Home Blog Page 22

Аз оғози моҳи Рамазон ва тағйири реҷаи “лимит”, то ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва марги Хоманаӣ

0

Моҳи феврал, ки изҳороти мансабдорони кишвар дар нишастҳои матбуотии солона идома карданд, бо таркиш ва ҳамлаҳои низомии Амрикову Исроил ба Эрон ва ҳамлаҳои ҷавобии Эрону кушта шудани роҳбари олии Эрон ва чанд фармондеҳи дигари ин кишвар поён ёфт. 

Фазои иттилоотии кишвар дар ин моҳ, ҳамчунин бо ҳаводиси дигари дохилу хориҷ, чун тағйири реҷаи “лимит”-и барқ, оғози моҳи Рамазон, ҷинояти мансабдорон ва амалиёти низомӣ пурранг буд.

Дар ин мавод мухтасар дар бораи муҳимтарин ҳаводиси моҳи феврал маълумот медиҳем.

 

Пешниҳоди муфтӣ: Идораи вақф таъсис шавад

Ду ҳафтаи аввали моҳи феврал нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои кишвар, ки моҳи январ оғоз шуда буд, идома карданд. 

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ё худ муфтии Тоҷикистон дар нишасти хабарии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим пешниҳод кард, ки дар кишвар Идораи вақф таъсис дода шавад, то корҳои хайриявии сокинонро ба танзим дароварад. Ба иттилои ин ниҳод, соли 2025 иттиҳодияҳои динӣ ба ятимону маъюбону камбизоатҳо ва зарардидагон аз офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод дар умум беш аз 11 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ёриҳои хайриявӣ кардаанд

 

 

Ҷинояти мансабдорон ва ниҳодҳои фасодзадатарин

Имсол дар нишастҳои матбуотӣ роҳбарони ниҳодҳои кишвар аз қонуншиканӣ ва ҷинояти баъзе мансабдорон иттилоъ доданд.

Аз ҷумла, дар Кумитаи дин ва танзими маросим гуфтанд, се мансабдор барои нақзи қонуни танзим ҷарима шудаанд. 

Муҳаммад Бобозода, сардори идораи замини шаҳри Исфара бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шуд ва ба гуфтаи раиси шаҳри Исфара, ҳоло нисбати ӯ тафтишот идома дорад.

Ширкатҳои барқрасони кишвар бошад мегӯянд, соли гузашта дар пайи ошкор шудани камбудҳо дар таъмини барқ ба аҳолӣ, 125 корманди шабакаҳои барқрасонӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаву аз кор ронда ва 400 тани дигар ҷарима шудаанд.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон низ гуфт, танҳо дар суратҳисоби як нозири барқ 9 млн сомонӣ пули истифодаи барқеро, ки аҳолӣ пардохтаанд, ошкор кардаанд.

 

 

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Ф. Файзализода, муовини комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки ҳамзамон сардори шуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ин минтақа буд, хабар дод, ки ба гирифтани пора барои озод кардани ду ҷавон аз хидмат гумонбар мешавад.

Додгоҳи шаҳри Конибодом бошад Баҳоваддин Баҳоваддинзода, муовини раиси ин шаҳрро, барои ба 22 кас ғайриқонунӣ тақсим кардани замини наздиҳавлигӣ 52 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима кардааст. Вале ӯ то ҳол дар вазифааш кор мекунад.

Додгоҳи шаҳри Исфара Фирдавс Абдурауфзода, роҳбари пешини дастгоҳи раиси ин шаҳрро барои қаллобӣ ва фиребу азхуд кардани беш аз 900 ҳазор сомонии сокинон, 52 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қариб 250 млн сомонӣ ришва танҳо дар БДА. Оҷонсии зиддифасод ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистонро гуфт

Ҳамчунин, соли 2025 дастикам 14 корманди Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд аз кор озод шудаанд

Самандари Қаландар, додраси пешини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳудуди 2 моҳ пеш бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон “барои содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз мансаб озод шуда буд, барои гирифтани пора чор сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Ҳамзамон, Оҷонсии зиддифасоди кишвар ниҳодҳои фасодзадатаринро барои соли 2025 эълон кард:

– Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (319, 3 млн сомонӣ);

– Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА)-и ВКД (248,4 млн сомонӣ);

– Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳо (18,3 млн сомонӣ);

– КВД “Обу корези Душанбе” (5,9 млн сомонӣ);

– Филиали “Маркази барқу гармидиҳӣ 2” (5,9 млн сомонӣ) аз ниҳодҳои фасодзадатарин будаанд. 

 

Мусодираи маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон

Cоли 2025 дар хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон 2 тоннаву 742 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки назар ба соли 2024-ум қариб 1 тонна бештар аст. Ба гуфтаи Зафар Самад, раҳбари Оҷонсии назорати маводи нашъаовар, аз ин, 2 тоннаву 566 килограм дар хатти сарҳад бо вилояти Хатлон ва 186 кг дар марз бо ВМКБ мусодира шудааст.

 

Бояд гуфт, дертар, 10-уми феврал дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як қочоқбар боздошт шуда, аз ӯ 46 баста маводи мухаддир мусодира шуд ва се ҳамроҳи ӯ ба самти Афғонистон фирор карданд.

 

Аз ҳабси Рухшона Ҳакимова як сол гузашт 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз ҳабси Рухшона Ҳакимова як сол гузашт. Фарзандонаш чӣ ҳол ва волидону вакили дифоаш чӣ тасмим доранд?

Рӯзи 5-уми феврал аз эълони ҳукми Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори тоҷик, ки соли 2025 бо ҳукми додгоҳ бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ба муддати 8 сол равонаи зиндон шуд, як сол гузашт. 

Хонаводаи Рухшона Ҳакимова имрӯз дар пойтахти кишвар чӣ ҳол доранд ва ду кӯдаки ноболиғаш чӣ гуна хумори дурии модар мешикананд, дар ин гузориши мо бинед.

Дар нишасти Ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳам гуфтанд, бо Рухшона ва дигар зиндониён мулоқот доштанд ва ӯ аз вазъи риояи ҳуқуқҳояш изҳори қаноат кардааст.

Ба иттилои мақомоти кишвар, ҳоло дар зиндони занонаи шаҳри Норак 471 зан, аз ҷумла ду зани ҳомила адои ҷазо мекунанд ва 11 кӯдаки то сесола ҳамроҳи модарашон нигоҳдорӣ мешаванд. 

 

“Starlink” дар Тоҷикистон 

“Интернети баландсуръати Starlink акнун дар Тоҷикистон дастрас аст”, – навиштааст ин ширкат дар Х. Ба иттилои Хадамоти алоқа, таҷҳизоти Starlink акнун дар сомонаи расмии ин ширкат сабтином карда мешавад. 

 

Афзоиши нархи об ва ҷарима барои ронандагон

Дар ин моҳ аз боло рафтани нархи оби нӯшокӣ, кашонидани партов ва дигар хидматрасониҳои коммуналӣ дар кишвар хабар дода, гуфтанд, барои аҳолӣ 15% ва барои корхонаҳо 30% гарон шудааст.

Тибқи қарори ҳукумати кишвар, акнун нархи 1 метри мукааби оби нӯшокӣ барои аҳолӣ (бо ҳисобкунак) 1 сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад. Қаблан, он 1 сомониву 30 дирам буд. Ин нархгузорӣ барои корхонаҳои буҷетиву худмаблағгузор тафовут дошта, таърифаҳо вобаста ба минтақаҳо низ фарқ мекунад.

Дар ин моҳ, баъди имзои раисҷумҳур ба Қонуни тағйирот ба “Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”, ҷаримаи ронандагон барои риоя накардани бархе қоидаҳои роҳу нақлиёт, аз ҷумла, итоат накардан ба чароғаки роҳнамо, зиёд кардани суръати ҳаракат ва набастани тасмаи бехатарӣ аз 2 то 4 баробар зиёд шуд. Барои вайрон кардани кадом қоидаҳои роҳу нақлиёт ҷаримаҳо зиёд шуданд, дар баргаҳои мо бубинед.

 

Парвандаи Қобилҷон

Як қатор роҳбарони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ аз вазъи тафтишоти парвандаи қатли Қобилон Алиев, фарзанди даҳсолаи тоҷик дар Русия маълумот доданд.

Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, намояндагии ин ниҳод дар Русия тафтишоти куштори Қобилҷонро назорат дорад ва аз ҷараёни он бохабар аст.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ гуфт, мақомоти Русия аз тафтишоти ин парванда ба мақомоти Тоҷикистон маълумоти расмӣ пешниҳод карда, итминон додаанд, ки масъала “зери назорати махсус қарор дорад”.

Дар идораи Вакоолатдори ҳуқуқи инсон низ гуфтанд, раванди таштишотро бо воситаи ҳамтоёни худ дар Русия назорат мекунанд.

 

Изҳороти “ҳангомаҷӯёна”

Мақомдорони тоҷик изҳороти Владимир Соловёв ва Александр Дугин – ду мубаллиғи русро алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз “ҳангомаҷӯёна” унвон доданд. Хайриддин Усмонзода, роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) дар Тоҷикистон гуфт, ки изҳороти онҳо мавқеи расмии Русия нест ва посух ба ин изҳорот дар ҳадди баробарсатҳ дода шуд. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ зимни нишасти хабарӣ онро “амбитсияҳои шахсии чеҳраҳои расонаӣ” ва “назарияҳои ҳангомаҷӯёнаи онҳо” номид.

 

Хабарҳои варзишӣ

Рӯйхати ниҳоии довталабон барои баргузории Ҷоми футболи Осиё-2031 низ маълум шуд. Тоҷикистон ҳамроҳи Ӯзбекистону Қирғизистон довталаби баргузории ин мусобиқа дар соли 2031 гардид.

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавони тоҷик дар мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург”-и Порис 2026 (Paris Grand Slam 2026) соҳиби медали биринҷӣ ва ҷоизаи “Ситораи дар ҳоли тулӯъ” шуд. Ин аввалин медал дар таърихи ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург”-и Порис мебошад.

 

Рустам Ятимов, мувофиқи радабандии нави арзиши футболбозон дар зинаи шашуми гаронарзиштарин дарвозабонҳои қораи Осиё қарор гирифта, бо арзиши 1,80 млн евро гаронтарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ шуд.

Рӯзи 27-уми феврал бошад, дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тошканд (Tashkent Grand Slam 2026) оғоз шуда, то 1-уми март идома мекунад ва Тоҷикистонро 17 ҷудокор (13 мард ва 4 зан) намояндагӣ мекунад. Абдуллои Ориф, ҷудокори ҷавони тоҷик дар ин мусобиқа медали тилло ба даст овард. 

Бояд гуфт, дар ин моҳ бо дастури раисҷумҳур, ба 67 варзишгар аз рӯйи 8 намуди варзиш вобаста ба натиҷаи варзишӣ то 150 ҳазор сомонӣ ҷоизаҳо тақдим шуданд.

 

“Қанди порсӣ” ба Нигина Амонқулова

Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик барои талошҳояш дар роҳи посдорӣ ва густариши забони порсӣ барандаи ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” шуд ва ҷоиза рӯзи 15-уми феврал дар ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон дар Донишгоҳи Вестминистери Бритониё ба ӯ тақдим шуд. Соле пеш ин ҷоиза аз Тоҷикистон насиби Гулрухсори Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон шуда буд.

 

Тақдири тоҷикони бурунмарзӣ

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷасади зани 36-солае, ки дар Амрико дар пайи садама ҷон бохт, имшаб ба Тоҷикистон меоранд

Рӯзи 6-уми феврал як зани 36-солаи тоҷик дар пайи садама дар Амрико ҷон бохта, се фарзанди ноболиғи ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд. Ӯро шаби 18-уми феврал ба Тоҷикистон оварда, рӯзи 19-уми феврал ба хок супориданд. 

Ин моҳ тани беҷони боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина ва ватан оварданд. Ӯ Кароматулло Одинаеви 26-сола буда, чанд сол пеш ба Русия барои кор рафта буд ва ахиран дар ҷанги ин кишвар дар Украина кушта шудааст.

Ахиран, бар асари як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Қазон – Оренбург рӯзи 21-уми феврал, се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид. Аз фавтидагон Шерзод Сабуров, сокини 22-солаи ноҳияи Деваштич, Комрон Давлатмадзода, сокини 20- солаи ноҳияи Муъминобод ва Муҳандис Ҷонов, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод ном мебаранд.

