довталабони мазкур аз 4-ум то 7-уми октябр дар дафтари асосии ММТ ва бахшҳои минтақавии он, дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт ба роҳ монда шудааст.

Довталабоне, ки як бор комёб шудаанд, бояд ба ММТ дар ин бора ариза пешниҳод намоянд.

“Иштирок дар тақсимоти навбатӣ супоридани имтиҳонро талаб намекунад, балки он дар асоси балҳои дар имтиҳонҳо бадастовардаи довталабоне, ки дар ин давра аз қайд мегузаранд, ба роҳ монда мешавад”, – таъкид кардааст ММТ.

Манбаъ меафзояд, довталабоне, ки дар имтиҳонҳо иштирок накардаанд, аз ягон озмуни ММТ комёб нагардидаанд, дар ин давра роҳ дода намешаванд.

“Ҳолати дар муассисаи таълимӣ ҳозир шудан ё нашудани довталаби дар яке аз озмунҳо комёбгардида, ки ба марказ ариза додааст, аз рӯйи варақаи рӯйхати тақсимот, ки ин муассисаҳо бо имзоҳои довталабони дар онҳо ҳозиршуда ба марказ пешниҳод кардаанд, санҷида мешавад”, – омадааст дар хабар.

Бояд гуфт, ки соли ҷорӣ тибқи иттилои ММТ, дар даври якум нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар 53 дарсад иҷро шудааст.

Баъди ин, ММТ моҳи август давраи дуюми қабули довталабон ва дар моҳи сентябр давраи комилан нави қабули довталабонро ба роҳ монд. Дар даври сеюми имтиҳонҳои ММТ беш аз 8,7 ҳазор довталабон номнавис шуданд.

Роҳбарият ММТ мегӯяд, сабаби иҷро нашудани нақшаи қабул кам гардидани теъдоди хатмкунандагони мактаби миёна ва зиёд муқаррар шудани нақшаи қабул аст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои аслии иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён, қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мебошад. Ин қонун магистрантҳо ва докторантҳоро аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбӣ маҳрум намуд. Тибқи ин қонун, донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатм мекунанд, низ уҳдадоранд як сол хидмати ҳарбиро адо кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.