Аз Аловуддин Абдуллоеву Ҳоҷӣ Пирмуҳаммадзода то Дамирбеку 59 қурбонии муноқишаи марзӣ

Date:

Дар соли сипаришуда миллати тоҷик дар самту соҳаҳои мухталиф чанде аз шахсиятҳои шинохтаву номдор ва муваффақи худро аз даст дод. Марги ҳар кадоме аз эшон барои Тоҷикистон талафоти гарон аст. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки дар охири сол аз шинохтатарин шахсиятҳое, ки моро тарк гуфтанд, ёдоварӣ кунад.

Фарҳангу ҳунар

Соли 2022 бо даргузашти Маҳмадалӣ Муҳаммадиев – ҳунарманди саршиноси синамову театри тоҷик оғоз шуд. Ӯ субҳи 7-уми январи соли 2022 бар асари беморӣ, дар синни 76-солагӣ, даргузашт.

Баъди як моҳ ҳунари тоҷик Дамирбек Олимов – сарояндаи хушномро дар синни 33-солагӣ аз даст дод. Ӯ рӯзи 5 феврал ҳангоми ҳаракат дар роҳи Сомғор – Хуҷанд бар асари садама ҷони худро аз даст дод. Дамирбек Олимов аз тӯйе дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бармегашт.

Моҳи феврал Аловуддин Абдуллоев – ҳунарпешаи саршиноси ҳаҷву театр ва синамои Тоҷикистон, муаллиф ва бозигари нақшҳои саҳнаҳои телевизионии маъруфи "Шӯхиҳои Аловуддин"  дар синни 57-солагӣ чашм аз олам пӯшид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҷаб Ҳусейнов ва Маҳмадалӣ Муҳаммадиев

Ин ҳунарпеша миёни ҷомеаи Тоҷикистон маъруф буд ва дар барномаву чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ иштирок ва тамошобинонро болидарӯҳ мекард.

Моҳи март Раҷаб Ҳусейнов, ҳунарманди саршиноси театру синамои тоҷик, дар синни 81-солагӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз ҷаҳон даргузашт.

Раҷаб Ҳусейн аз шумули ҳунармандони театру синамои тоҷик буд, ки дар баробари нақшҳои мондагор дар саҳнаи театру синамоми миллӣ, ҳамчунин дар филмҳои зиёди кишварҳои хориҷӣ низ нақш офарида, шуҳрати зиёд дошт.

Чеҳраҳои шинохтаи ҷомеа

Соли 2022 чанд чеҳраи дар ҷомеа шинохта низ аз олам чашм пӯшиданд. Аз ҷумла, Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, рӯҳонии саршиноси кишвар дар синни 70-солагӣ, моҳи май аз олам гузашт. Ӯ сархатиби Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Ҳисор буд ва дар миёни аҳли уламои кишвар маъруфити зиёде дошт. Ҳоҷӣ Исмоилро дар ноҳияи Фархор, дар паҳлӯи мақбараи падараш Махсуми Санги Кулӯла ба хок месупоранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ва Ҷунайд Ибодов

Ҷунайд Ибодов – ҳуқуқшиноси саршиноси тоҷик моҳи июл дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ 74 сол дошт ва бо бемории сактаи қалб аз олам чашм пӯшид. Марҳум аз камтарин ҳуқуқшиносон буд, ки  дар ҳалли қазияҳои душвори судӣ, ки бештарашон ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуоту журналистика рабт доштанд, ба сифати ҳомии ҳуқуқ ширкат мекард.

Аҳли эҷод

Дар ин сол чандин чеҳраҳои шинохтаи аҳли эҷод ва адабу фарҳанги тоҷик ҳам оламро тарк карданд.

Меҳмон Бахтӣ, шоир, нависанда ва драматурги тоҷик ва раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар синни 81-солагӣ, бо мо падруд гуфт.

Ӯ аз насли дувуми шоирону адибони шӯравии тоҷик буд. Соли 2003 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд ва то соли 2015 ин масъулиятро ба дӯш дошт.  Солҳои 1995-2000 вакили порлумон ва аз соли 2005 то 2010 узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ буд.

Нур Табаров, адиб, рӯзноманигор ва вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон дар сини 81-солагӣ чашм аз олам пӯшид. Ӯ солҳо ҳамчун рӯзноманигору драмнавис ва ходими сиёсиву фарҳангӣ кор карда, солҳои ахир бознишаста буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Меҳмон Бахтӣ ва Нур Табаров

Номи Нур Табаров соли навадум дар ҳодисаҳои мавсум ба “Баҳманмоҳи хунин” вирди забонҳо шуд ва худи ӯ борҳо изҳор дошта, ки мехост барои рафъи буҳрони он вақт пешомада, кумак кунад.

Дар аввали сол ҷомеаи рӯзноманигорӣ Ҳокими Азиз, рӯзноманигори варзидаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро ба хок супорид. Ӯ 61 сол дошт ва бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.

Ҳокими Азиз аз рӯзноманигорони маъруфи радиову телевизиони тоҷик буд. Хусусан, барномаи "Сӯҳбати мардона"-аш дар Телевизиони Тоҷикистон (1997-2000) бо шахсиятҳои фарҳангиву сиёсӣ ва илмӣ маъруф буд.