 

Тоҷикон дар кишварҳои ҷангзада

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондаанд ва то имрӯз 406 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишварҳо ба ватан баргардонида шудаанд.

 

Дар нишасти матбуотии Ваколатдори ҳуқуқи инсон гуфтанд, ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан 250-300 зану кӯдаки тоҷик боқӣ мондаанд ва ба далели ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Сурия, раванди баргардонидани занону кӯдакони тоҷикро қатъ кардааст ва ҳоло тақдири онҳо номуайян боқӣ мемонад.

 

Нигаронии 5 мансабдори тоҷик аз қаллобии хонасозон

Дар нишастҳои матбуотии оғози соли 2026 дар панҷ ниҳоди Тоҷикистон ба қаллобӣ даст задани биносозон ва миёнаравҳои онҳо мавриди баҳс қарор гирифт, ки мансабдори тоҷик мушкилотро эътироф, баъзе ҷузъиётро ифшо ва ду роҳҳал пешниҳод карданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар рӯзи 12-уми феврал гуфт, соли 2025-ум 112 ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби биносозон ва ё миёнаравҳои онҳо барои хариду фурӯши хонаҳо ба қайд гирифта шудааст.

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам мушкилии мазкур аз сӯйи рӯзноманигорон матраҳ шуд ва роҳбари ин ниҳод ҳам онро эътироф карда, гуфт, дар натиҷаи санҷишҳо танҳо ниҳоди зери роҳбариаш 308 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 37 парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. 

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон бошад, рӯзи 12-уми феврал парвандаҳои алайҳи ширкатҳои сохтмонӣ ва шаҳрвандонро ҳам мавзӯи мавриди таваҷҷӯҳ номид.

Баҳси фурӯши як хона ба чанд кас ва сохтани ошёнаҳои берун аз нақша рӯзи 5-уми феврал дар нишасти хабарии шаҳрдории Душанбе ҳам матраҳ шуд.

 

“Барқи тоҷик ба ваъдааш вафо кард”

Имсол дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон 19-уми феврал оғоз шуд ва сокинон то 20-уми март рӯза мегиранд.

Шурӯъ аз ин рӯз аҳолии Тоҷикистон, мувофиқи ваъдаи “Барқи тоҷик” 17 соат бо барқ таъмин мебошанд. Дар пурсише, ки “Азия-Плюс” байни корбарон гузаронид, сокинон гуфтаанд, бештар аз оне, ки ваъда шуда буд, бо барқ таъмин ҳастанд. Эҳтимол аст, ки бо назардошти вазъи ҳаво, баъди моҳи Рамазон “лимит” бардошта шавад.

 

Кӯмак ба Ғазза

Моҳи феврал беш аз 2,5 миллион сомонӣ, ки мардуми Тоҷикистон барои кумак ба сокинони Ғазза ҷамъ оварда буданд, дар шакли ғизо, либосу пойафзол, кӯрпа ва дигар маводи зарурӣ ба Ғазза расонида шудааст. Кумакҳо аз 1500 сабади ғизоӣ, 1500 кӯрпа, 300 ҷойхоб (матрас), 800 қуттии либос ва пойафзол, 490 печи рӯйпӯши обногузар иборат буданд. Ёрии Тоҷикистон шоми 8-уми феврал дар 6 мошин тариқи гузаргоҳи Рафаҳ дар марзи Мисру Фаластин бо иштироки сафири Тоҷикистон дар Миср ва намояндагони муассисаҳои хайриявии Тоҷикистон ба Ғазза интиқол дода шуд.

 

Ташиев ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон 10-уми феврал аз сӯйи Содир Жапаров, раисҷумҳури ин кишвар ба истеъфо фиристода ва ба ҷойи ӯ генерал-майор Ҷумгалбек Шабданбеков таъин шуд.

Содир Жапаров сабаби ин истеъфоро “манфиати давлат, бо мақсади пешгирӣ аз ҷудоӣ дар ҷомеа, аз ҷумла миёни ниҳодҳои давлатӣ ва баръакс, барои тақвияти ваҳдат” номид.

 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Санъат Асо ба нафақа гусел карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон боз киро аз вазифа озод ва ё ба мансаб таъин кард?

Санъат Асо ба нафақа рафт

Рӯзи 25-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қарору фармон дар вазоратҳои адлияву фарҳанг, додситониву амният, Оҷонсии зиддифасод, Палатаи ҳисоб ва дигар мақомоти назди ҳукумат тағйироти кадрӣ анҷом дод. Аз ҷумла, Санъат Асо, яке аз мансабдорони шинохта ба нафақа гусел шуд. Боз кӣ аз вазифа барканор шуда, кӣ ба курсӣ нишаст, дар ин пайванд хонед.

 

Имзои фармони хидмати ҳарбӣ

Ахиран, рӯзи 28-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба артишро имзо кард. Бар асоси он, ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) аз 1-уми апрел то 31-уми май дар ин давра ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд.

 

 

Оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон ва куштори Алии Хоманаӣ

Охири моҳи феврал ҳамлаҳои навбатии Амрикову Исроил ба Эрон ҷаҳонро такон дод. Ҷанги нав дар Ховари Миёна субҳи рӯзи 28-уми феврал бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дертар артиши Эрон ҳам дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ ҳамла кард.

Дар ин ҳамлаҳо Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 28 феврал кушта шуд. Дар пайи кушта шудани ӯ дар Эрон 40 рӯз мотам ва 7 рӯз таътили умумӣ эълон шуд. 

 

Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳороти худ ошкор иброз доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Эрон посух дод, ки ба ҳар гуна таҷовуз сазовор ва қотеъ посух хоҳад гуфт.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки музокироти ҳастаии Эрон ва Амрико ҳанӯз идома дошт ва ду даври он – рӯзҳои 6-ум ва 26-уми феврал баргузор шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

0

Шаби гузашта, 1-ум ба 2-уми март низ ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба чанде аз нуқтаҳои Эрон ва ҳадаф қарор додани Исроил ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна аз ҷониби Эрон идома дошт.

Ҳамзамон, шаби гузашта “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон дар вокуниш ба ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон ва кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии ин кишвар, ба Исроил бо мушак ва паҳпод ҳамла кардааст.

Кишварҳои халиҷи Форс дар вокунише гуфтанд, агар Эрон ҳамлаҳояшро қатъ накунад, барои дифоъ аз худ “ҳамаи иқдомҳои зарурӣ”-ро баррасӣ хоҳанд кард. Дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон гуфт, Эрон бо Амрико "ҳеҷ гуна музокира нахоҳад дошт".

Чанде пеш, Артиши Исроил аз мавҷи нави ҳамлаҳои мушакиву паҳподии Эрон хабар дода, садои бонги хатар дар чанд шаҳри ин кишвар, аз ҷумла, Бир-ус-Сибъа, Телавив ва Байтулмқаддасро баланд кардааст.

Ҳамчунин, расонаҳои Эрон аз шунида шудани садои таркиш дар Теҳрон ва ҳамлаи Амрикову Исроил ба шаҳри Санандҷ гузориш медиҳанд. Ба навиштаи "ИРНО", ба ду нуқтаи ин шаҳр ҳамла сурат гирифта, 3 тан кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд.

 

“Эрон бо Амрико музокира намекунад”

Дар ҳамин ҳол, Алӣ Лориҷонӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон хабарҳои расонаҳои амрикоӣ дар робита ба он ки гӯё Теҳрон талоши наверо барои аз сар гирифтани музокирот бо Вашингтон анҷом додааст, рад кард. Ӯ дар нигоштае дар саҳифаи "Х"-и худ гуфтааст, ки "мо ҳеҷ гуна музокирае бо Амрико нахоҳем дошт".

Ин изҳороти Лориҷонӣ пас аз он нашр шуд, ки бархе расонаҳои амрикоӣ иддао карданд, ки мақомдорони Эрон пас аз куштори Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон тавассути миёнҷигарони Уммон талоши аз сар гирифтани музокира бо Амрикоро анҷом додаанд.

 

Вокуниши кишварҳои халиҷи Форс ба ҳамлаи Эрон

Аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои халиҷи Форс гуфтаанд, ки агар Эрон ҳамла ба ин кишварҳоро қатъ накунад, барои дифоъ аз худ “ҳамаи иқдомҳои зарурӣ”-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин Шӯро – Иморот, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Уммон, Қатар ва Кувайт рӯзи 1-уми март нишасти изтирории маҷозӣ баргузор карданд ва аз Эрон хостаанд, ки “ҳамлаҳоро қатъ кунад ва барои коҳиши танишҳо бо Амрико ба дипломатия рӯ оварад”, навиштааст BBC.

 

“Ҳизбуллоҳ” ба Исроил ҳамла кард, артиши Исроил ба Лубнон зарба зад

Ҳамчунин, шаби гузашта "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон эълон кард, ки дар вокуниш ба ҳамлаи Амрико ва Исроил ва кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии ин кишвар, ба Исроил бо мушак ва паҳпод ҳамла кардааст. Артиши Исроил ин ҳамларо тасдиқ карда, гуфтааст, ки як мушакро раҳгирӣ кардааст.

Ба навиштаи расонаҳои исроилӣ, ин аввалин ҳамлаи "Ҳизбуллоҳ" пас аз имзои оташбас миёни ин гурӯҳ ва Исроил дар моҳи ноябри соли 2024 аст.

Вазорати тандурутсии Лубнон эълон кард, ки дар пайи ин ҳамлаҳо дасти кам 31 нафар кушта ва 149 тан захмӣ шудааст. Бояд гуфт, шаби гузашта "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон расман эълон кард, ки дар ҳимоят аз Эрон вориди ҷанг бо Исроил мешавад.

Артиши Исроил Эълон кардааст, ки ҳоло ба Лубнон ҳамлаҳои навро оғоз кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки барои чанд рӯз ҷанг дар Лубнон омодагӣ мегирад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Талафоти бузург”. Эмомалӣ Раҳмон марги Алии Хоманаиро ба Масъуд Пизишкиён ва миллати Эрон таслият гуфтааст

Дар ҳамин ҳол, расонаҳо аз ҳамлаҳои нави Эрон ба бинову пойгоҳҳои марбут ба Амрико дар кишварҳои арабӣ, аз ҷумла, шаҳри Давҳаи Қатар, шаҳри Ақабаи Урдун, Баҳрайн ва шаҳри Дубайи Иморот гузориш медиҳанд.

Кувайт эълон кард, ки дар пайи ҳамлаҳои мушакии Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар ин кишвар, 1 нафар кушта ва 32 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Маълум нест, ки онҳо киянд. Вазорати диофи Кувайт муддаӣ шудааст, ки "97 мушаки болистик ва 283 паҳпод"-и Эронро раҳгирӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, "Ройтерз" навиштааст, ки аз бинои Сафорати Амрико дар Кувайт дуд баланд мешавад. То кунун дар мавриди ин ҳодисаҳо иттилои расмӣ вуҷуд надорад.

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфтааст, ки дар ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар ин кишвар "3 нафар кушта ва 58 тани дигар захмӣ шудааст". Вазорати дифои ин кишвар гуфтааст, ки афроди кушташуда шаҳрвандони Непал, Бангладеш ва Покистон буданд. Ин ниҳод иддаъо кардааст, ки 165 мушаки болистик ва 541 паҳподи Эронро то кунун муайян ва 152 мушаку 506 паҳподро сарнагун кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сафораташ дар Теҳронро баста, дипломатии худро бозпас хондааст. Ба гузориши хабаргузории "Ал-Ҷазира", ин кишвар эълон кардааст, ки ин кор пас аз ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Эрон ба пойгоҳҳои марбут ба Амрико дар Иморот анҷом шудааст.

 

Ҳамлаҳо аз “Садову симо” то бемористони Гандии Теҳрон

Ҳамчунин, тибқи хабарҳои охирини расонаҳои Эрон, теъдоди кушташудаҳои мактаби духтаронаи шаҳристони Миноби Эрон ба 165 тан расидааст. Дар ҳамлаи Амрикову Исроил ба ин мактаб даҳҳо тани дигар захмӣ шудааст.

