Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Дар мусобиқоти қаҳрамонии куштигирии Осиё дар Бишкек (Қирғизистон) дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ду медал соҳиб шуд.

Дар вазни 65 кг узви дастаи Тоҷикистон Абулмаҷид Кудиев то даври нимфиналӣ расида, дар он аз намояндаи Ҳиндустон шикаст хӯрд. Дар вазни 74 кг боз як узви тими Тоҷикистон Мустафо Аҳмедов ба дарёфти медали биринҷӣ даст ёфт. Дигар аъзои даста дар даврҳои гуногун аз идомаи мусобиқа барои дарёфти медалҳо маҳрум шуданд.

Мустафо Аҳмедов. Акс аз WW

Намояндагони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар навъи куштии юнонию румӣ медал ба даст оварда натавонистанд. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

Дар ҳисоби умумидаставӣ мунтахаби Тоҷикистон бо дарёфти ду медали биринҷӣ дар зинаи 13-ум қарор гирифт.

Мавқеи дастаҳо аз рӯи натиҷаҳои мусобиқот:

1. Эрон — 18 медал (6 тилло, 6 нуқра ва 6 биринҷӣ),

2. Ҷопон — 15 (6+5+4),

3. Чин — 14 (5+1+8),

4. Қирғизистон — 12 (5+1+6),

5. Ҳиндустон — 17 (2+6+9),

6. Ӯзбекистон — 11 (2+2+7),

7. Муғулистон — 8 (1+3+4),

8. Кореяи Шимолӣ — 4 (1+3+0),

9. Қазоқистон — 7 (1+0+6),

10. Қатар — 1 (1+0+0),

11. Баҳрайн — 6 (0+3+3),

12. Кореяи Ҷанубӣ — 4 (0+0+4),

13. Тоҷикистон — 2 (0+0+2),

14. Туркманистон — 1 (0+0+1).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...