2-юми феврал Баҳром Файзуллоев, рӯзноманигори гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар вилояти Суғд дар синни 60-солагӣ даргузашт. Ӯ муддати зиёда аз як моҳ дар беморхонаи шаҳри Бӯстони вилоят бистарӣ ва ду бор ҷарроҳӣ шуд, лекин беморӣ ӯро аз олам рабуд.

Даргузашти Илҳом Мадализода, рӯзноманигор ва поягузори нашрияи “Соҳил” дар Суғд дар моҳи марти соли 2022 рост омад. Ӯ то лаҳзаи вафоташ мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеаи шаҳрдории Гулистон буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фарҳод Ҷабборов ва Баҳром Файзуллоев

Бо ташаббуси ӯ, 11-уми марти соли 1998, дар шаҳри Гулистон нахустин рӯзномаи расмии ин шаҳр бо ном “Соҳил” таъсис ёфт ва Илҳом Мадализода то соли 2012 вазифаи сармуҳарририи онро ба дӯш дошт.

Дар охири моҳи март Фарҳод Ҷабборов – яке аз рӯзноманигорони соҳаи варзиш ва роҳбари дафтари матбуоти Федератсияи футболи Душанбе низ пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 63-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Дӯстону ҳамкорон аз Фарҳод Ҷабборов ҳамчун яке аз сутунҳои журналистикаи варзишӣ ёдоварӣ карда, мегӯянд, ӯ устоди бештари хабарнигорони ҷавони варзишӣ, алалхусус, дар бахши футбол буд.

Ҳамчунин, соли равон ҷомеаи рӯзноманигорӣ Аслиддин ДостиевФаридун Хайруллозода ва Баҳодур Уроқовро аз даст дод.

Олимон

Дар ин сол Далер Лоҳутӣ, писари шоири тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ, дар Маскав, дар синни 88-солагӣ даргузашт. Ӯ мутахассиси кибернетика ва ҳуши сунъӣ, файласуфи мантиқдон, забоншинос ва тарҷумон буд.

Дар моҳи феврали соли равон Зайнулобиддин Кобулӣ – раиси пешини Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ бар асари беморие, ки дошт, дар шаҳри Душанбе, дар синни 60-солагӣ даргузашт.

Кобулӣ аз зумраи коршиносони масъалаҳои обу экология дониста мешуд. Ӯ доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳомид Маҷидов ва Зайнулобиддин Кобулӣ

Баъди чанде Ҳомид Маҷидов, профессор ва забоншиноси маъруфи тоҷик дар синни 85-солагӣ чашм аз олам пӯшид.

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, академики АМИТ, ходими шоистаи илм ва техникаи кишвар Фозил Тоҳиров ҳам дар синни 83-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Дар ин баробар, профессор Фозил Абдураҳмонов, яке аз донишмандони тоҷик дар арсаи таҳқиқи анатомияи инсон ва доктори илмҳои тиб дар синни 92-солагӣ, дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ӯ муаллифи китоби “Анатомияи одам” буд.

Ходимони давлатӣ

Дар соли 2022 чанд ходими давлатӣ низ оламро падруд гуфтанд. Аз ҷумла, раиси собиқи ВМКБ Шоҳдавлат Шоҳдавлатов аз олам даргузашт. Ӯ тамоми умрашро ба хидмати давлат сарф карда, солҳои 90-ум комиҷроияи вилоятии ВМКБ-ро роҳбарӣ кардааст.

Масъуд Собиров, иқтисодшинос ва собиқ раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон, дар ин сол аз олам чашм пӯшид. Ӯ 63 сол дошт ва дар Пажӯҳишгоҳи иқтисодии АМИТ кор мекард.

Маҳмадсаид Зувайдзода – роҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, ҳам дар охири соли 2022 чашм аз олам пӯшид. Ӯ қаблан дар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукумати Дастгоҳи иҷроияи Президент ва ба ҳайси муовини аввали раиси шаҳри Душанбе фаъолият карда буд.

Ҳамчунин, Нарзулло Дӯстов, собиқ ноиби президенти Тоҷикистон дар охири сол дар Тошканди Ӯзбекистон вафот кард ва ба хок супорида шуд.

Нарзулло Дӯстов яке аз чеҳраҳои шинохта дар майдони сиёсати солҳои 90-уми Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ӯ аз номзадии Раҳмон Набиев ҷонибдорӣ мекард ва моҳи декабри соли 1991 ноиби президенти Тоҷикистон таъйин шуд, аммо пас аз фишори нерӯҳои мухолифин дар моҳи майи соли 1991 ба истеъфо рафт.

Ҳамчунин, дар ин Рустам Набиев, писари Раҳмон Набиев, раисҷумҳури собиқи Тоҷикистон, дар синни 53-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт.

Ҳусейн Асадуллозода, додарарӯси 54-солаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар Эрон даргузашт.

Яке аз бузургтарин талафоте, ки тоҷикистониён соли 2022 доданд, қурбон шудани 59 шаҳрванди Тоҷикистон, аз он ҷумла афсарону сарбозони тоҷик дар пайи таҷовузи мусаллаҳонаи нерӯҳои ҳарбии Қирғизистон буд. Мардуми тоҷик қаҳрамонии ин мардони шуҷои Ватан ва шаҳидони роҳи ҳақро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аз даргузашти чеҳраҳои саршиноси илму адабу фарҳанг ва сиёсати Тоҷикистон ғамгин буда, ба наздикону пайвандони онҳо ҳамдардии амиқ изҳор медоранд ва ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...