Шаби гузашта бахшҳое аз Созмони садову симо (радио ва телевизион)-и давлатии Эрон ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Хабаргузории Садову симо гуфт,ин ҳамлаҳо аз сӯи Амрико ва Исроил сурат гирифт. Бархе расонаҳо Эрон навиштаанд, ки дар пайи ҳамла ба Садову симо барномаҳои он чанд лаҳза қатъ гардидаанд. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дабири Шӯрои олии дифоъ, вазири дифоъ, фармондаи кулли Сипоҳ ва раиси Ситоди кулли артиши Эрон кушта шуданд

Хабаргузории "Форс" навиштааст, ки ба минтақаи Шариатӣ ва сероҳаи Заробхона дар Теҳрон мушак расидааст. Ҳамчунин, гузоришҳое аз ҳамла ба минтақаҳои дигари Теҳрон ҳам нашр шудаанд. "Форс" навореро нашр кардааст, ки мардуми Эрон дар майдони Валиасри Теҳрон ҳангоми фаъолияти падофанди Эрон шиор сар медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, ин расона бо нашри чанд навор аз ҳамла ба бемористони Гандӣ дар Теҳрон низ хабар дод.

Хабаргузории ББС бо такя ба расонаҳои Эрон навиштааст, ки ба бандари Чобаҳори Эрон низ шоми имрӯз ҳамла сурат гирифтааст. Талафоти эҳтимолии ин ҳамлаҳо маълум нест.

Ҳамчунин, хабаргузории "Тасним" аз ҳамла ба фармондеҳии интизомии шаҳристони Рай гузориш дода, навиштааст, ки дар ин ҳуҷум чанд бинои атрофи он ҳам зарар дидаанд. Ин расона навиштааст, ки бар асоси гузоришҳои аввалия, чанд нафар дар ин ҳамла кушта ва чанд тани дигар зери вайронаҳо мондааст.

Расонаҳои Эрон аз бархостани дуд дар минтақаҳои гуногуни Теҳрон аксу навор нашр карда, аз ҷумла навиштаанд, ки дар ҳамлаҳои шаби гузашта майдони Нилуфар ва бахшҳое аз Бозори Теҳрон ҳадаф қарор гирифтаанд.

Хабаргузории "Нур нюс"-и Эрон ҳадди ақал аз 20 кушта дар майдони Нилуфар гузориш додааст. ББС навиштааст, ки дар ҳамла ба ин макон як бинои пулис ҳам ҳадаф қарор гирифта, тахриб шудааст.

 

Эълони номи чанде аз фармондеҳони кушташудаи дигар

Эрон номи 7 фармондеҳи дигари низомӣ ва иттилоотияшро эълон кард, ки дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил кушта шудаанд.

Расонаҳои Эрон ном ва мансаби онҳоро чунин навиштаанд:

Муҳаммад Шерозӣ, раиси дафтари раҳбари Эрон дар умури низомӣ;

Солеҳ Асадӣ, муовини иттилооти Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон;

Муҳсин Дарабоғӣ, муовини омод ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон;

Ғуломризо Ризоиён, раиси Созмони иттилооти ФАРОҶО;

Баҳром Ҳусайнӣ, раиси Идораи тарҳ ва амалиёти Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон;

Ҳасаналӣ Тоҷик, раиси идораи омоди Ситоди кулли  Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон;

Маълум нест, ки онҳо дар чӣ замон ва дар куҷо ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

 

Бритониё гуфт, ки ба Амрико иҷозаи истифода аз пойгоҳҳояш барои ҳамла ба Эронро медиҳад

Ҳамзамон, Бритониё эълон кард, ки ба Амрико иҷозаи истифода аз пойгоҳҳояш барои ҳамла ба Эронро медиҳад. Ин тасмимро шоми якшанбе Кир Стармер, нахуствазири Бритониё эълон кардааст.

Ӯ гуфтааст, ки Лондон бо дархости Вашингтон барои истифода аз пойгоҳҳои Бритониё дар анҷоми ҳамлаҳое, ки Стармер онҳоро "дифоӣ" хондааст, мувофиқат кардааст.

Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Бритониё изҳор доштааст, ки Лондон аз "иштбоҳҳояш дар Ироқ" сабақ гирифта аст ва дар ҳамлаҳои аввалия ба Эрон иштирок накарда, дар ҳуҷумҳои баъдӣ ҳам вориди ҷанг нахоҳад шуд.

Ҳамзамон Бритониё аз як ҳамлаи эҳтимоли паҳподӣ ба пойгоҳи низомиаш дар Қибрис хабар додааст. Вазорати дифои ин кишвар гуфтааст, шаби якшанбе ба як пойгоҳи Нерӯҳои ҳавоии салтанатии ин кишвар дар Қибрис ҳамлаи паҳподӣ ва мушакӣ сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад.

 

Амрико кушта шудани се сарбозашро тасдиқ кард

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон. Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандононаш тавсия дод, ки Эронро тарк кунанд

Амрико эълон кард, ки се сарбозаш дар ҳамлаҳои Эрон кушта шуда, 5 тани дигар сахт захм бардоштаанд. Фармондеҳии Артиши Амрико дар Ховари Миёна, ҳамчунин, гуфтааст, ки чанде дигар аз сарбозони амрикоӣ ҷароҳатҳои ҷузъӣ гирифтаанд.

Сипоҳи Посдорони Эрон эълон кард, ки нови ҳавопаймобари "Abraham Lincoln"-и Амрикоро бо 4 мушаки болистик ҳадафи ҳамла қарор додааст. Иёлоти Муттаҳид ин хабарро рад карда, гуфтааст, ки "мушакҳои шиликшуда ба ин нов наздик ҳам нашудаанд".

Исроил Эълон кард, ки дар ҳамлаи мушакии рӯзи якшнабеи Эрон ба шаҳри Байт-Шемеши ин кишвар 9 исроилӣ кушта ва 28 тани дигар захмӣ шудааст.

Дар рӯзи аввали ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон Алии Хоманаӣ, раҳбарии олии Эрон, дабири Шӯрои олии дифоъву вазири дифоъ ва фармондеҳи кулли Сипоҳу раиси ситоди кулли артиши Эрон кушта шуданд.

Алии Хоманаӣ кӣ буд ва чӣ корнома дошт, дар ин матлаби мо хонед.

Дар бораи фармондеҳони баландпояи Эрон, ки дар ҳамлаи Армико ва Исроил кушта шуданд, дар ин матлаби мо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 37

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми сию ҳафтуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Талафоти бузург”. Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати Алии Хоманаиро ба Масъуд Пизишкиён ва миллати Эрон таслият гуфтааст

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ба Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури ин кишвар таслият баён кардааст.

Дар ин бора шоми 1-уми март Сафорати Эрон дар Душанбе хабар дод. Имрӯз барқияи раисҷумҳури Тоҷикистон дар сомонаи ӯ ҳам нашр шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодани номае ба ҳамтои эронияш гуфтааст, ки “бо андуҳи зиёд” хабари куштори Алии Хоманаӣ ва ҷамъе аз масъулони ҳукумати Эронро дарёфт кардааст.

“Ин талафоти бузургро ба ҷаноби олӣ (Масъуд Пизишкиён) ва миллати шарифи Эрон таслият мегӯям”, – омадааст дар номаи раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, ӯ ба нақши Алии Хоманаӣ дар тавсеаи робитаҳои Тоҷикистону Эрон таъкид карда, гуфтааст, ки “дар ин рӯзҳои ғамангез, изҳори ҳамбастагии мардуми Тоҷикистонро ба кишвари дӯсту бародари Эрон иброз дошта, аз Худованди Муттаол барои ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар масири раҳмати Илоҳӣ қарор гирифтаанд, талаби мағфират ва барои пайвандони гиромияшон дар ин фоҷиаи ҳавлнок сабру шикебоӣ мехоҳам”.

Пештар аз ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз “ташаннуҷи бесобиқаи вазъ дар Ховари Миёна” нигаронии амиқ баён карда буд.

Бояд гуфт, хабари кушта шудани Алии Хоманаӣ субҳи имрӯз аз ҷониби мақомоти Эрон расман тасдиқ шуд. Гуфта мешавад, ки якҷо бо ӯ чанде аз пайвандонаш низ кушта шуданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷанги Амрико ва Исроил дар Эрон. Масъуд Пизишкиён ба мардумаш паём дод ва марги Хоманаиро таслият гуфт

Алӣ Хоманаӣ кӣ буд ва чӣ корномае аз худ боқӣ гузошт? Дар ин пайванд мутолиа кунед.

Ҳамчунин, дар Ҳамлаҳои Амрикову Исроил дабири Шӯрои олии дифоъ, вазири дифоъ, фармондаи кулли Сипоҳ ва раиси Ситоди кулли артиши Эрон низ кушта шуданд, ки дар бораи корномаи онҳо муфассал дар ин пайванд хонед.

Ёдовар мешавем, ки ҷанги нав дар Ховари миёна субҳи 28-уми феврал бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дертар артиши Эрон ҳам дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ ҳамла кард. Ҳоло ҳамлаҳои ҷонибҳо идома дорад. Талафот ва теъдоди кушташудагон дақиқ ҳисоб нашудааст.

Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳороти худ ошкор иброз доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Эрон посух дод, ки ба ҳар гуна таҷовуз сазовор ва қотеъ посух хоҳад гуфт.

Ҳоло вазъ печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 марти соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз даври аввали бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – 2026 оғоз шуда, то  28-уми апрел идома мекунад. Имсол дар 43 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, 50 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру навоҳии дигар нуқтаи сайёри бақайдгирӣ ташкил шудааст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 2 МАРТ

Соли 1960 – аввалин парвози ҳавопаймои Ил-18 дар хатсайри Сталинобод – Маскав анҷом дода шуд.

Соли 1960 – Комбинати қолинбофии Қайроқум ба истифода дода шуд.

Соли 1992 – Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид гардид.

Соли 1993 – Шурои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба нафту газ ташкил шуд.

Соли 2013 – Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо гардид.

Соли 2025 – Дар Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон) баргузор шуд. Бар пояи натиҷаҳои интихобот, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баранда ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аз курсии парлумон маҳрум шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1941 – Зодрӯзи Қурбон Холов, раққоси балет, Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистон.

Соли 1945 – Мавлуди Муҳиддин Олимпур, рӯзноманигор ва аккоси маъруфи тоҷик.

Муҳиддин Олимпур дар нашрияҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Адабиёт ва санъат”, хабаргузории “Ховар” ва ҳамчунин ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон кор кардааст.

Солҳои 1990-1995 Муҳиддин Олимпур мудири дафтари радиои ББС дар Душанбе буд. Олимпур муаллифи ду китоб ва силсилаи барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ буда, барои гузоришҳо ва аксҳои нотакрораш барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ шудааст.

Барномаҳои ӯ – “Аз Душанбе то Лос-Анҷелес” ва “Ситораҳо Шарқ” аз шоҳкорҳои журналистикаи телевизионии тоҷик эътироф шудаанд.

Олимпур дар баробари аксбардорӣ ва журналистӣ, муаллифи китобҳои “Раҳнамои суратгир” ва “Муҳиддини Олимпур – Бинишвари тоҷик” буда, садҳову ҳазорҳо аксҳои бардоштаи ӯ аз намояндагони илму адаби саросари дунё дар рӯзномаву маҷалла ва китобҳои мухталиф нашр шудаанд.

Ӯ ҳамчун журналист сермаҳсул буда, солҳои 1988-1991 барномаи овозадори Телевизиони Тоҷикистон – “Ситораҳои Шарқ”-ро пеш мебурд. Аз охири соли 1989 то интиҳои умраш барои бахши форсии радиои “BBC” аз авзои Тоҷикистон, бахусус бахши фарҳангӣ хабар пӯшиш медод. Инчунин, дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” то охири умр фаъолият кард ва қариб дар ҳар шумора аксу матолиб, хабар, гузориш, мақола, мусоҳибаҳояш ба нашр мерасиданд.

Муҳиддин Олимпур 12 декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе кушта шуд. Мақомот дар қатли Муҳиддин Олимпур 5 узви дастаи Нозим Юнусов, маъруф ба Эшони Нозим, як фармондеҳи нирӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Кофарниҳонро гунаҳкор карданд ва аксари онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Бештар дар ин бора дар ин матлаби мо хонед: Шаҳиди роҳи зебоӣ, ки 27 сол боз ангезаи қатлаш номаълум аст. Ёде аз Муҳиддин Олимпур.

Соли 1950 – Зодрӯзи Даврон Алиматов, ҳунарпеша ва сарояндаи тоҷик.

Даврон Алиматов, ки дар офаридани нақшҳои драмавию лирикӣ маҳорат хоса дорад, солҳо ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, киностудияи “Тоҷикфилм”, ҳунарпеша ва сарояндаи Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Хуҷанд буд.

