Чаро фармони даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон имсол дар моҳи феврал содир шуд?

Имсол фармони даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби президенти кишвар 19 феврали соли ҷорӣ содир шуд, ки қариб як моҳ пеш аз вақти маъмулӣ аст. Дар байни шаҳрвандон доир ба ин масъала суолҳо ба миён омаданд, зеро солҳои пешин чунин фармонҳо дар моҳи март, яъне наздик ба оғози маъракаи даъват (1 […]

Имсол фармони даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби президенти кишвар 19 феврали соли ҷорӣ содир шуд, ки қариб як моҳ пеш аз вақти маъмулӣ аст. Дар байни шаҳрвандон доир ба ин масъала суолҳо ба миён омаданд, зеро солҳои пешин чунин фармонҳо дар моҳи март, яъне наздик ба оғози маъракаи даъват (1 апрел) содир мегардиданд.

Барои гирифтани шарҳ ҳафтаномаи «Азия-Плюс» кӯшиш намуд бо маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тамос гирад, аммо онҳо ба зангҳо посух надоданд. Мо барои тавзеҳ ба ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, роҳбари «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» Дилрабо Самадова муроҷиат кардем.

Қонун чӣ мегӯяд?

Ба гуфтаи Дилрабо Самадорва, мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон фармон дар бораи даъват бояд на камтар аз як моҳ то оғози маъракаи даъват содир шавад.

“Содир шудани фармон як моҳ пеш то даъват раванди дуруст ва қонунӣ аст, ки ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ аст. Ин моҳ барои омодасозии кори комиссияҳои даъват, аз ҷумла ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо, санҷиши рӯйхати даъватшавандагон, ҷалби кормандони тиббӣ, инчунин тайёр кардани бино ва ҳуҷҷатҳо лозим аст”, – шарҳ дод ӯ.

Хавф ва ва қонуншиканиҳо ҳангоми даъвати пеш аз муҳлат

Аммо, ба гуфтаи Дилрабо Самадова, барвақт оғоз шудани омодагиҳо метавонад ба пайдо шудани дигар мушкилиҳо боис гардад. Корҳои омодагӣ, ки бояд танҳо як моҳ идома ёбанд, аксар вақт ба маъракаи пурраи даъват табдил меёбанд, ки ин қонуншиканӣ ба ҳисоб меравад.

«Қонунгузорӣ талаб мекунад, ки дар ин давра танҳо санҷиши ҳуҷҷатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо даъватшавандагон анҷом дода шаванд. Аммо дар амал омодагӣ аксар вақт ба фаъолияти пурраи комиссияҳои даъватӣ табдил меёбад. Ба ҷавонон даъватномаҳо тақдим карда шуда, бо онҳо суҳбатҳо мегузаронанд ва аз онҳо талаб мекунанд, ки аз ташхиси тиббӣ гузаранд – ин ҳама набояд пеш аз оғози расмии даъват сурат гирад», – тавзеҳ дод ҳуқуқшинос.

Тавре ки ҳомии ҳуқуқ зикр мекунад, дар соли 2021 қонуни нав қабул гардид, ки тибқи он, корҳои омодагӣ на бештар аз як моҳ пеш аз оғози расмии даъват оғоз шуда метавонанд. Аммо, ба гуфтаи Дилрабо Самадова, ин корҳои омодагӣ дар бисёр мавридҳо танҳо баҳонае барои оғози маъракаи пурраи даъват мешаванд.

«Қонун иҷозат медиҳад, ки кори комиссияҳои даъватӣ як моҳ пеш аз оғози расмии даъват шурӯъ шавад, вале танҳо бо мақсади омодагӣ: санҷиши ҳуҷҷатҳо, кумак ба даъватшавандагон дар ҷамъоварии ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ. Аммо дар солҳои охир қариб дар ҳама ноҳияҳо омодагӣ ба маъракаи пурраи даъват табдил меёбад, ки ин қонуншиканӣ мебошад», – изҳор дошт ӯ.

Мушкилот бо мақомоти маҳаллӣ ва фишор ба волидон

Илова бар ин, мақомоти маҳаллӣ оид ба оғози омодагӣ ба даъват на ҳамеша фармонҳои расмӣ содир мекунанд, ки ин вазъи номуайяниро ба вуҷуд оварда, назорати равандро мушкил мегардонад. Дар амал комиссияҳои даъватӣ фаъолияти худро ду-се моҳ пеш аз оғози расмии даъват шурӯъ мекунанд. Ҳатто ҳолатҳое сабт шудаанд, ки даъватномаҳо барои даъвати тирамоҳӣ ҳанӯз дар нимаи сол тақдим мешуданд, ки ин комилан хилофи қонун мебошад.

«Комиссияҳои даъватӣ қабл аз содир шудани фармони расмии президент даъватномаҳо тақдим мекунанд, даъватшавандагонро ба комиссия даъват намуда, онҳоро ба гузаштан аз ташхиси тиббӣ маҷбур мекунанд, ҳарчанд ин ҳама ғайриқонунӣ аст», – илова кард ӯ.

Ғайр аз ин, комиссияҳои даъватӣ ба волидони даъватшавандагон фишор меоранд ва онҳоро бо ҷавобгарии ҷиноӣ ё маъмурӣ таҳдид мекунанд ва мегӯянд, ки  онҳо бояд «писаронашонро аз таҳсил ё муҳоҷирати корӣ аз Русия баргардонанд».

«Даъватшавандагон шикоят мекунанд, ки даъват ҳанӯз оғоз нашудаву фармони президент ҳанӯз имзо нашудааст, аммо ба онҳо гуфта мешавад, ки акнун даъват тамоми сол идома хоҳад кард. Ҳатто дар фурудгоҳ онҳоро пешвоз гирифта, даъватнома медиҳанд, ба хонаҳояшон мераванд, бо волидонашон суҳбат мекунанд ва ба онҳо фишор меоранд», – изҳор дошт Дилрабо Самадова.

Аз ин рӯ, ҳарчанд содир гардидани фармони президент дар бораи даъват як моҳ пеш аз оғози расмии маъракаи даъват талаботи қонун бошад ҳам, вазъияти воқеӣ, ки дар он омодагиҳо ба маъракаи комил табдил меёбанд, ба қонуншиканиҳои зиёд ва мушкилоти шаҳрвандон боис мегардад.

«Ин мушкилот таваҷҷуҳи иловагӣ ва ислоҳоти заруриро барои пешгирӣ аз қонуншиканиҳо талаб мекунад», – чунин мешуморад ҳомии ҳуқуқ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...