Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 8-уми октябр ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор намуда, муроҷиатнома ба шаҳрвандони кишварро қабул намуд, ки дар он ба худдорӣ варзидан аз иштирок дар гирдиҳамойии рӯзи 10-уми октябр даъват карда мешавад.
Дар муроҷиатнома қайд мешавад, ки имрӯзҳо дар ҷомеъа, шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо дар бораи роҳандозии гирдиҳамоии эътирозӣ аз тарафи баъзе созмонҳо ва афрод овозаҳо ва хабарҳои гуногун паҳн мегардад. «Ин масъала аъзо ва тарафдорони ҲНИТ-ро, ҳамчун як ҳизби сиёсии кившар, ки барои расидан ба сулҳу оштӣ ва суботи ҷомеъа заҳмати зиёд кашидааст, бетараф гузошта наметавонад. Ҳаргуна иқдом, амал ва даъвате, ки ба сулҳу ваҳдат, оромиш ва суботи кишвар зарба мезанад, мухолафат ба қонунгузорӣ дорад, новобаста аз аҳдоф ва нияти баргузоркунандагонаш, мавриди маҳкумият ва инкори ҲНИТ қарор хоҳад гирифт», – омадааст дар муроҷиатнома.
Шӯрои сиёсии ҳизб созмондиҳандагони ин гирдаҳамоиро даъват менамояд, ки аз тасмими худ даст кашида, бо расонаӣ кардани он пеши роҳи ҳамагуна бесуботӣ ва нооромиро бигиранд. «Дар баробари ин мо аз аъзо, ҷонибдорон ва ҳама касоне, ки мавқеъи ҲНИТ-ро эҳтиром мегузоранд даъват менамоем, ки дар ҳеҷгуна чорабиниҳои ғайриқонунӣ ширкат накунанд ва аз ҳолатҳои фитнаангез парҳез намоянд. Ширкат дар чорабиниҳое, ки қонунӣ нестанд ё қонунӣ ҳастанду роҳбарияти ҳизб бо он розӣ нест, мухолафат ба сиёсатҳо ва санадҳои дохилии ҳизб шинохта мешавад ва метавонад боиси ихроҷи чунин аъзо аз сафи ҳизб бигардад», – қайд мешавад дар муроҷиатнома.
Дар муроҷиатнома хотирррасон мешавад, ки кишвар ва миллати мо бист сол пеш гирифтори фитна гардида дар вартаи парокандашавӣ ва аз байн рафтан қарор дошт ва сабабҳои асосии ин фитна, ҳамдигарро нафаҳмидан, эътироф ва эҳтиром накардан, яккатозӣ ва ғурур аз қудрат ва тавонмандии хеш, инчунин ноогоҳӣ аз барномаҳову тарҳҳои бегонагон барои барангехтани ҳисси нобоварӣ ва эътироз байни мардум ва мақомоти давлатӣ буд. «Маҳз бемасъулиятӣ ва кутоҳандешии мақомоти давлатии давр ва баъзе афроду гуруҳҳои ҳангомаҷӯ миллату давлатро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашид, ки баҳои он ҷони бештар аз 150 ҳазор инсон ва ятиму бесаробон мондани садҳо ҳазори дигар гашт», – гуфта мешавад дар муроҷиатнома.
Зикр мегардад, ки миллати тоҷик тасмим гирифт, ки дигар ҳеҷгоҳ алайҳи якдигар силоҳ намебардорад ва нерӯ танҳо барои дифоъ аз ватан, миллат ва нангу номуси милливу динӣ ва он ҳам дар чорчуби қонун истифода хоҳад шуд. «Миллат ба хулоса омад, ки Тоҷикистон бояд як кишвари озоду демократӣ, дунявӣ ва ягона бошад, ки ҳама андешаву афкор, ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳову ташкилотҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, тиҷоратӣ дар доираи қонун озодона, баробар ва бе ягон маҳдудияту фишор фаолият намоянд», – таъкид мегардад дар муроҷиатномаи ҲНИТ.
Матни пурраи муроҷиатномаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ
бо суроғаи зерин
қобили дарёфт аст.