Баъдан соли 2001 дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба дарсгӯӣ пардохт. Беҳтарин нақшҳояш дар саҳнаи театр нақши Юнус “Тангаи ҷиноятӣ”, Юнус дар “Ғори аҷинаҳо”, Зол дар “Зол ва Рӯдоба” маҳсуб меёбад.

Дар синамо бошад, нақши Раҳимдод дар “Ҳеҷбудагон ҳар чиз мешаванд”, ва Ҳофиз дар “Субҳи Ганг”-ро офаридааст. Ҳамчунин ҳунари хуби сарояндагӣ дошт.

Соли 1951 – Зодрӯзи Холмаҳмад Мавлонов, рӯзноманигори тоҷик.

Соли 1953 – Зодрӯзи Рустам Одинаев, рассоми синамо.

Соли 1958 – Мавлуди Акбар Мирраҷабов, овозхони опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Соли 1955 – Зодрӯзи Додоҷони Атовулло, рӯзноманигор, сиёсатмадори тоҷик ва яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон.

Додоҷон Атовуллоев охирҳои солҳои 1970 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст. Ӯ дар замони Шӯравӣ, солҳои 80 бо мақолаҳояш дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ» ва «Омӯзгор» шуҳрат ёфта, соли 1991 «Чароғи рӯз» — нахустин рӯзномаи хусусӣ дар Тоҷикистонро таъсис дод.

Ӯ аз поёни соли 1992 дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад. Ӯ то ибтидои солҳои 2000 дар Маскав кору зиндагӣ мекард, вале баъди чанд сӯиқасд ба ҷонаш ва чанд бор боздошт шуданаш бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба Олмон паноҳанда шуд.

Соли 1969 – Зодрӯзи Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси пешини кумитаи сохтмон ва меъморӣ.

Соли 1974 – Мавлуди Сироҷиддин Фозилов, овозхони шинохтаи мусиқии попи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Сироҷиддини Фозил Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон хатм кардааст. Солҳои аввали овозхониаш дар ансамбли “Шарора” ҳунар озмуда, баъдан як муддат ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, то соли 1999 дар он ҷо зистааст.

Баъди бозгашт ба гурӯҳи ҳунарии “Ватан” ва баъдан дар ансамбли эстрадии “Гулшан” ба фаъолият пардохт. “Гӯшаи бом” яке аз таронаҳои маъруфи овозхон аст, ки онро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими мусиқии “Суруди сол”, ки соли 2003 “Азия-плюс” ташкил кард, ҳамроҳи Сироҷиддин Фозилов хонда буд.

Ҳамчунни ӯ сарояндаи таронаҳои “Эй дилбари нозанин”, “Эй санам”, “Модарам”, “Султони қалбам”, “Дилбари раҳдурӣ”, “Кабобам” аст, ки дили шунавандагонашро тасхир кардааст.

Соли 1992 – Зодрӯзи Савлатмоҳ Ҳақназарова, ҳунарпешаи театру синамо ва садопешаи ҷавони тоҷик.

Соли 2010 – Иброҳим Ҳасанов, аввалин варзишгари олимпии Тоҷикистон аз заврақронӣ дар синни 73-солагӣ дар Эрон аз олам даргузашт.

Иброҳим Ҳасанов 11 карат қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар заврақронӣ буда, аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби ИҶШС оид ба заврақронӣ дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1960 дар Рим ва соли 1964 дар Токио ҳунарнамоӣ кардааст.

Ӯ солҳои 1984-1985 раҳбари Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, солҳои 1985-1991 раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва аввалин раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон буд. Инчунин ду маротиба вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Иброҳим Ҳасанов, ки чанд соли охири зиндагиаш тими мунтахаби қаиқронии Эронро машқ медод.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии гӯгирд таҷлил мешавад. Таърихи гӯгирди муосир ба соли 1805 бармехӯрад. Шапсел, кимиёгари фаронсавӣ аввалин гӯгирдҳои худгиронро ихтироъ кард. Инҳо чӯбҳои хурде буданд, ки сарашон аз омехтаи сулфур, хлориди калий ва киновар сохта шуда буд.

2 марти соли 1983 дар Британияи Кабир дискҳои компактӣ намоиш дода шуданд. Ин диск, ки диаметраш 12 см буд, бо истифода аз технологияи лазерӣ “Девятая симфония”-и Бетховенро сабт ва намоиш дод.

2 марти соли 1949 аввалин парвози ҳавопаймои бесарнишин дар атрофи ҷаҳон анҷом ёфт. Ин парвоз 94 соату 1 дақиқа идома кард ва бо истифода аз ҳавопаймои бомбаборони амрикоии Boeing B-50 Superfortress Lucky Lady II сурат гирифт. Давоми парвоз ҳавопаймо 4 маротиба бо сӯзишворӣ пур карда шуд ва масофаи 37 740 км (23 452 мил)-ро тай кард.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи таъсиси дастаҳои ихтиёрии посдорони тартибот (дар кишварҳои ИДМ) таҷлил мешавад.

Соли 1959 бо қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони СССР Рӯзи таъсиси дастаҳои ихтиёрии посдорони тартибот расман қабул карда шуд. Аввалин чунин гурӯҳҳо дар Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) таъсис ёфта, сипас ба дигар шаҳрҳо паҳн гардиданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона  дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва шабона дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, шабона дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф борида, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 1-3º сард, дар ғарби вилоят шабона -3+2º,  дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, баъзан борон борида, чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 0+2º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 2 ба 3-юми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҷанги Амрико ва Исроил дар Эрон. Масъуд Пизишкиён ба мардумаш паём дод ва марги Хоманаиро таслият гуфт

0

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, баъди оғози ҳамлаи Амрикову Исроил ба кишвараш, бори аввал аз худ дарак дода, дар паёми кӯтоҳе, ки онро Садову симои Эрон нашр кардааст, марги Алии Хоманаӣ, раҳбари Эронро таслият гуфтааст. 

Ин аввалин паёми навории дар пасманзари хабарҳои зиддунақиз дар бораи маргаш аст.

Пизишкиён дар навори кӯтоҳ гуфтааст, ки Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ "бо қудрат дар барҳам кӯбидани пойгоҳҳои душманон дар иқдоманд ва иқдом хоҳанд кард ва душманонро мисли ҳамеша ноумед хоҳанд кард".

Ҳамчунин, ахиран хабаргузории ИЛНА-и Эрон бо такя ба манобеи худ, аз эҳтимоли кушта шудани раисҷумҳури пешини кишвар Маҳмуд Аҳмадинажод хабар медиҳад. Мақомоти расмии Эрон ин хабарро ҳоло тасдиқ накардаанд. Давоми рӯз дар бораи бомбборон шудани хонаи Аҳмадинажот хабарҳои зиддунақиз нашр шуда буданд.

Бояд гуфт, дар замони "ҷанги 12-рӯза" ҳам дар бораи кушта шудани Маҳмуд Аҳмадинажод хабарҳои ҷаълӣ нашр шуда буд, аммо баъдан он аз сӯйи мақомоти Эрон такзиб шуда буд.

Бояд гуфт, Маҳмуд Аҳмадинажод аз мунтақидони сарсахти режими Исроил ва Амрико буд ва ҳамеша бо лаҳни тунд аз онҳо ном мебурд.

 

Дар ҳамин ҳол, рӯзи дуюми ҷанги Амрико ва Исроил дар Эрон бо мушакборону бомбафканӣ идома кард.

Артиши Исроил эълон кард, ки ду исроилӣ дар ҳамлаҳои Эрон ба Исроил кушта шудаанд. Илова бар ин, Вазорати беҳдошти Исроил гуфтааст, ки дар пайи ҳамлаҳои Эрон 456 тан дар Исроил ба бемористонҳо интиқол ёфта, 86 нафарашон то кунун дар бахши муроқибати махсус қарор доранд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дабири Шӯрои олии дифоъ, вазири дифоъ, фармондаи кулли Сипоҳ ва раиси Ситоди кулли артиши Эрон кушта шуданд

Ҳамчунин, расонаҳо аз мавҷи нави ҳамлаҳои Эрон ба кишварҳои арабӣ гузориш додаанд.

Баҳрайн: расонаҳои ин кишвар муддаи шудаанд, ки сомонаҳои дифои ҳавоии Баҳрайн маввҷи нави мушакҳои Эронро раҳгирӣ кардаанд. Онҳо навиштаанд, ки "пораҳои маҳдуд"-и мушакҳо дар чанд минтақа фуруд омадааст.

Кувайт: Расонаҳои Кувайт ҳам аз раҳгирии "теъдоде аз ҳаракатҳои душманона" аз сӯи падофанди ҳавоии ин кишвар гузориш додаанд. Гуфта мешавад, дар ин "ҳаракатҳо" талафоте сабт нашудааст.

Қатар: Вазорати дифоъи ин кишвар гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва сомонаҳои дифоъи ҳавоии он "бомуваффақият" ба ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳое, ки Эрон ба самти фазои ҳавоии Қатар партоб кардааст, муқовимат кардаанд".

Имороти муттаҳидаи арабӣ: Расонаҳо навиштаанд, ки як зан бо фарзандаш пас аз раҳгирии як паҳпод аз сӯи падофанди Имороти муттаҳидаи арабӣ ва бархӯрди он ба бурҷҳои Абу-Забӣ захмӣ шудаанд.

Эрон: "ИРНА" навиштааст, ки Амрико ва Исроил ба Теҳрон 60 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додаанд ва дар пайи ин 57 тан кушта шудааст.

Ҳамчунин, дар чанд соати гузашта расонаҳои Эрон аз чанд ҳамлаи нав дар шаҳрҳои гуногуни он хабар додаанд. Аз ҷумла, наворҳое нашр шуд, ки дар чанд нуқтаи Теҳрон баланд шудани дудро нишон медиҳад.

Расонаҳои Эрон аз кушта шудани Ғуломризо Ризоиён, раиси Созмони иттилооти фармондеҳии интизомии ин кишвар хабар доданд.

 

Маълумоти то ин замон тасдиқшуда

Алӣ Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон ҳамроҳ бо чанд пайвандонаш кушта шудааст. Мақомоти расмии Эрон ин хабарро тасдиқ карданд. Раисҷумҳурони чанде аз кишварҳо ба Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон таслият изҳор мекунанд. Дар ин робита дар Эрон 40 рӯзи мотам ва як ҳафтаи ғайрикорӣ эълон шудааст.

Дар пайи кушта шудани Хоманаӣ, ҳайати шӯрое, ки то интихоби роҳбари нав давлатро идора мекунад, маълум шуд. Ба ҳайати он нафарони зерин шомил шуданд:

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳеҷ гоҳ бо Амрико канор наёмад. Алӣ Хоманаӣ кӣ буд ва чӣ корномае аз худ боқӣ гузошт?

-Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳур;

– Ғулом Ҳусейн Муҳсини Эжаӣ;

– Алиризо Аърофӣ, аз фақеҳони Шӯрои нигаҳбони Эрон.

Ҳамчунин, чандин фармондеҳони воломақоми Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон кушта шудаанд. Аз ҷумла, дабири Шӯрои олии дифоъ, вазири дифоъ, фармондаи кулли Сипоҳ ва раиси Ситоди кулли артиши Эрон кушта шудаанд.

Хабаргузории ИРНА навишт, ки дар пайи ҳамлаи Исроил ва Амрико ба як мактаб дар шаҳристони Миноби вилояти Ҳурмузгони ин кишвар ба 148 тан кушта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҷанги нав дар Ховари миёна субҳи дирӯз бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дертар артиши Эрон ҳам дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ ҳамла кард.

Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳороти худ ошкор иброз доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Эрон посух дод, ки ба ҳар гуна таҷовуз сазовор ва қотеъ посух хоҳад гуфт.

Ҳоло вазъ печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дабири Шӯрои олии дифоъ, вазири дифоъ, фармондаи кулли Сипоҳ ва раиси Ситоди кулли артиши Эрон кушта шуданд

0

Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон, чандин сокини осоишта, хонандагони мактаб ва теъдоде аз фармондеҳони Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон кушта шуданд. Аз ҷумла, дар рӯзи аввали ҷанг дабири Шӯрои олии дифоъву вазири дифоъ ва фармондеҳи кулли Сипоҳу раиси ситоди кулли артиши Эрон кушта шуданд. Онҳо кӣ буданд ва чӣ корнома доштанд?

 

Алӣ Шамхонӣ – дабири Шӯрои олии дифоъ

Алӣ Шамхонӣ аз поягузорони Сипоҳи посдорони Инқилоб исломӣ ва дар тӯли ҷанги Эрон ва Ироқ аз фармондеҳони аршади сипоҳ буд. Ӯ дар ибтидои ҷанг фармондеҳии сипоҳ дар Хузистонро бар уҳда дошт.

