Эҳтимоли ифтитоҳи консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург



Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта губернатори шаҳри Санкт-Петербург Георгий Полтавченко бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов мулоқот кард.

Бино ба иттилои

хадамоти матбуоти

мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербург, дар мулоқот масъалахои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷирати корӣ ва ҳамчунин корҳои омодагӣ ба баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе баррасӣ шуданд.

Полтавченко таъкид доштааст, ки ба Санкт-Петербург муҳоҷирони соҳибкасб ва донандаи забони русӣ заруранд ва шаҳрдорӣ ба ташкили марказҳои омӯзишӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла кумак ҷиҳати тайёр кардани омӯзгорон ва пешниҳоди методу усулҳои таълим омода аст.

Баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербуг дар Душанбе моҳи ноябри соли 2014 дар назар аст. Дар доираи ин чорабинӣ конфронс оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, мизҳои гирд ва машваратҳо доир гардида, ҳамчунин барномаи пуршукӯҳи фарҳангӣ низ омода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи 

«Петербургский дневник»

 менависад, Полтавченко ва Сатторов ҳамчунин масъалаи имкони ифтитоҳи консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳрро низ баррасӣ намудааанд.

Раиси шаҳри Санк-Петербург ба мақомоти дахлдори шаҳрдорӣ ҷиҳати дарёфти бинои муносиб барои консулгарӣ дастуру супориш додааст,- менависад

ОК-информ.ру

.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон дар шаҳри Санкт-Петербург ҳудуди 120 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное