Вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо Шавкат Мирзиёев дар Тошканд

Баҳманёр Нодиров

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафар ба Ӯзбекистон бо ҳайати парлумон чанде қабл дар Тошканд бо раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ кард.

Тавре сардори маркази матбуоти МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯрӣ густариши робитаҳо байни ду кишвар дар ҳама самтҳо таъкид шуд.

Роҳандозии кори муштарак дар сатҳи кумитаҳо ва гурӯҳҳои байнипарлумонӣ бо мақсади татбиқи қарордодҳои ҳосилшуда дар сатҳи баланд муҳим арзёбӣ шуд.

“Сафари мазкур таҷассуми робитаҳои барқароршудаи мост ва мо онро нишонаи равшани шарикии стратегии ду давлат арзёбӣ мекунем. Тақрибан 3 сол мешавад, ки шумо сарварии Ҷумҳурии  Ӯзбекистонро бар уҳда доред. Ин давраро  метавон солҳои ислоҳоти муҳим ва тағйирот номид, зеро се сол пеш ин корҳо ғайриимкон менамуданд”, – иброз дошт зимни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров.

Ӯ таъкид дошт, ки “дар қарордодҳои ҳосилшуда ва созишномаҳои баимзорасида байни ду кишвар ниятҳои чандинасра, ирода ва қотеъияти ду халқи ба ҳам дӯсту бародар таҷассум ёфтаанд”.

“Соли 2018 тақрибан 750 000 нафар сайёҳ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Тақрибан ҳамин қадар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кардаанд. Агар се-чор сол пеш шумораи донишҷӯёни Ӯзбекистон дар муассисаҳои олии Тоҷикистон ангуштшумор бошанд, пас имсол беш аз 4000 довталаби ӯзбек ба муассисаҳои олии мо дохил шуданд. Ин аз динамикаи мусбати рушди муносибатҳои байни давлатҳои мо шаҳодат медиҳад”, – гуфтааст Зуҳуров.

Шавкат Мирзиёев дар навбати худ қайд кардааст, муколамаи мунтазам ва боъэтимод дар сатҳи баланд имкон дод, ки ҳамкориҳои дуҷониба ба сатҳи бесобиқаи олӣ бароварда шаванд.

“Ташрифи ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон боз як гувоҳии барҷастаи таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии ду кишвари дӯсту бародар мебошад. Ҳаҷми гардиши мол афзоиш меёбад, лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, бахши кишоварзӣ ва дигар самтҳо амалӣ мешаванд”, – гуфтааст Шавкат Мирзиёев.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...