Хабаргузориҳои Эрон хабари кушта шудан Алӣ Шамхониро бар асари ҳамлаҳои Исроил ва Амрико тасдиқ карданд.

Ҳудуди ҳашт моҳ пеш дар нахустин рӯзи “ҷанги 12-рӯза” сару садоҳое дар бораи кушта шудани ӯ мунташир шуд, вале пас аз чанд рӯз расонаҳои эронӣ хабар доданд, ки ӯ захмӣ шудааст ва аз ҳамлаҳои Исроил ҷони солим ба дар бурдааст.

Шамхонӣ пас аз “ҷанги 12-рӯза”, дабир ва намояндаи Алии Хоманаӣ дар Шӯрои тозатаъсиси олии дифоъ шуд.

Дар тирамоҳи соли гузашта бо ҷанҷоли пахши филми арӯсии духтараш рӯбарӯ шуд ва онро кори исроилиҳо донист ва дар шабакаи “Х” навишт: “Ҳаромзодаҳо, ман ҳанӯз зиндаам”.

 

Ӯ ҳафтаи гузашта пеш аз шуруи охирин даври музокирот Эрон ва Амрико дар шабака “Х” ба ҳимоят аз Аббос Ароқчӣ навишт: “Агар масъалаи аслии музокирот, манъи сохти силоҳи ҳастаӣ аз сӯи Эрон бошад, ин амр мувофиқ ба фатвои раҳбарӣ ва докторинаи дифои Эрон буда, тавофуқи фавриӣ дар дастрас аст. Ароқчӣ аз ҳимоят ва ихтиёри кофӣ барои ин тавофуқ бархӯрдор аст”.

Дар солҳои ахир Шамхонӣ борҳо ба тавофуқи ҳастаии Эрон ва Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури пешин, тохта буд ва аз Қонуни роҳбурди Маҷлис барои лағви таҳримҳо ҳимоят карда буд.

Шамхонӣ соли гузашта дар як мусоҳибаи интиқодӣ, Рӯҳониро ба “беамалӣ” дар сиёсати хориҷӣ ва дар муқобили хурӯҷи Амрико аз “Барҷом” муттаҳам кард ва Маҳмуд Аҳмадинажодро поягузори ихтилоф дар кишвар хонд.

Дар корномаи Алӣ Шамхонӣ, чеҳраи низомӣ ва амниятӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон унвонҳои монанди фармондеҳ, дарёбон, стратегист ва дипломат ба чашм мехӯрд. Ин чеҳраи шинохташуда худашро фарзанди инқилоб медонист ва гуфта буд, “ҳама ҳувиятам аз ин инқилоб аст ва ҳанӯз ҳам худамро сарбози инқилоб медонам”.

Шамхонӣ ба унвони низомии “миёнарав”  шинохта мешуд ва аз камтарин чеҳраҳое буд, ки аз ибтидои инқилоб то кунун дар саҳнаи сиёсӣ, низомӣ ва амниятӣ ҳузур дошт.

 

Азиз Насирзода, вазири дифоъ

Азиз Насирзода соли 1964 дар Озарбойҷони шарқӣ ба дунё омада, солҳо дар Ҷумҳурии исломии Эрон дар мансабҳои низомӣ хидмат кардааст.

Ӯ моҳи августи соли 2024 вазири дифои Эрон таъйин шуда буд.

 

Насирзода фаъоляити низомии худро дар солҳои 80-ум шуруъ кардааст. Дар солҳои ҷанги Эрон ва Ироқ халабони Неруҳои ҳавоии Эрон буд ва ҳавопаймои F-14- ро идора мекард.

Баъдтар ӯ ба ҳайси муовини фармондеҳи Неруи ҳавоии артиш, фармондеҳи Неруи ҳавоии артиши Эрон ва то расидан ба мақоми вазири дифоъ, ҳамчун ҷонишин раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ ифои вазифа кардааст.

 

Муҳаммад Покпур, фармондаи кулли Сипоҳи посдорон 

Ӯ аз мансабдорони баландпоя ва аз ашхоси ба роҳбари олии кишвараш наздик ном бурда мешуд.

Муҳаммад Покпур дар аввалин рӯзи ҷанги дувоздаҳрӯза, дар 13 июни соли 2025, пас аз куштани Ҳусейн Саломӣ, аз ҷониби фармондаи кулли нерӯҳо дараҷаи сарлашкарӣ гирифт ва фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон шуд.

Сарлашкар Муҳаммад Покпур ҳамон рӯз дар номае ба Алӣ Хоманаӣ навишт: “Барои таҳаққуқи ваъдаи имоми азизамон ва қасоси хуни фармондаҳон, донишмандон ва мардуме, ки дар хуни худ ғалтиданд, ба зудӣ дарҳои ҷаҳаннам ба рӯи ин режими кӯдаккуш кушода хоҳад шуд”.

Ӯ дар 8 моҳ ва чанд рӯзе, ки фармондаҳии кулли Сипоҳи посдоронро бар уҳда дошт, ҳамвора бар омодагӣ барои ҷанг, тавсеаи тавони мушакӣ ва таҳдиди мустақими Амрико ва Исроил таъкид мекард.

Муҳаммад Покпур борҳо ҳушдор дод, ки нерӯҳои Сипоҳ “дар баландтарин сатҳи омодагӣ” қарор доранд ва “ангуштамон рӯи моша аст” ва ҳар гуна хатои ҳисобӣ аз ҷониби Вашингтон ё Тел-Авив бо посухи фаврӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

 

Ӯ инчунин таъкид мекард, ки Эрон дар авҷи қудрат қарор дорад ва дар сурати ҳамлаи дубора, посухе “шадидтар ва кӯбандатар” хоҳад дод. Покпур ҳатто ҳушдор дода буд, ки агар таҳдидҳо идома ёбад, Эрон ҷангро “аз ҳамон ҷое, ки мутаваққиф шуд, аз сар хоҳад гирифт”.

Дар суханрониҳо ва паёмҳои расмӣ, ӯ бар тавсеаи фановариҳои низомӣ — аз ҷумла тавони мушакӣ ва истифодаи фановариҳои навини ҷангӣ — таъкид дошт ва ҷанги дувоздаҳрӯзаро “ҷанги фановарӣ” тавсиф мекард, ки дар он Эрон бо маҷмӯае аз қудратҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Муҳаммад Покпур дар мавзеъҳои минтақавӣ низ аз густариши ҳамкории низомӣ бо нерӯҳои ҳамсӯ дар минтақа сухан мегуфт ва таъкид мекард, ки “меҳвари муқовимат” ба мувоҷиҳа бо “душманони минтақа” идома хоҳад дод.

Дар маҷмӯъ, давраи кӯтоҳи фармондаҳии Муҳаммад Покпур бар Сипоҳи посдорон бо адабиёти шадиди ҷангӣ ва таҳдидомез ҳамроҳ буд — адабиёте, ки аз ваъдаи “кушодани дарҳои ҷаҳаннам” дар нахустин рӯзи фармондаҳӣ оғоз шуд ва то охирин моҳҳои ҳузури ӯ дар раъси Сипоҳ, бо таъкиди доимӣ бар омодагӣ барои рӯёрӯии низомӣ идома ёфт.

 

Абдурраҳим Мусавӣ, раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳ

Ӯ соли 1960 дар Қум таваллуд шуда, аз чеҳраҳои собиқадори артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон будааст. Раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳ таъйин шудани ӯ тағйире дар сохтори фармондеҳии низомии Эрон буд, зеро аввалин бор ин мақом, ки пеш аз ин ҳамеша дар ихтиёри фармондеҳони Сипоҳ буд, ба як фармондеҳи артиши Эрон дода шуд.

 

Абдурраҳим Мусавӣ соли 1979 ба артиши Эрон пайваст. Ӯ доктори илм дар маъмурияти дифоӣ аз Донишгоҳи олии дифои миллӣ аст. Мусавӣ дар ҷанги Эрон ва Ироқ ҳузури чашмгир дошт.

Пас аз анҷоми ҷанги Эрон ва Ироқ, Мусавӣ дар сохтори артиши Эрон ба суръат боло рафт.

Байни солҳои 2005-2009 раиси Ситоди муштараки артиши Эрон буд ва пас аз он то соли 2016 дар мақоми фармондеҳи умумии артиши Эрон хидмат кард. То соли 2018 ҳамчун ҷонишинии раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳро бар уҳда дошт. Дар он сол бо баланд бардоштани дараҷаи сарлашкарӣ, ба фармондеҳии кулли артиши Эрон таъин шуд ва ҳафт сол дар ин мақом монд.

Абдурраҳим Мусавӣ аз соли 2017 то моҳи июни соли 2025 фармондеҳии кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эронро ба уҳда дошт.

Мусавӣ дар бораи зиндагии шахсии худ гуфтааст, ки падари ӯ коргоҳи ресандагӣ дошт ва ӯ аз шашсолагӣ дар он ҷо кор мекард. Ӯ дар 23 –  солагӣ оиладор шуд ва ду писар дорад.

Ӯ тобистони соли гузашта пас аз кушта шудани Муҳаммад Боқирӣ дар “ҷанги 12-рӯза” раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳ таъйин шуда буд.

Ҳоло ба ҷойи ин фармондеҳони аршади Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон кӣ таъйин шудааст, ба таври комил маълум нест.

Баъзе расонаҳо менависанд, Аҳмад Воҳидӣ фармондеҳи нави Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон таътин шудааст. Мақомоти Эрон расман иттилое надодаанд. Ба курсиҳои дигар киҳо таъин шудаанд, номаълум аст.

Ҷанг Амрикову Исроил дар Эрон идома дорад. Пас аз як рӯзи ҷанг, дар Эрон садҳо сокини осоишта ва мақомдорон кушта шудаанд. Аз ҷумла, субҳи имрӯз мақомоти Эрон тасдиқ карданд, ки Алӣ Хоманаӣ, роҳбари олии кишвар бо ҷамъе аз пайвандонаш кушта шудааст.

Эрон ҳам дар посух ба Изроил ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар кишварҳои арабии Ховари миёна зарба мезанад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳеҷ гоҳ бо Амрико канор наёмад. Алӣ Хоманаӣ кӣ буд ва чӣ корномае аз худ боқӣ гузошт?

0

Алӣ Хоманаӣ, роҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба кишвараш дар дафтари кориаш кушта шуд. Даргузашти ӯро субҳи имрӯз, 1-уми март, мақомдорони Эрон расман тасдиқ карданд. Дар пайи кушта шудани Алии Хоманаӣ дар Эрон 40 рӯзи мотам эълон шудааст.

Хоманаӣ яке аз бонуфузтарин ва дарозмуддаттарин роҳбарони таърихи муосири Шарқи Миёна буд. Ӯ аз як рӯҳонии ҷавони мухолиф корномаашро шурӯъ карда, баъди инқилоб бо паси сар кардани чанд мансаб, аввал раисҷумҳур интихоб ва пасон роҳбари мутлақи Ҷумҳурии Исломӣ баргузида шуд.

Дар тӯли беш аз 35 соли раҳбарӣ, Эронро бо идеологияи сахти зидди Ғарб, зидди Исроил ва зидди либерализм идора кард. Бо шаш раисиҷумҳур кор кард, аммо қудрати ниҳоӣ ҳамеша дар дасти худи ӯ монд. Мо бо истифода аз матолиби расонаҳо зиндагӣ ва муҳимтарин нукоти корномаи ӯро гирд овардем.

 

Таваллуд ва ташаккули шахсияти ӯ

Алӣ Хоманаӣ рӯзи 17-уми июли соли 1939 дар шаҳри Машҳад, дар шимолу шарқи Эрон, ба дунё омадааст. Падараш Ҷавод Хоманаӣ, рӯҳоние буд, ки дар Наҷаф (Ироқ) ба дунё омада ва солҳо дар Табрез зиндагӣ карда буд, аммо дар ниҳоят дар Машҳад маскан гирифт ва имоми ҷумъаи масҷиди озариҳои он шаҳр шуд. Модараш духтари як рӯҳонии маъруф буд, ки насабаш ба Мирдомод, олими бузурги давраи Сафавия мерасид.

Алӣ дуюмин писари Ҷавод буд. Падараш аз ҳамсари аввалаш се духтар дошт. Номи оилааш аз деҳаи хурде дар Озарбойҷон — Хоманаӣ — гирифта шуда буд.

