Шуҳрат Қудратов, Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров, вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда нисбати раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб як изҳорот интишор намуданд.
Матни изҳороти мазкурро дар зер манзуратон мегардонем:
«Тайи чанд вақт аст, ки мо вакилони дифои Саидов Зайд Шерович мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус директори он Абдуфаттоҳи Ғоиб қарор дорем.
Ин таваҷҷухи мақомоти зикргардида аз оғози фаъолияти мо ба сифати ҳимоятчиёни собиқ Вазири саноатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Зайд Шерович аз моҳи маи соли 2013-ум сарчашма мегирад. Сарвари ин мақомот ҳар изҳорот ва дархосту пешниҳоди моро вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати Саидов З.Ш. дарднок, бо эҳсосоти ба ӯ хос қабул намуда, норозигии худро дар ҳар шакл зоҳир менамояд.
Дар нишасти матбуотии баргузоргашта аз таърихи 04.02.2014 сол Директори Агенти Абдуфаттоҳи Ғоиб боз бо эҳсосоту талоши ба ӯ хос аз зердастонаш, ки ба ин тақаллубкорӣ дар парвандаи ҷиноятии Саидов З.Ш. роҳ дода, аслан ҷиноят содир намудаанд, пуштибонӣ намуда, тамоми каҳру ғазаби беасосашро, ки ба ӯ ҳамчун як шахсӣ олимартабаи давлати зеб надорад, ба сари мо ҳимоятчиён фурӯ рехт. Дар рафти баромади оммавиаш, ки ба воситаи сайтҳои интернетӣ интишор шуда, дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва саҳифахои газетаҳои ҷумҳуриявӣ чоп шуда буданд, А.Ғоиб барқасдона, бо мақсади паст задани шаъну шарафи мо ва обрӯву эътибори кориамон нисбати шахсияти ҳамаи ҳимоятгарони Саидов З.Ш. суханҳои носазо гуфта, бо ин ҳаракатхояш ба шаъну шараф ва эътиборӣ кории мо иснод овардааст.
Аз чумла дар гуфтахояш чунин иборахоро истифода намуда буд:
1. Адвокатҳо аз тафтишот ва суд хоҳиш карда бошем, ки ташхисро худи мо мегузаронем.
2. «Мо аллакай медонистем, ки онҳо маслихатҳои пешакӣ карда истодаанд(дар ин чо А.Ғоиб дар назар дорад бо кормандони лабаратория БИО Папа, ки ташхиси генетикии ДНК-ро дар ш.Маскав гузаронида буданд).
3. «Адвокатхо худашонро дар назди хешу табори Саидов З.Ш. нишон медиханд, ки онҳо кор карда истодаанд. Онҳо мисли каргасҳо, ки ба мурдор дармеафтанд, рафтор доранд ва чӣ хеле ки худи онҳо (яъне адвокатҳо) мегӯянд, дар ин ҳолат даст гарм мекунанд. То ҷое, ки ман маълумот дорам, онҳо 8–9 моҳ аст, ки хӯроки субҳонаашонро дар хонаи Саидов З.Ш. тановул мекунанд».
Пас аз ин суханони А.Ғоиб мо фаҳмидем, ки мақомоте, ки ӯ роҳбарии онро бар дӯш дорад, аз паси мо шабу рӯз назорат мебарад ва телефонҳои моро бар хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои кунунгузорӣ гӯш мекунанд.
Гуфтаҳои А.Ғоибро дар нишасти матбуотӣ аз 04.02.2014 сол нисбати мо ҳамчун тӯҳмат,тахдид ва фишор ҳисоб намуда, дар санаи 17.02.2014 барои ҳимоя намудани шаъну шараф ва эътибори корӣ нисбати Директори Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ғоиб ба додгоҳ муроҷиат намудем. Дар ҳамин рӯз мо ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зери хатар будани мо ва таъмин намудани аманият мо муроҷиат карда будем.
Ин амали мо роҳбари Агентиро ба ғазаб овард. Ҳарчанд то ин вақт мо фишорро нисбати худ эҳсос менамудем, пас аз ин ба телефонҳои мо шахсони номаълум занг зада, моро ва аҳли оилаи моро таҳдид, таҳқир ва тарс дода истодаанд. Аз ҷумла ба рақами телефони Ш.Қудратов аз рақами телефонии 915651308 пайём бо чунин мазмун омадааст: “Гӯш ку ту да серӯз вақт, рафта аризата ай суд гир, набоша капат дуд кадагияй, фикри хдта накнӣ, фикри гӯдакота ку, ки ҳамаша нигаҳ дорем, неки ай ҳад гзаронде, таёрита бӣ, ба қарибӣ пеши хаму зайдт мере “ ирсол карда шудааст. Ин паёмак ҳарф ба ҳарф навишта шудааст.
Ҳамин гуна пайёмакҳо ҳам ба раками телефони ҳимоятчӣ Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров низ равона карда шудаанд.
Айни замон ҳаёт, саломатӣ ва бехатарии мо ва оилаи мо пурра зери хатар қарор дораду ҳамаи ин бевосита бо иҷрои вазифаҳои касбии мо нисбати ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва шаҳрвандии маҳкумшуда Садов Зайд Шерович алоқаманд мебошад. Ҳарчанд тибқи талаботи банди 1 моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаӣ судии ҷиноятӣ”, мо ҳимоятчиён таҳти ин меъёри қонун қарор дошта, нисбати мо бояд чораҳои ҳимояи давлатӣ татбиқ карда шаванд, аммо то имрӯз ба ягон муроҷиати мо на аз тарафи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикисон ва на аз тарафи Раиси Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон чорае дида нашудааст.
Мо боварии комил дорем, ки барои пурра, ҳамаҷониба иҷро намудани фаъолияти касбии худ оид ба ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои аз тарафи қонун ҳимоятшавандаи зерҳимояамон Саидов Зайд Шерович аз тарафи шахсони номаълум таҳти таҳдиду фишор қарор дода шудаем».



