Сафорати Тоҷикистон дар Русия нашри «Роҳнамои муҳоҷирони корӣ» дар Санкт-Петербургро маҳкум намуда, изҳор медорад, ки ин амали номатлуб ва таҳқири рӯйирости муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикистониёни машғули кор дар кишвари иқомат мебошад.
Дар иттилои интишоргардидаи сафорат дар робита ба ин масъала гуфта мешавад, ашхос ё гурӯҳҳои алоҳида, ки аз иғвову дасиса ва таҳқиру озор барои пиёда сохтани ҳадафҳои нопоки худ, яъне халалпазир кардани раванди осоиштаи кору зиндагии мардум ва ба вуҷуд овардани тирагиҳо миёни қавму миллатҳои гуногун кор мегиранд, ба мақсад нахоҳанд расид, зеро ин амали нораво аз сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва соҳибфарҳанг ба ҳеҷ ваҷҳ ва ба ҳеҷ сурат мавриди пуштибонӣ қарор нахоҳад гирифт.
«Сафорат бар он аст, ки ин амалкарди ношоями дастандаркорон мавриди баррасии ҷиддии мақомоти дахлдори кишвари иқомат қарор гирифта, дар роҳи ҷилавгирӣ аз зуҳури чунин падидаҳои номатлуб чораҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд», – омадааст дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Русия.