Вай аз ҷавонӣ ба таҳсилоти динӣ рӯ оварда, дар мактаби ҳавзавии Машҳад ба таҳсил пардохт. Муддати кӯтоҳе ба Наҷаф рафт, баъд ба шаҳри Қуми Эрон баргашт ва дар ҳавзаи илмии он ҷо таҳсилро идома дод.

Дар Қум шогирди чанд рӯҳонии шинохтаи давр шуд, аз ҷумла Оятуллоҳ Буруҷардӣ — марҷаи олии мазҳаби шиа, Оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ, ки баъдтар раҳбари инқилоби исломӣ шуд, Оятуллоҳ Табатабоӣ – файласуф ва муфассири Қуръон ва Оятуллоҳ Мунтазарӣ – фақеҳи бонуфуз. Пас аз хатми таҳсил дар Қум, ӯ дубора ба Машҳад баргашт ва таҳсилашро дар он ҷо ба поён расонд.

 

Муборизаи пеш аз инқилоб

Дар солҳои 1960-ум ва 1970-ум, дар замони шоҳи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ, Алӣ Хоманаӣ ба мухолифин пайваст. Ӯ дар Машҳад ба нутқ ва суханронии зидди низоми шоҳ пардохт. Дастгоҳи амниятии шоҳ (Совок) ӯро борҳо дастгир кард, чанд маротиба ба зиндон афтод ва як маротиба ба шаҳри дурдасти Эронпур дар Систон табъид шуд.

Бо вуҷуди он ки шогирди Хумайнӣ буд, Алӣ Хоманаӣ дар остонаи инқилоб дар ҳалқаи ёрони наздики ӯ набуд ва гуфта мешавад, ки дар Шӯрои аввалини инқилоб низ ҳузур надошт. Танҳо бо пешниҳоди Муҳаммад Биҳиштӣ ва Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба ин шӯро ворид шуд.

 

Инқилоби соли 1979 ва аввалин масъулиятҳо

Инқилоби исломии феврали соли 1979 ҳокимиятро аз шоҳ гирифт ва Ҷумҳурии Исломиро бунёд гузошт. Хоманаӣ дар ин давра нахуст муовини вазири дифоъ шуд. Сипас чанд моҳ сарпарасти Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ (СПИИ) гардид, аммо барои иштирок дар интихоботи маҷлис аз ин мансаб канор рафт.

Дар соли 1979, пас аз даргузашти Маҳмуд Толиқонӣ – нахустин имоми ҷумъаи Теҳрон Хумайнӣ, роҳбари олии вақт, Хоманаиро ба ин мақоми бонуфуз таъин кард. Хоманаӣ 46 сол – то рӯзи маргаш ин мақомро дар даст дошт.

 

Чӣ гуна раисиҷумҳур (1981-1989) шуд?

Дар тобистони соли 1981, Абулҳасан Банисадр – нахустин раисиҷумҳури Эрон аз мақомаш бозхонд шуд. Хоманаӣ аз мунтақидони сарсахти ӯ буд ва дар маҷлис зидди ӯ суханронӣ мекард.

Ҳамон сол, дар рӯзи 28-уми июни 1981, таркиши бузурге дар дафтари Ҳизби ҷумҳурии исломӣ рӯй дод ва шумори зиёде аз роҳбарони баланди Ҷумҳурии Исломӣ кушта шуданд. Хоманаӣ аз он таркиш ҷон ба дар бурд, чун рӯзи пеш – рӯзи 27 июн дар масҷиди Абузар таркиши бомбе ӯро ба шиддат маҷрӯҳ карда буд: дасти росташ барои ҳамеша аз кор афтод ва ӯ рӯзи 28-ум дар беморхона буд, на дар дафтари ҳизб. Ин ҳодиса ногоҳ ӯро аз марг наҷот дод.

Баъд аз куштани раисиҷумҳур Раҷоӣ ва нахуствазир Боҳунар дар таркиши августи 1981, Хумайнӣ, роҳбари инқилоби исломӣ, Хоманаиро барои интихоботи раёсатиҷумҳурӣ тасдиқ кард. Хоманаӣ бо раъйи баланд сеюмин раисиҷумҳури Эрон ва нахустин рӯҳоние шуд, ки ин мақомро мегирифт. Дар соли 1985 бори дуюм ба ин мансаб интихоб шуд.

 

Давраи раёсатиҷумҳурӣ ва ихтилоф бо нахуствазир

Нахуствазири ӯ дар тамоми ин ҳашт сол Мирҳусейн Мусавӣ буд. Ихтилофи байни Хоманаӣ ва Мусавӣ доимӣ ва ҷиддӣ буд – аз сиёсати иқтисодӣ гирифта то усули идоракунии кишвар.

Мусавӣ борҳо истеъфо дод, аммо ҳар маротиба Хумайнӣ ё худи Хоманаӣ онро рад мекард. Хоманаӣ мехост нахуствазирро иваз кунад, аммо Хумайнӣ Мусавиро дастгирӣ мекард. Ин ихтилоф ҳатто ба ҳакамияти мустақими Хумайнӣ кашида шуд.

Дар ин солҳо, Эрон дар ҷанги хунин бо Ироқ (1980-1988) буд. Саддом Ҳусейн дар сентябри 1980 ба Эрон ҳуҷум кард. Ҷанг 8 сол давом кард ва зиёда аз ним миллион нафар кушта шуданд. Дар соли 1988 оташбас шуд.

 

Чӣ тавр раҳбари олии Эрон шуд (1989 то охир)

Дар апрели соли 1989, Хумайнӣ ногаҳон Оятуллоҳ Ҳусайналӣ Мунтазарӣ – қоимуқоми расмии раҳбариро аз ин мақом барканор кард. Мунтазарӣ аз сиёсати эъдоми гурӯҳии зиндониён сиёсӣ дар соли 1988 интиқод карда буд. Чанд ҳафта баъд, рӯзи 3-юми июни соли 1989, Хумайнӣ даргузашт. Эрон бидуни ҷонишини омода монд.

Маҷлиси хабрагон (соҳибтаҷрибаҳо), ки масъулияти таъйин, аз кор гирифтан ё назорати роҳбарияти кишварро ба зимма дорад, дар ҳамон шаб ва рӯзи баъд ҷаласа гузошт. Дар ҷаласаи охир Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ гуфт, ки аз фарзанди Хумайнӣ шунидааст, падараш Алӣ Хоманаиро барои раҳбарӣ пас аз худ дар назар дошт. Ин сухан асар кард. Аз 74 намояндаи хабрагон 68 тан бархостанд ва ба Хоманаӣ раъй доданд.

Мушкиле вуҷуд дошт: қонуни асосӣ барои раҳбар мартабаи марҷаи тақлидро шарт мегузошт ва Хоманаӣ ба ин мартаба расида набуд. Ин мартаба ба олиме дода мешуд, ки аз улуми дин комилан огоҳ буд ва дигар мусулмонон метавонистанд дар масоили шаръӣ ба ӯ тақлид кунанд. Аммо дар тағйироти моҳи августи ҳамон сол ин шарт аз қонуни асосӣ хориҷ ва Хоманаӣ раҳбари доимии Ҷумҳурии Исломӣ эълон шуд.

 

Нигоҳдории қудрат ва саркӯби мухолифон

Пас аз ба раҳбарӣ расидан, Хоманаӣ мухолифони дохилии низомро ба канор гузошт. Шӯрои олии қазоиро бо як рӯҳонии наздикаш – Муҳаммад Яздӣ иваз кард. Дар интихоботи давраи дуюми Маҷлиси хабрагон (соли 1990), Шӯрои нигаҳбон салоҳияти аксар номзадони ҷиноҳи чапро рад кард ва бад-ин тартиб маҷлиси хабрагон пурра дар дасти тарафдорони Хоманаӣ монд.

Мартабаи марҷаиятро ҳам тадриҷан барои худ таъмин кард. Дар аввал аксар марҷаъҳои динӣ ӯро танҳо ба ҳайси “раҳбари сиёсӣ” мешинохтанд, на марҷаи тақлиди динӣ (Оятуллоҳ). Аммо бо гузашти вақт, бо ёрии рӯҳониёни вафодораш дар ҳавза, мартабаи марҷаияти ӯ дар дохили Эрон ба расмият шинохта шуд.

 

Раисиҷумҳурони давраи раҳбарии Хоманаӣ

Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ (1989–1997): Рафсанҷонӣ дӯсти қадимии Хоманаӣ ва яке аз кунунгузорони асосии Ҷумҳурии Исломӣ буд. Давраи ӯ замони "бозсозии иқтисодӣ" буд – хусусисозӣ, кушодани бозор ва барқарор кардани хаҷми иқтисод пас аз ҷанг. Аммо фасод ҳам густаш ёфт. Дар ин давра, дар хориҷ мухолифони Эрон кушта мешуданд (дар Олмон, Фаронса ва Туркия). Машҳуртарини онҳо куштани роҳбарони курди Эрон дар тарабхонаи Микконос дар Берлини Олмон (соли 1992) буд. Баъдтар додгоҳи Олмон гуфт, ки ин амалиёт бо дастури мақомоти олии Эрон анҷом гирифта. Ҳарчанд Эрон расман ҳеҷ гоҳ инро эътироф накардааст.

Муҳаммад Хотамӣ (1997–2005): Хотамӣ бо шиори “ислоҳот” ва “мутолааи тамаддунҳо” ва бо раъйи ҳайратовари мардум пирӯзи интихобот шуд. Дар оғоз ба матбуот, ҳизбҳои сиёсӣ ва фаъолони ҷомеаи маданӣ озодии бештар дод, то ҳарфашонро гӯянд, вале дертар “дасту пой”-и раисҷумҳур кӯтоҳ шуд ва аз ҷониби ниҳодҳои зери назорати Хоманаӣ – Шӯрои нигаҳбон, қохи Хоманаӣ ва дастгоҳи амниятӣ – рӯзномаҳои ислоҳотхоҳ баста ва фаъолони ҷомеа зиндонӣ шуданд. Хотамӣ дар солҳои охири давраи раёсаташ тақрибан дасту пояш баста буд.

Маҳмуд Аҳмадинажод (2005–2013): Аҳмадинажод раисҷуҳури “дилдарёб” ва пойбанд ба принсипҳои инқилоб шинохта мешуд. Давраи ӯ давраи авҷи мухолифат бо Ғарб, созиши барномаи ядроӣ ва суханони тезу тунди зидди Исроил буд. Баъди интихоботи баҳсноки июни 2009, ки дар он мухолифон гуфтанд натиҷа тақаллубӣ буд, Ҷунбиши сабз рӯйи кор омад. Миллионҳо эронӣ ба кӯча баромаданд. Хоманаӣ шахсан дар намози ҷумъа бо суханони тунд аз Аҳмадинажод дифоъ кард ва эътирозот бо куштор ва зиндонӣ кардани мухолифон хомӯш шуд.

Ҳасан Рӯҳонӣ (2013–2021): Рӯҳонӣ дипломат ва миёнарав буд. Дар давраи ӯ муҳимтарин дастоварди дипломатии Эрон – Созишномаи ядроии JCPOA (соли 2015) ба имзо расид. Тибқи ин созишнома Эрон ғанисозии уранро маҳдуд мекард ва дар ивазаш таҳримҳои байналмилалӣ рафъ мешуданд. Аммо дар моҳи майи соли 2018 Доналд Трамп Амрикоро аз ин созишнома берун кашид ва таҳримҳои сахттарро барқарор кард. Иқтисоди Эрон ба шиддат осеб дид, арзи миллӣ суқут кард. Дар январи соли 2020, дар ҳамлаи тайёраи амрикоӣ дар Ироқ, генерал Қосим Сулаймонӣ – сарвари Сипоҳи Қудс ва яке аз бонуфузтарин шахсиятҳои Эрон кушта шуд. Хоманаӣ ин амалро “террори давлатӣ” хонд.

Иброҳим Раисӣ (2021–2024): Раисӣ додрас ва вафодори Хоманаӣ буд. Дар моҳи сентябри соли 2022, духтари ҷавоне ба номи Маҳсо Аминӣ аз ҷониби гашти иршод ба хотири нопӯшидани ҳиҷоб дастгир шуд ва ҳангоми боздошт ҷон бохт. Эрон ба оташ кашида шуд. Шиори “Зан, зиндагӣ, озодӣ” ба саросари кишвар паҳн шуд. Эътирозот моҳҳо давом кард ва ба иттилои расонаҳо садҳо тан куштаву ҳазорон кас зиндонӣ шуданд.

