Баррасии ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар вохӯрии Путин ва Раҳмон

Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков ба хабаргузории РИА Новости изҳор доштааст, ки сарони кишварҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд. «Ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон омили муҳими суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ҳамдастӣ бо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон […]

Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков ба хабаргузории РИА Новости изҳор доштааст, ки сарони кишварҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.

«Ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон омили муҳими суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ҳамдастӣ бо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва дигар иттифоқчиён аз СААД ба таҳдидҳои ифротгароиву терроризм ва гардиши маводи мухаддир ба таври пурсамар муқовимат нишон дода мешавад, – иброз доштааст ӯ. – Дар ин иртибот дар гуфтушуниди сарони кишварҳои Русия ва Тоҷикистон атрофи масъалаҳои марбут ба ҳузури ин пойгоҳи низомӣ дар қаламрави Тоҷикистон табодули назар сурат хоҳад гирифт».

Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки зимни гуфтушунидҳо масъалаҳои муҳими байнулмилалӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар сохторҳои калидии бисёрҷониба, аз қабили СММ, СААД, СҲШ ва ИДМ низ баррасӣ мешаванд.

Дар навбати худ коршиносони тоҷик изҳор дошта буданд, ки яке аз масъалаҳои асосии мавриди баррасии гуфтушуниди Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон узвияти имконпазири Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва масъалаи таъмини амният дар минтақа хоҳад буд.

Ба қавли Ушаков, зимни сафар ба Душанбе Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон ордени Александр Невскийро низ тақдим мекунад.

«Барои саҳми беандозаи шахсӣ дар таҳкими муносиатҳои шарикии стратегӣ ва иттиҳод миёни кишварҳои мо Владимир Путин ба президенти Тоҷикистон ордени Александр Невскийро тақдим мекунад, – гуфтааст ӯ ба рӯзноманигорон. – Ҳамчунин вазири корҳои хориҷӣ бо ордени Дӯстӣ сарфароз гардонида мешавад».

Қобили зикр аст, ки дар мансаби президенти Русия Владимир Путин 8 маротиба – моҳи июли соли 2000, октябри 2001, апрели 2003, октябри 2004, октябри 2007, октябри 2012, сентябри 2014 ва моҳи сентябри соли 2015 ба Тоҷикистон ташриф оварда, зимни ҳар сафари ӯ қарорҳои муҳим қабул шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...