Аз оғози моҳи Рамазон ва тағйири реҷаи “лимит”, то ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва марги Хоманаӣ

Asia-Plus

Моҳи феврал, ки изҳороти мансабдорони кишвар дар нишастҳои матбуотии солона идома карданд, бо таркиш ва ҳамлаҳои низомии Амрикову Исроил ба Эрон ва ҳамлаҳои ҷавобии Эрону кушта шудани роҳбари олии Эрон ва чанд фармондеҳи дигари ин кишвар поён ёфт. 

Фазои иттилоотии кишвар дар ин моҳ, ҳамчунин бо ҳаводиси дигари дохилу хориҷ, чун тағйири реҷаи “лимит”-и барқ, оғози моҳи Рамазон, ҷинояти мансабдорон ва амалиёти низомӣ пурранг буд.

Дар ин мавод мухтасар дар бораи муҳимтарин ҳаводиси моҳи феврал маълумот медиҳем.

 

Пешниҳоди муфтӣ: Идораи вақф таъсис шавад

Ду ҳафтаи аввали моҳи феврал нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои кишвар, ки моҳи январ оғоз шуда буд, идома карданд. 

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ё худ муфтии Тоҷикистон дар нишасти хабарии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим пешниҳод кард, ки дар кишвар Идораи вақф таъсис дода шавад, то корҳои хайриявии сокинонро ба танзим дароварад. Ба иттилои ин ниҳод, соли 2025 иттиҳодияҳои динӣ ба ятимону маъюбону камбизоатҳо ва зарардидагон аз офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод дар умум беш аз 11 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ёриҳои хайриявӣ кардаанд

 

 

Ҷинояти мансабдорон ва ниҳодҳои фасодзадатарин

Имсол дар нишастҳои матбуотӣ роҳбарони ниҳодҳои кишвар аз қонуншиканӣ ва ҷинояти баъзе мансабдорон иттилоъ доданд.

Аз ҷумла, дар Кумитаи дин ва танзими маросим гуфтанд, се мансабдор барои нақзи қонуни танзим ҷарима шудаанд. 

Муҳаммад Бобозода, сардори идораи замини шаҳри Исфара бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шуд ва ба гуфтаи раиси шаҳри Исфара, ҳоло нисбати ӯ тафтишот идома дорад.

Ширкатҳои барқрасони кишвар бошад мегӯянд, соли гузашта дар пайи ошкор шудани камбудҳо дар таъмини барқ ба аҳолӣ, 125 корманди шабакаҳои барқрасонӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаву аз кор ронда ва 400 тани дигар ҷарима шудаанд.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон низ гуфт, танҳо дар суратҳисоби як нозири барқ 9 млн сомонӣ пули истифодаи барқеро, ки аҳолӣ пардохтаанд, ошкор кардаанд.

 

 

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Ф. Файзализода, муовини комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки ҳамзамон сардори шуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ин минтақа буд, хабар дод, ки ба гирифтани пора барои озод кардани ду ҷавон аз хидмат гумонбар мешавад.

Додгоҳи шаҳри Конибодом бошад Баҳоваддин Баҳоваддинзода, муовини раиси ин шаҳрро, барои ба 22 кас ғайриқонунӣ тақсим кардани замини наздиҳавлигӣ 52 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима кардааст. Вале ӯ то ҳол дар вазифааш кор мекунад.

Додгоҳи шаҳри Исфара Фирдавс Абдурауфзода, роҳбари пешини дастгоҳи раиси ин шаҳрро барои қаллобӣ ва фиребу азхуд кардани беш аз 900 ҳазор сомонии сокинон, 52 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қариб 250 млн сомонӣ ришва танҳо дар БДА. Оҷонсии зиддифасод ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистонро гуфт

Ҳамчунин, соли 2025 дастикам 14 корманди Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд аз кор озод шудаанд

Самандари Қаландар, додраси пешини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳудуди 2 моҳ пеш бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон “барои содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз мансаб озод шуда буд, барои гирифтани пора чор сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Ҳамзамон, Оҷонсии зиддифасоди кишвар ниҳодҳои фасодзадатаринро барои соли 2025 эълон кард:

– Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (319, 3 млн сомонӣ);

– Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА)-и ВКД (248,4 млн сомонӣ);

– Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳо (18,3 млн сомонӣ);

– КВД “Обу корези Душанбе” (5,9 млн сомонӣ);

– Филиали “Маркази барқу гармидиҳӣ 2” (5,9 млн сомонӣ) аз ниҳодҳои фасодзадатарин будаанд. 