Дар моҳи майи соли 2024, Раисӣ дар кӯҳҳои Озарбойҷони Шарқии Эрон ба таври мармуз ба ҳалокат расид Тибқи мулоҳизоти расмӣ, ин ҳодиса тасодуфан буд. Баъд аз марги Раисӣ интихобот баргузор шуд.

Масъуд Пизишкиён (2024 то лаҳзаи марги Хоманаӣ): Пизишкиён – табиб ва намояндаи маҷлис аз Табрез дар интихоботи июли соли 2024 бо шиори миёнарав ва дарвозаи дипломатӣ бо Ғарб дар интихоботи раиёсатҷумҳурӣ пирӯз шуд. Аммо дар замони роҳбарии ӯ ҳам дар Эрон эътирозоти оммавӣ ба миён омад ва он то кунун идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди интихоби раисҷумҳурон аз сӯйи мардум, Хоманаӣ қудрати ниҳоии давлатиро дар дасти худ нигоҳ медошт ва ҳокими мутлақи Эрон буд.

 

Мухолифат бо Амрико

Мухолифат бо Амрико дар корномаи Хоманаӣ басо барҷаста аст, зеро ӯ қариб ним аср бо ИМА ва ҳамзамон бо аксар мамолики ғарбӣ мухолифати ҷиддӣ ва оштинопазир дошт.

Аслан, ба қавли таҳлилгарон, мухолифати Хоманаӣ бо Амрико решаи идеологӣ ва таърихӣ дошт. Аз назари ӯ, Амрико кишваре буд, ки дар соли 1953 Мусаддиқро, ки бо инқилоб мехост шоҳро сарнагун созад, шикаст дода, Паҳлавиро дар садри қудрат нигоҳ дошта буд. Ӯ ҳамеша дар суханрониҳояш Амрикоро “Шайтони бузург” меномид.

Дар давраи раҳбарии ӯ, чанд лаҳзаи буҳронӣ буд: ҳангоме ки Амрико ба Ироқ ҳуҷум кард (соли 2003), Эрон тавонист нуфузашро дар он кишвар густаш диҳад. Барномаи ядроии Эрон аз солҳои 2000-ум ба манбаи асосии кашмакаши байни Теҳрон ва Вашингтон табдил шуд. Пас аз JCPOA ва хуруҷи Трамп аз он, Эрон ғанисозии уранро то 60% ва баъдтар то 84% баланд бурд, яъне дар остонаи сохти силоҳи ҳастаӣ буд.

Алӣ Хоманаӣ ва дигар мансабдорони давраи ӯ ҳамвора мегуфтанд, ки барномаи ҳастаиашон сулҳомез аст ва барои исботи он борҳо ба мизи музокирот нишастанд. Аммо дар умум Алӣ Хоманаӣ ҳеҷ гоҳ шахсан бо мансабдорон ё намояндагони Амрико гуфтушунид накард. Хоманаӣ барои музокирот аксар вақт вазири умуми хориҷаашро равон мекард, вале худаш бар ин бовар буд, ки Амрико сулҳҷӯ нест. Ӯ ҳатто бо раисҷумҳури кишвари мухолифаш шахсан боре ҳам гуфтугӯ накард ва ҷониби дигарро “шоистаи мулоқот” намедонист. Доналд Трамп ҳам дар як мусоҳибаашро ин нуктаро зикр карда буд.

 

Рӯёрӯӣ бо Исроил ва ҳаводиси солҳои охир

Хоманаӣ Исроилро давлати ношаръӣ меномид ва мехост, ки тавассути гурӯҳҳои таҳти нуфузаш – Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҳамос дар Ғазза ва гурӯҳҳои вобаста дар Ироқ ва Яман – фишори доимӣ ба Исроил ворид кунад.

Пас аз ҳуҷуми Ҳамос ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ва ҷанги баъдии Ғазза, кашмакаш шиддат гирифт. Исроил роҳбарони Ҳамосро як ба як ҳадаф қарор дод, ҳамлаҳои зиёде ба Лубнон зад ва Ҳизбуллоҳро ба шиддат заиф кард.

Дар апрели соли 2024, Исроил консулхонаи Эронро дар Димишқ зарба зад ва чанд афсари баланди Сипоҳи посдорон кушта шуданд. Эрон дар посух аввалин ҳамлаи мустақими мушакиро ба Исроил анҷом дод. Исроил боз ҷавоб гуфт.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
ФАВРӢ! Алии Хоманаӣ, роҳбарии олии Эрон кушта шудааст

Тобистони соли 2025 ҳам Исроил ба хоки Эрон ҳамлаи таҷовузкорона анҷом дод ва чанд тан олимони соҳаи ҳастаӣ ва мақомдорони баландпояи ин кишварро мавриди ҳадаф қарор дод. Эрон дар посух ба Исроил борҳо мушак зад, ки пойтахти он – Телалив ҳам хисороти ҷиддӣ бардошт. Ин даргирӣ 12 рӯз идома кард.

Дар ҳамлаи муштараки Амрикову Исроил дар охири моҳи феврали имсол дафтари кории роҳбари олии Эрон мавриди ҳадаф қарор дода шуд. Дар натиҷа Алии Хоманаӣ ба ҳалокат расид. Ӯ 86 сол дошт ва 37 сол роҳбари олии Эрон буд.

Ғайр аз ӯ, дар пайи ин ҳамла, боз як духтар, набера ва домодаш, инчунин, Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои дифоъ ва Муҳаммад Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи Посдорони Эрон ва чанде дигар аз мансабдорони радаи аввали ин кишвар кушта шудаанд.

 

Баъди куштори Алии Хоманаӣ, кӣ ҷойгузини ӯ мешавад?

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, Муҳсини Эжаӣ, раиси Қувваи қазоия (Додгоҳи олӣ) ва яке аз фақеҳони Шӯрои нигаҳбони Эрон идораи давраии интиқолии ҳукумати Эронро пас аз куштори Алии Хоманаӣ бар ӯҳда хоҳанд дошт.

Дар ин бора хабаргузории давлатии Эрон – “ИРНА” бо такя ба Муҳаммад Мухбир, узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом (аз ниҳодҳои аслии Эрон аст, ки муҳимтарин масъулияти он ҳалли ихтилоф миёни Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва Шӯрои нигаҳбон аст) хабар додааст.

Ба навиштаи манбаъ, дар асл (модда)-и 111-и Қонуни асосии ин кишвар омадааст, ки “дар сурати фавт ё канорагирӣ ё азл (аз вазифа гирифтан)-и раҳбар, Маҷлиси хабрагон (масъулияти таъин, аз кор гирифтан ва назорат бар раҳбари Эронро бар ӯҳда дорад) муваззафанд дар зудтарин вақт, раҳбари навро таъин ва муаррифӣ кунанд”.

Тибқи ин модда, то муаррифии раҳбар, “шӯрое мураккаб аз раиси ҷумҳур, раиси Қувваи қазоия ва яке аз фақеҳони Шӯрои нигаҳбон ба интихоби Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, ҳамаи вазифаҳои раҳбариро ба таври муваққат ба ӯҳда мегирад”.

Ба гуфтаи манбаъ, “агар дар ин давра яке аз онҳо бо ягон сабаб натавонад вазифаи худро иҷро кунад, фарди дигаре ба интихоби Маҷмаъ, бо ҳифзи аксарияти  фақеҳон, дар Шӯро ба ҷои ӯ мансуб мешавад”.

Акнун Эрон ва ҷаҳон интизор аст, ки ба ҷойи Хоманаӣ кӣ интихоб мешавад ва нигоҳи ӯ ба масоили имрӯзи Эрон ва робита бо кишварҳои ҷаҳон чӣ гуна хоҳад буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Нигаронии амиқ”-и Тоҷикистон аз “ташаннуҷи бесобиқаи вазъ дар Ховари Миёна”

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, як рӯз пас аз оғози ҳамалаи Амрикову Исроил ба Эрон, бо нашри изҳорот аз "ташаннуҷи бесобиқаи вазъ дар Ховари Миёна" нигаронии амиқ баён кард.

Изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон дар сомонаи ин ниҳод нашр шуд.

"Тоҷикистон бар он аст, ки ҳамаи ихтилофу баҳсҳо бояд тариқи музокирот дар чаҳорчуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳаллу фасл гарданд", – зикр шудааст дар он.

Ҳамчунин, дар изҳорот зикр мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар бар зарурати гирифтани иқдомҳои муассир ва таъхирнопазир ҷиҳати пешгирӣ аз вазъи фоҷеабор дар минтақа таъкид мекунад.

Бояд гуфт, ки ин аввалин баёнияи ВКХ-и Тоҷикистон дар робита ба оғози ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон аст, ки як рӯз пас аз оғози он интишор мешавад. Лаҳни ин иҳороти ВКХ-и Тоҷикистон бар муқоиса ба изҳороте, ки вақти “ҷанги 12-рӯза”-и Исроилу Амрико бо Эрон дар тобистони соли 2025 нашр кард, хеле нарм аст. Он замон Тоҷикистон аз аввалин кишварҳое буд, ки ҳамлаи Исроил ва мушакпартоии Амрико ба Эронро қотеъона маҳкум карда буд.

 

Тавсияи тарки Эрон ба шаҳрвандони Тоҷикистон

То ин лаҳза танҳо Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон, шоми дирӯз, 28-уми феврал, бо нашри як изҳорот дар саҳифа фейсбуки худ ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки Эронро “бо истифода аз имконоти дастрас тарк намоянд”.

Дар он изҳорот Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эронро “амалиёти низомӣ” хонда, ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Эрон тавсия дод, ки “оромиро нигоҳ доранд, ҳушёр ва бодиққат бошанд, пайваста иттилоот ва тавсияҳои расмии Сафорат ва мақомоти Эронро пайгирӣ намоянд, аз будубош дар наздикии иншооти ҳарбӣ ва давлатӣ худдорӣ кунанд, инчунин аз аксбардорӣ ва наворбардорӣ дар тамоми ҳудуди кишвар парҳез намоянд”.

Ҳамчунин, дар изҳороти Сафорат зикр шуда буд, ки он “фаъолияти худро дар низоми муқаррарӣ идома дода, омода аст барои мусоидат дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба хориҷшавии шаҳрвандон аз Эрон кумак расонад”.

Ва барои тамос ба шаҳрвандони кишвар дар Эрон рақамҳои зеринро гузошт:

+98 (021) 22 29 95 84
2. +98 (021) 22 83 46 50
3. +98 936 325 31 47
4. +98 910 451 98 15
5. +98 937 974 35 08
6. +98 930 433 42 34

Дар ҳамин ҳол, парвозҳо аз Тоҷикистон ба Эрон бекор шудаааст. 

Аз ҷумла як парвози ширкати "Вориш", ки мебоист  имрӯз аз Теҳрон ба Душанбе парвоз кунад, лағв шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз бахши ҳавонавардии кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод. 

Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз, 28-уми феврал, як ҳавопаймо, ки аз Душанбе ба самти Дубай парвоз мекард, дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ ва маҳдуд шудани фазои ҳавоии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз марзи Туркманистон аз роҳ баргашт ва тавассути Покистон дубора ба Душанбе омад.

Дар замони ҷанги “12-рӯза” миёни Эрону Исроил ҳам парвозҳо лағв шуда буд. Он замон шаҳрвандони кишвар, ки хоҳиши тарки Эрон доштанд, тавассути хоки Туркманистон ба Тоҷикистон омада буданд. Теъдоде ҳам тавассути кишвари Озарбойҷон тарки Эрон карда буданд.

 

Вокуниши кишварҳои минтақа

Пештар аз Тоҷикистон чанде аз кишварҳои дигари минтақа низ бо нашри изҳорот аз шидда ёфтани вазъ дар Ховари Миёна изҳори ташвиш карданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон. Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандононаш тавсия дод, ки Эронро тарк кунанд

ВКХ-и Қирғизистон бо нашри изҳорот аз шиддатёбии вазъ дар Ховари Миёна изҳори ташвиш кард ва аз ҷонибҳо даъват кард, ки амалиёти низомиро қатъ кунанд.

“Қирғизистон ҷонибдори ҳалли мусолиҳатомез ва гуфтугӯ аст”, – навишт ВКХ-и Қирғизистон.

ВКХ-и Ӯзбекистон зам бо ин мазмун изҳорот нашр кард. Қазоқистон то ин лаҳза танҳо барои сокинонаш барои тамос чанд рақами сафоратхона ва консулгариҳояш дар Эрону Исроил ва кишварҳои Ховари Миёнаро нашр кард.

