Чӣ қадар пули нақд ба Тоҷикистон ворид кардан/баровардан мумкин аст?

Чанд рӯз қабл кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуданд, ки зиёда аз 125 ҳазор доллар пули нақдро бидуни анҷоми расмиёти эъломия (декларатсия) аз Русия ба Тоҷикистон бурданӣ буд. Ин хабар миёни хонандагон сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард. Воқеан ҳам, аз Тоҷикистон берун бароврадану ба Тоҷикистон ворид кардани чӣ қадар […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Чанд рӯз қабл кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуданд, ки зиёда аз 125 ҳазор доллар пули нақдро бидуни анҷоми расмиёти эъломия (декларатсия) аз Русия ба Тоҷикистон бурданӣ буд.

Ин хабар миёни хонандагон сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард. Воқеан ҳам, аз Тоҷикистон берун бароврадану ба Тоҷикистон ворид кардани чӣ қадар пули нақд имкон дорад?

Мувофиқи қонунгузории гумруки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), ҳангоми интиқоли маблағи нақди зиёда аз 10 ҳазор доллар анҷоми расмиёти эъломияи гумрукӣ ҳатмӣ мебошад. Зимни анҷоми расмиёти маблағи беш аз 100 ҳазор доллар ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани  ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сарчашмаҳои дарёфти ин маблағ зарур аст.

Зимни ворид кардан маҳдудият нест…

Мувофиқи Дастурамали №234  “Дар бораи тартиби ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани сарватҳои асъорӣ”, ворид намудани асъори нақд ба ҷумҳурӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ (резидентҳо ва ғайрирезидентҳо) бе маҳдудият, бо риоя намудани талаботи қонунгузории гумрукии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Талаботи ягона – анҷоми ҳатмии расмиёти эъломия зимни ворид кардани маблағи баробар ё зидтар аз 3 ҳазор доллари ИМА.

… зимни бароврадани талабот зиёд аст

Мувофиқи ҳамин дастурамал аз Тоҷикистон бе берун аз ҳудуди кишвар баровардани асъори хориҷӣ тариқи зайл амалӣ мешавад:

а) шахсони воқеӣ – резидентҳо ва ғайрирезидентҳо 3 ҳазор долларро бе зикри маблағ дар эъломия бароварда метавонанд;

б) барои баровардани беш аз 3 ҳазор то 10 ҳазор доллар аз резидентҳои ҶТ пур кардани эъломияи хаттӣ бе пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ (тасдиқкунанда), ки ба баровардани асъори хориҷӣ аз Тоҷикистон имкон медиҳанд, талаб мешавад;

в) зимни баровардани маблағи беш аз 10 ҳазор доллар аз резидентҳои ҶТ ҳатман пур кардани эъломияи хаттӣ бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ, ки ба баровардани асъори хориҷӣ имкон медиҳанд, талаб мешавад;

г) берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ баровардани зиёда аз 3 ҳазор доллар аз ҷониби шахсони воқеӣ, ғайрирезидентҳо бо шарти пур кардани эъломияи хаттӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тсдиқкунанда амалӣ мешавад.

Чӣ гуна метавон сарчашмаи пайдоиши сарватҳои асъориро собит кард?

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи манбаи пайдоиши сарватҳои асъорӣ, ки барои содир намудани асъори нақд аз сарҳади Тоҷикистон асос мебошанд, инҳоянд:

– эъломияи гумрукӣ, ки далели ҳақиқии аз ҷониби шахси воқеӣ  ба Тоҷикистон ворид намудани сарватҳои асъориро тасдиқ менамояд;

– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ ва ё табдилдиҳӣ бо асъори хориҷӣ, ки аз ҷониби бонкҳои ваколатдор (филиалҳои онҳо) ва ё воҳидҳои сохтории онҳо ба шахсони воқеӣ ҳангоми ба онҳо фурӯхтани асъори нақди хориҷӣ дода мешавад;

Коғазҳои қиматноки бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар шакли ҳуҷҷатӣ ифодаёфта – ҳуҷҷатҳои пардохтӣ (чекҳо, векселҳои оддӣ, траттаҳо, аккредитивҳо, супоришцои пардохтӣ, аризаҳо ва дигар амрномаҳо оид ба амалӣ гардонидани пардохт ва ғайраҳо), сарватҳои фондӣ (саҳмияҳо, васиқаҳо, вомбаргҳо, сертификатҳо дар бораи бастани қарордодҳои асъорӣ «фючерс» ва «опсион» ва ғайраҳо), дигар уҳдадориҳои қарзӣ (сертификатҳои депозитӣ ва амонатӣ, мактубҳои кафолатӣ ва ғайра) мебошанд.

– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи анҷомдиҳии амалиёти интиқоли асъор, ки аз ҷониби бонкҳои ваколатдор (филиалҳои онҳо) ва ё воҳидҳои сохтории онҳо ба шахсони воқеӣ ҳангоми додани маблағҳои пулии бе кушодани суратҳисоби бонкӣ интиқолшуда, дода мешавад;

– ордери хароҷоти хазина, ки аз ҷониби бонкҳои ваколатдор (филиалҳои онҳо) ва ё воҳидҳои сохтории онҳо ба муштарӣ ҳангоми гирифтан ва ё додани асъори нақд аз суратҳисоб бо пули миллӣ ва ё аз суратҳисоби асъорӣ дода шудааст;

– ордери хароҷоти хазина, ки аз ҷониби бонкҳои ваколатдор (филиалҳои онҳо) ва ё воҳидҳои сохтории онҳо ҳангоми додани асъори нақди хориҷӣ аз суратҳисоби ҷории шахси ҳуқуқӣ барои хароҷотҳои сафари хизматии кормандонаш ва инчунин дар дигар ҳолатҳои бо қонунгузорӣ пешбинишуда, дода шудааст;

– ордери хароҷоти хазина, ки аз ҷониби Хазинаи марказии Бонки миллии Тоҷикистон барои хароҷотҳои сафари хизматии кормандони худ ва ташкилоту идораҳои буҷетӣ, ки аз ҷониби Хазинадории марказии Вазорати молияи ҶТ хизматрасонӣ карда мешаванд, дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.