 

Мусодираи маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон

Cоли 2025 дар хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон 2 тоннаву 742 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки назар ба соли 2024-ум қариб 1 тонна бештар аст. Ба гуфтаи Зафар Самад, раҳбари Оҷонсии назорати маводи нашъаовар, аз ин, 2 тоннаву 566 килограм дар хатти сарҳад бо вилояти Хатлон ва 186 кг дар марз бо ВМКБ мусодира шудааст.

 

Бояд гуфт, дертар, 10-уми феврал дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як қочоқбар боздошт шуда, аз ӯ 46 баста маводи мухаддир мусодира шуд ва се ҳамроҳи ӯ ба самти Афғонистон фирор карданд.

 

Аз ҳабси Рухшона Ҳакимова як сол гузашт 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз ҳабси Рухшона Ҳакимова як сол гузашт. Фарзандонаш чӣ ҳол ва волидону вакили дифоаш чӣ тасмим доранд?

Рӯзи 5-уми феврал аз эълони ҳукми Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори тоҷик, ки соли 2025 бо ҳукми додгоҳ бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ба муддати 8 сол равонаи зиндон шуд, як сол гузашт. 

Хонаводаи Рухшона Ҳакимова имрӯз дар пойтахти кишвар чӣ ҳол доранд ва ду кӯдаки ноболиғаш чӣ гуна хумори дурии модар мешикананд, дар ин гузориши мо бинед.

Дар нишасти Ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳам гуфтанд, бо Рухшона ва дигар зиндониён мулоқот доштанд ва ӯ аз вазъи риояи ҳуқуқҳояш изҳори қаноат кардааст.

Ба иттилои мақомоти кишвар, ҳоло дар зиндони занонаи шаҳри Норак 471 зан, аз ҷумла ду зани ҳомила адои ҷазо мекунанд ва 11 кӯдаки то сесола ҳамроҳи модарашон нигоҳдорӣ мешаванд. 

 

“Starlink” дар Тоҷикистон 

“Интернети баландсуръати Starlink акнун дар Тоҷикистон дастрас аст”, – навиштааст ин ширкат дар Х. Ба иттилои Хадамоти алоқа, таҷҳизоти Starlink акнун дар сомонаи расмии ин ширкат сабтином карда мешавад. 

 

Афзоиши нархи об ва ҷарима барои ронандагон

Дар ин моҳ аз боло рафтани нархи оби нӯшокӣ, кашонидани партов ва дигар хидматрасониҳои коммуналӣ дар кишвар хабар дода, гуфтанд, барои аҳолӣ 15% ва барои корхонаҳо 30% гарон шудааст.

Тибқи қарори ҳукумати кишвар, акнун нархи 1 метри мукааби оби нӯшокӣ барои аҳолӣ (бо ҳисобкунак) 1 сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад. Қаблан, он 1 сомониву 30 дирам буд. Ин нархгузорӣ барои корхонаҳои буҷетиву худмаблағгузор тафовут дошта, таърифаҳо вобаста ба минтақаҳо низ фарқ мекунад.

Дар ин моҳ, баъди имзои раисҷумҳур ба Қонуни тағйирот ба “Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”, ҷаримаи ронандагон барои риоя накардани бархе қоидаҳои роҳу нақлиёт, аз ҷумла, итоат накардан ба чароғаки роҳнамо, зиёд кардани суръати ҳаракат ва набастани тасмаи бехатарӣ аз 2 то 4 баробар зиёд шуд. Барои вайрон кардани кадом қоидаҳои роҳу нақлиёт ҷаримаҳо зиёд шуданд, дар баргаҳои мо бубинед.

 

Парвандаи Қобилҷон

Як қатор роҳбарони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ аз вазъи тафтишоти парвандаи қатли Қобилон Алиев, фарзанди даҳсолаи тоҷик дар Русия маълумот доданд.

Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, намояндагии ин ниҳод дар Русия тафтишоти куштори Қобилҷонро назорат дорад ва аз ҷараёни он бохабар аст.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ гуфт, мақомоти Русия аз тафтишоти ин парванда ба мақомоти Тоҷикистон маълумоти расмӣ пешниҳод карда, итминон додаанд, ки масъала “зери назорати махсус қарор дорад”.

Дар идораи Вакоолатдори ҳуқуқи инсон низ гуфтанд, раванди таштишотро бо воситаи ҳамтоёни худ дар Русия назорат мекунанд.

 

Изҳороти “ҳангомаҷӯёна”

Мақомдорони тоҷик изҳороти Владимир Соловёв ва Александр Дугин – ду мубаллиғи русро алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз “ҳангомаҷӯёна” унвон доданд. Хайриддин Усмонзода, роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) дар Тоҷикистон гуфт, ки изҳороти онҳо мавқеи расмии Русия нест ва посух ба ин изҳорот дар ҳадди баробарсатҳ дода шуд. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ зимни нишасти хабарӣ онро “амбитсияҳои шахсии чеҳраҳои расонаӣ” ва “назарияҳои ҳангомаҷӯёнаи онҳо” номид.