Туркманистон то ҳол изҳороте нашр накардааст.

 

Вокуниши кишварҳои ҷаҳон

Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш шиддати низомӣ дар Ховари Миёнаро маҳкум кард ва гуфт, “истифодаи зӯр аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида ва Исроил бар зидди Эрон ва чораҳои интиқомии Эрон ба сулҳи байналмилалӣ халал мерасонад”.

Ӯ даъват кард, ки амалиёти ҷангӣ фавран қатъ карда шавад ва танишҳо коҳиш дода шаванд, зеро идомаи он “барои шаҳрвандон ва суботи минтақавӣ оқибатҳои ҷиддӣ хоҳад дошт ва хатари низои васеътари минтақавиро афзоиш медиҳад”.

Гутерриш қайд кард, ки ҳамаи кишварҳои узв бояд ӯҳдадориҳои худро тибқи Оинномаи СММ ва қонунҳои байналмилалӣ эҳтиром кунанд. Оинномаи СММ ба таври возеҳ "таҳдид ё истифодаи зӯр нисбат ба тамомияти арзӣ ё истиқлолияти сиёсии ягон давлат"-ро манъ мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
НАВШУДА: Трамп оғози "амалиёти размӣ"-и Амрико алайҳи Эронро тасдиқ кард

ВКХ-и Русия ҳамла ба Эронро “як амали таҷовузкоронаи мусаллаҳонаи пешакӣ тарҳрезишуда ва беасос алайҳи як давлати узви соҳибихтиёр ва мустақили СММ, бо вайрон кардани принсипҳо ва меъёрҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ” номид.

Ин кишвар умед ба он баст, ки ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла роҳбарияти СММ ва МАГАТЭ фавран ба ин амалҳои бемасъулиятона, ки ба халалдор кардани сулҳ, субот ва амният дар Ховари Миёна нигаронида шудаанд, баҳои холисона ва бечунучаро диҳанд.

Ҳамчунин, Русия ба хатар ва паёмади ин ҳамлаҳо ишора карда, хостори “фавран ба роҳи ҳалли сиёсӣ ва дипломатӣ” баргаштани ҷонибҳо шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Чин бо нигаронӣ аз ҳамлаҳо ба “зарурати эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ, амният ва якпорчагии қаламрави Эрон” ишора кард.

Пекин инчунин даъват кард, ки аз афзоиши минбаъдаи танишҳо пешгирӣ шавад ва муколама идома ёбад.

Миср ҳам аз шиддати вазъ ва хатари он ба минтақа нигаронӣ кард. Урдун, ки дар қаламраваш пойгоҳи низомии Амрико мустақар аст ва Исроил аз фазояш барои ҳамла ба Эрон истифода мекунад, изҳор дошт, ки ҷониби низоъ нест.

Кирварҳои арабии Халиҷи Форс, ки дар аксари онҳо пойгоҳҳои низомии Амрико мустақар аст ва мавриди ҳамлаи ҷавобии Эрон қарор гирифтанд, ба Теҳрон ҳушдор доданд, ки ҳамла ба хокашонро қатъ кунад.

Раисҷумҳури Фаронса Эммануел Макрон гуфт, ки Амрико ва Исроил аз ҳамлаҳояшон ба Эрон аз қабл хабар надода буданд ва баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ даъват кард.

Кир Стармер, сарвазири Британияи Кабир гуфт, ки кишвараш дар ин ҳамлаҳо иштирок надорад.

Ёдовар мешавем, ки ҷанги нав дар Ховари миёна субҳи дирӯз бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дертар артиши Эрон ҳам дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ ҳамла кард.

Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳороти худ ошкор иброз доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Эрон посух дод, ки ба ҳар гуна таҷовуз сазовор ва қотеъ посух хоҳад гуфт.

То ин лаҳза Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва чанд мақомдори воломақоми ин кишвар кушта шудааст.

Ҳоло вазъ печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 марти соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи кӯдаконаи “Рӯбоҳаки ҳиллагар” рӯи саҳна гузошта мешавад. Басаҳнагузоранда Зафар Ҷаводов аст. Арзиши билет 25 сомонӣ буда, аз сомонаи ticketon метавон харидорӣ кард.

 

– Имрӯз соати 14:00 дар Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе намоиши “Ҳар чӣ кобӣ, ҳамонро ёбӣ” (“За чем пойдешь, то и найдешь”) ба саҳна гузошта мешавад. Намоиш бо роҳбарии Хуршед Мустафоев, дар жанрим мазҳака рӯйи саҳна омадааст. Арзиши чипта 35 сомонӣ аст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 1 МАРТ

Соли 1937 – Анҷумани VI-уми фавқулодаи Шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Конститутсияи нави ҶШС Тоҷикистонро тасдиқ кард, ки дар он тағйироти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии  ҷумҳурӣ инъикос ёфта буд.

Соли 1967 – Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино дар соҳаи илму техника таъсис ёфт.

Соли 2016 – Шабакаи телевизиони “Варзиш” ба фаъолият шурӯъ кард.

Соли 2016 – Шабакаи телевизионии “Синамо” ифтитоҳ гардид.

Соли 2016 –Академияи васоити ахбори умум ба фаъоляит оғоз кард.

Соли 2018 – Дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фаъолияти як гузаргоҳи роҳи оҳан ва ҳашт гузаргоҳи автомобилии сарҳадӣ, инчунин як посгоҳи марзӣ аз нав барқарор гардид.

Соли 2020 – Дар Тоҷикистон интихоботи Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон) баргузор шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1919 – Мавлуди Ёрмаҳмад Ашӯрмуҳаммадов, ҳунарпешаи театр ва намоишноманавис.

Ёрмаҳмад Ашӯрмуҳаммадов яке аз ҳунарпешагони шоистаи музофот буда, аз соли 1940 ба ҳайси ҳунарпеша ва баъдан солҳои зиёд ҳамчун директори Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ фаъолият кардааст. Баъдан солҳои 1976-1979 директори Осорхонаи кишваршиносӣ ва таърихии ВМКБ буд. Ҳунарпеша 7 августи 2004 дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.

Ашӯрмуҳаммадов дар саҳнаи театр як силсила нақшҳои драмавӣ, фоҷиавӣ ва романтикӣ офаридааст, аз ҷумла Сардор ва Қозӣ дар “Қишлоқи тилоӣ”, Ҷаллод дар “Достони Ҳофиз”, Таваккалхоҷа дар “Чинори гӯё”, Кнуров дар “Аруси беҷиҳоз”.

Ӯ ҳамчунин муаллифи песаҳо, композитсияҳои мусиқӣ ва як қатор барномаҳои консертӣ буда, асарҳои драмавии нависандагони хориҷиро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Соли 1948 – Зодрӯзи Баҳринисо Бобомуродова, шоираи тоҷик.

Соли 1950 – Зодрӯзи Абдуҷалол Салимов, ходими давлатӣ, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Соли 1950 – Мавлуди Аслиддин Низомов, мусиқишинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ.

Соли 1955 – Зодрӯзи Давлаталӣ Мирзоев, олим, доктори илмҳои байторӣ.

Соли 1958 – Зодрӯзи Амриддин Кабиров, сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Соли 1962 – Мавлуди Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Азим Иброҳим, ки имрӯз вазири нақлиёти Тоҷикистон аст, хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тошкентро бо ихтисоси муҳандиси маъдан-маркшейдер ва номзади илмҳои техникӣ, академики Академияи байналмиллалии ашёи минералии Маскав аст.

Солҳои 1995-2002 дар вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳо ва сипас ҳамчун муовини вазири саноати Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2004-2005 раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва солҳои 2005-2013 сардори Саридораи геология буд.

Баъдан аз соли 2013 то 2020 дар мансаби муовини сарвазири Тоҷикистон фаъолият намуд ва 31 августи соли 2020 вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин гардид.

Соли 1966 – Зодрӯзи Муҳаммадалӣ Азизӣ, доктори илмҳои педагогӣ.

Соли 1967 – Зодрӯзи Зулфиқори Азиз, овозхони саршиноси тоҷик ва яке аз таъсисдиҳандагони гурӯҳи мусиқии “Анис”.

Гурӯҳи «Анис» дар соли 1986 таъсис шуд ва панҷ бародар — Достони Азиз роҳбари гурӯҳ ва Қайсиддини Азиз, Вайсиддини Азиз, Абӯбакри Азиз ва Зулфиқори Азиз аъзои ин гурӯҳ буданд.

Зулфиқор Азизов, ки бо бародаронаш дар гурӯҳи овозадори “Анис” (дар ҳайати панҷ бародар) овозхонӣ мекард, дар нимаи дуввуми солҳои 80-ум аз машҳуртарин овозхонони мусиқии попи Тоҷикистон гардид.

Ӯ бо аввалин сурудҳояш – “Аз ёдат ман бирафтам”, “Баҳор асту ба тоқи хонаи ман”, “Манижа”, “Модар” ва “Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед” ба дили мардуми кишвар роҳ ёфт.

Зулфиқор машҳуртарин сарояндаи хонаводаи Азизовҳо буд. Овозхонони ҷавони мусиқии попи имрӯзи Тоҷикистон Остон Азизов ва Шаҳроми Абубакр низ аз хонаводаи Азизовҳо ҳастанд.

Мавсуф 6 майи соли 2010 дар 40-солагӣ дар шаҳри Душанбе бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт.

Соли 2021 – Фотима Ғуломова ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт.

Фотима Ғуломова ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистон буда, бештар аз 40 сол дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Симои ӯ тавассути “Бой ва ғулом”, “Шоҳ Лир”, “Рӯдакӣ”, “Рустам ва Суҳроб”, “Мо аз боми ҷаҳон” барин намоишномаҳои маъруфи театри тоҷик дар хотири ҳаводоронаш нақш бастааст.

Фотима Ғуломова модари Барзу Абдураззоқов, коргардони пуровозаи тоҷик ва ҳамсари нахустини Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони номошнои Тоҷикистон буд. Хоҳараш Соҷида Ғуломова коргардони маъруф ва бародараш Исфандиёр Ғуломов низ аз ҳунарпешаҳои шинохтаи театру синамои тоҷик мебошад.

Ӯ фаъолияти кориашро cоли 1960 дар Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин оғоз намуда, аз соли 1961 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият кард. Номбурда дар саҳнаи театр ва синамо зиёда аз 100 нақш офаридааст. Аз ҷумла, нақшҳои Хонзода дар “Бой ва хидматгор” Гонерил дар “Шоҳ Лир”, Гурдофарид дар “Рустам ва Сӯҳроб”, Нигина дар “Рӯдакӣ”, Бунафша дар “Духтари қишлоқӣ”, Клариче дар “Хизматгори ду хоҷа”, шоҳдухтар дар “Шоҳгавазн” ва ғайра.

Чеҳраи ӯ дар синамо низ ошно буда, дар филми “Овора”-и Далер Раҳматов нақши бибиро бозидааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 1 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ таҷлил мегардад.

Соли 1931 бо ташаббуси чанд давлат генерал Ҷорҷ Сен-Поли фаронсавӣ дар шаҳри Париж “Ассотсиатсияи минтақаҳои Женева”-ро таъсис дод, ки ҳадафи он эҷоди минтақаҳои амн дар тамоми ҷаҳон тавассути созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гуфта мешуд. Ҳадафи ин рӯз баланд бардоштани эътибори хадамоти дифои миллӣ дониста мешавад.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ситоишу хушгӯйӣ (комплимент) таҷлил мешавад.

Ин ҷашн бо ҳадафи болида гардонидани рӯҳияи одамон ва хотирмон сохтани як рӯзи одамон таъсис дода шудааст. Калимаи “комплимент” аз забони фаронсавӣ гирифта шуда, маънои таъриф, эътироф, таҳсин ва эҳтиромро дорад. Бархе чунин мепиндоранд, ки хушгӯӣ метавонад риёкорона бошад, вале то куҷо воқеӣ будани он аз ихлоси шахс вобаста аст.

Шурӯъ аз соли 2002 ҳамасола 1 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии масунияти бадан (иммунитет) ҷашн гирифта мешавад.

Ин ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ буда, ҳадафи он ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти паҳншавии бемориҳои гуногун ва дар маҷмӯъ нигоҳдорӣ ва тақвияти масунияти бадан мебошад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 1-3º сард, дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 12+14º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 1 ба 2-юми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.