 

Хабарҳои варзишӣ

Рӯйхати ниҳоии довталабон барои баргузории Ҷоми футболи Осиё-2031 низ маълум шуд. Тоҷикистон ҳамроҳи Ӯзбекистону Қирғизистон довталаби баргузории ин мусобиқа дар соли 2031 гардид.

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавони тоҷик дар мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург”-и Порис 2026 (Paris Grand Slam 2026) соҳиби медали биринҷӣ ва ҷоизаи “Ситораи дар ҳоли тулӯъ” шуд. Ин аввалин медал дар таърихи ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург”-и Порис мебошад.

 

Рустам Ятимов, мувофиқи радабандии нави арзиши футболбозон дар зинаи шашуми гаронарзиштарин дарвозабонҳои қораи Осиё қарор гирифта, бо арзиши 1,80 млн евро гаронтарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ шуд.

Рӯзи 27-уми феврал бошад, дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тошканд (Tashkent Grand Slam 2026) оғоз шуда, то 1-уми март идома мекунад ва Тоҷикистонро 17 ҷудокор (13 мард ва 4 зан) намояндагӣ мекунад. Абдуллои Ориф, ҷудокори ҷавони тоҷик дар ин мусобиқа медали тилло ба даст овард. 

Бояд гуфт, дар ин моҳ бо дастури раисҷумҳур, ба 67 варзишгар аз рӯйи 8 намуди варзиш вобаста ба натиҷаи варзишӣ то 150 ҳазор сомонӣ ҷоизаҳо тақдим шуданд.

 

“Қанди порсӣ” ба Нигина Амонқулова

Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик барои талошҳояш дар роҳи посдорӣ ва густариши забони порсӣ барандаи ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” шуд ва ҷоиза рӯзи 15-уми феврал дар ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон дар Донишгоҳи Вестминистери Бритониё ба ӯ тақдим шуд. Соле пеш ин ҷоиза аз Тоҷикистон насиби Гулрухсори Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон шуда буд.

 

Тақдири тоҷикони бурунмарзӣ

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷасади зани 36-солае, ки дар Амрико дар пайи садама ҷон бохт, имшаб ба Тоҷикистон меоранд

Рӯзи 6-уми феврал як зани 36-солаи тоҷик дар пайи садама дар Амрико ҷон бохта, се фарзанди ноболиғи ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд. Ӯро шаби 18-уми феврал ба Тоҷикистон оварда, рӯзи 19-уми феврал ба хок супориданд. 

Ин моҳ тани беҷони боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина ва ватан оварданд. Ӯ Кароматулло Одинаеви 26-сола буда, чанд сол пеш ба Русия барои кор рафта буд ва ахиран дар ҷанги ин кишвар дар Украина кушта шудааст.

Ахиран, бар асари як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Қазон – Оренбург рӯзи 21-уми феврал, се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид. Аз фавтидагон Шерзод Сабуров, сокини 22-солаи ноҳияи Деваштич, Комрон Давлатмадзода, сокини 20- солаи ноҳияи Муъминобод ва Муҳандис Ҷонов, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод ном мебаранд.

 

Тоҷикон дар кишварҳои ҷангзада

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондаанд ва то имрӯз 406 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишварҳо ба ватан баргардонида шудаанд.

 

Дар нишасти матбуотии Ваколатдори ҳуқуқи инсон гуфтанд, ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан 250-300 зану кӯдаки тоҷик боқӣ мондаанд ва ба далели ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Сурия, раванди баргардонидани занону кӯдакони тоҷикро қатъ кардааст ва ҳоло тақдири онҳо номуайян боқӣ мемонад.

 

Нигаронии 5 мансабдори тоҷик аз қаллобии хонасозон

Дар нишастҳои матбуотии оғози соли 2026 дар панҷ ниҳоди Тоҷикистон ба қаллобӣ даст задани биносозон ва миёнаравҳои онҳо мавриди баҳс қарор гирифт, ки мансабдори тоҷик мушкилотро эътироф, баъзе ҷузъиётро ифшо ва ду роҳҳал пешниҳод карданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар рӯзи 12-уми феврал гуфт, соли 2025-ум 112 ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби биносозон ва ё миёнаравҳои онҳо барои хариду фурӯши хонаҳо ба қайд гирифта шудааст.

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам мушкилии мазкур аз сӯйи рӯзноманигорон матраҳ шуд ва роҳбари ин ниҳод ҳам онро эътироф карда, гуфт, дар натиҷаи санҷишҳо танҳо ниҳоди зери роҳбариаш 308 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 37 парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. 

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон бошад, рӯзи 12-уми феврал парвандаҳои алайҳи ширкатҳои сохтмонӣ ва шаҳрвандонро ҳам мавзӯи мавриди таваҷҷӯҳ номид.

Баҳси фурӯши як хона ба чанд кас ва сохтани ошёнаҳои берун аз нақша рӯзи 5-уми феврал дар нишасти хабарии шаҳрдории Душанбе ҳам матраҳ шуд.

 

“Барқи тоҷик ба ваъдааш вафо кард”

Имсол дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон 19-уми феврал оғоз шуд ва сокинон то 20-уми март рӯза мегиранд.

Шурӯъ аз ин рӯз аҳолии Тоҷикистон, мувофиқи ваъдаи “Барқи тоҷик” 17 соат бо барқ таъмин мебошанд. Дар пурсише, ки “Азия-Плюс” байни корбарон гузаронид, сокинон гуфтаанд, бештар аз оне, ки ваъда шуда буд, бо барқ таъмин ҳастанд. Эҳтимол аст, ки бо назардошти вазъи ҳаво, баъди моҳи Рамазон “лимит” бардошта шавад.

 

Кӯмак ба Ғазза

Моҳи феврал беш аз 2,5 миллион сомонӣ, ки мардуми Тоҷикистон барои кумак ба сокинони Ғазза ҷамъ оварда буданд, дар шакли ғизо, либосу пойафзол, кӯрпа ва дигар маводи зарурӣ ба Ғазза расонида шудааст. Кумакҳо аз 1500 сабади ғизоӣ, 1500 кӯрпа, 300 ҷойхоб (матрас), 800 қуттии либос ва пойафзол, 490 печи рӯйпӯши обногузар иборат буданд. Ёрии Тоҷикистон шоми 8-уми феврал дар 6 мошин тариқи гузаргоҳи Рафаҳ дар марзи Мисру Фаластин бо иштироки сафири Тоҷикистон дар Миср ва намояндагони муассисаҳои хайриявии Тоҷикистон ба Ғазза интиқол дода шуд.

 

Ташиев ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон 10-уми феврал аз сӯйи Содир Жапаров, раисҷумҳури ин кишвар ба истеъфо фиристода ва ба ҷойи ӯ генерал-майор Ҷумгалбек Шабданбеков таъин шуд.

Содир Жапаров сабаби ин истеъфоро “манфиати давлат, бо мақсади пешгирӣ аз ҷудоӣ дар ҷомеа, аз ҷумла миёни ниҳодҳои давлатӣ ва баръакс, барои тақвияти ваҳдат” номид.

 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Санъат Асо ба нафақа гусел карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон боз киро аз вазифа озод ва ё ба мансаб таъин кард?

Санъат Асо ба нафақа рафт

Рӯзи 25-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қарору фармон дар вазоратҳои адлияву фарҳанг, додситониву амният, Оҷонсии зиддифасод, Палатаи ҳисоб ва дигар мақомоти назди ҳукумат тағйироти кадрӣ анҷом дод. Аз ҷумла, Санъат Асо, яке аз мансабдорони шинохта ба нафақа гусел шуд. Боз кӣ аз вазифа барканор шуда, кӣ ба курсӣ нишаст, дар ин пайванд хонед.

 

Имзои фармони хидмати ҳарбӣ

Ахиран, рӯзи 28-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба артишро имзо кард. Бар асоси он, ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) аз 1-уми апрел то 31-уми май дар ин давра ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд.

 

 

Оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон ва куштори Алии Хоманаӣ

Охири моҳи феврал ҳамлаҳои навбатии Амрикову Исроил ба Эрон ҷаҳонро такон дод. Ҷанги нав дар Ховари Миёна субҳи рӯзи 28-уми феврал бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дертар артиши Эрон ҳам дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ ҳамла кард.

Дар ин ҳамлаҳо Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 28 феврал кушта шуд. Дар пайи кушта шудани ӯ дар Эрон 40 рӯз мотам ва 7 рӯз таътили умумӣ эълон шуд. 

 

Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳороти худ ошкор иброз доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Эрон посух дод, ки ба ҳар гуна таҷовуз сазовор ва қотеъ посух хоҳад гуфт.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки музокироти ҳастаии Эрон ва Амрико ҳанӯз идома дошт ва ду даври он – рӯзҳои 6-ум ва 26-уми феврал баргузор шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.